Сер Бернор Ҳугенҳов раиси пулиси Британия дар суханоне дар иҷлоси амнияти миллӣ дар Лондон гуфтааст, ки ҳар ҳафта ҳадди ақал 5 бритониёӣ барои пайвастан ба ДИИШ ба Ироқ ва Сурия мераванд. Ба гузориши “Ройтерз” ин мақоми баландпоя хатари ДИИШ – ро ҷиддӣ унвон карда таъкид кардааст, ки раванди пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳ дар ҳоли афзоиш аст.
Ӯ таъкид намудааст, ки шояд ин адад зиёд ба назар нарасад, вале бо таваҷҷӯҳ ба инки ҳар сол 50 ҳафта аст, солона теъдоди онҳо ба 250 нафар мерасад ва ин ду баробари шуморае аст, ки мо гумон мекунем узви ДИИШ ҳастанд.
Ба гуфтаи раиси пулис теъдоди касоне, ки аз ин кишвар бо ДИИШ пайвастаанду ҳамроҳи ин гурӯҳ меҷанганд 500 нафар мебошад, ки қисмате аз онҳо баргаштаанд, вале як қисми дигае низ ҳастанд, ки қасд доранд дар рӯзҳои баъд ба ДИИШ бипайванданд. Баргашти ҷангҷуёни ботаҷриба ба кишвар хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи мо мебошад, таъкид кардааст ӯ.
Ба ақидаи ин мақом хатари террурисм дар Британия ҷиддитар шудааст ва суръати он ҳам бештар гаштааст.
Паёмадҳои ин раванд ба мусалмонони Аврупо низ бетаъсир нахоҳад буд. Агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад ва ин гурӯҳҳо дар дохили Англя ва дигар кишварҳои аврупоӣ даст ба амалиётҳои террористӣ бизананд, вазъият барои аксарияти мусалмонон бадтар хоҳад шуд.
Бинобарин метавон гӯфт, ки ин раванд шояд барои бархе кишварҳое, ки аз раванди густариши Ислом нигарон ҳастанд, хушоянд бошад. Яъне ин гурӯҳ огоҳона ё ноогоҳона дар чорчубаи манофеъ ва барномаҳои дигарон кор мекунанд.
Ба назар мерасад худи ҳамин гузориш аллакай мушкилоти мусалмонони бритониёиро бештар кардааст. Зеро ин суханон боиси исломҳаросӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд ва пеши роҳи наздикшавии дигарон ба мусалмононро хоҳанд гирифт.
Аз тарафи дигар сиёсатҳои нодурусти абарқудратҳо дар ҳимоят аз диктаторҳо дар ҷомеаҳои исломӣ низ боиси руй овардани ҷавонон ба ин гурӯҳ мебошад. Аз тарафи дигар диктаторҳои ҷомеаҳои исломӣ тамоми беадолатии худро ба номи дунявият ба диндорон таҳмил мекунанд ва ин кор сабаби эҷоди нафрат нисбат ба низоми дунявӣ гаштааст. Чунин нигариш дар дарозмуддат метавонад бархурдҳои бештарро ба вуҷуд биёрад ва ҷои гуфтугӯ ва муколамаи солимро даъво ва хархашаҳои идеологӣ бигирад.