Ҳафтаи ҳиҷоб дар Амрико

Муҳибуллоҳи Қурбон

nahzat.tj

Ё чаро донишҷӯёни ғайримусалмон ҳиҷоб пӯшиданд?

Ана, ҳамин тавр донишҷӯи ғайримусалмони амрикоӣ, Ханна Фоли, як ҳафта дар дарсу хиёбонҳо бо ҳиҷоб буд…

Ҳафтаи гузашта дар яке аз донишгоҳҳо чор нафар донишҷӯёни ҳиҷобпӯшро барои риоя накардани тартиботи дохилӣ ва дар дарс нагирифтани ҳиҷоб аз донишгоҳ хориҷ карданд.

Рӯзи дигари ин воқеа барои ҷонибдорӣ ва дастгирии он донишҷӯёни рондашуда зиёда аз сад нафар духтарон бо ҳиҷоб ба дарс омадаанд ва онҳоро низ берун карданд…

Бале, хонандаи гиромӣ, он чӣ ҳозир мутолиа кардед, хаёлоте беш нест, вале ин хаёлот пас аз мутолиаи хабари зер дар бораи гузаронидани «Ҳафтаи ҳиҷоб» дар Донишгоҳи марказии Мичигани ИМА ба сарам омад.

Дар донишгоҳи номбурда духтарони ғайримусалмони факултаҳои фалсафа ва дин бо ташаббуси худ як ҳафта ҳиҷоб пӯшиданд.

Ҳадаф аз чунин ташаббус дар он будааст, ки он донишҷӯён мехостанд бидонанд, ки ҳамдарсҳои мусалмони сатрдор дар ҷомеа ба чи мушкилиҳо рӯбарӯянд. Духтарон на танҳо ҳиҷоб ба бар карданд, балки дар тӯли ҳафта дигар талаботи шариат, аз ҷумла, манъи истеъмоли шаробро риоя кардаанд.

Мувофиқи гуфтаи донишҷӯёни амрикоӣ, «Ҳафтаи ҳиҷоб» барои дурусттар фаҳмидани мушкилиҳои мусалмондухтарони ҳиҷобпӯш дар Амрико мадад расонид, зеро онҳо проблемаҳои онҳоро аз дарун диданд.

Мо мехостем, таъкид кунем, ки ҳиҷоб ин интихоби озоди мусалмондухтаронест, ки дар Амрико зиндагӣ мекунанд, мегӯяд танзимгари «Ҳафтаи ҳиҷоб» Аманда Ятсовски.

Донишҷӯёни мусалмон аз ин ташаббуси ҳамдарсҳояшон хеле хурсанд шуданд, ки акнун дугонаҳояшон дар бораи ислом, ҳиҷоб ва проблемаҳои он беҳтар ва зиёдтар медонанд.

«Ҳафтаи ҳиҷоб» соли дувум аст, дар ин донишгоҳ мегузаронанд. Ва мақсад аз ташкили чунин ҳафтаҳои фарҳангӣ ин беҳтар донистани дини Ислом будааст.

P. S. Вақте ин мақоларо ба чоп омода мекардам, хабари дигаре дар бораи ҳиҷоб рӯи пардаи компутер баромад.

Собиқ маликаи Африқои Ҷанубӣ хонум Лина Массин дар ҳузури 450 донишҷӯи Донишгоҳи исломии Ғаззаи Фаластин калимаи шаҳодатро ҷорӣ кард ва Исломро пазируфт.

Вақте хонум Лина калимаи шаҳодатро талаффуз мекард, аз чашмонаш ашки шодӣ мерехт.

Дар ҳайратам, ки чаро ин хонуми африқоӣ бо ихтиёри худ ба Ислом мегаравад ва бо ихтиёри худ ҳиҷоб мепӯшад, вале дар ватани мусалмонони ман акси ин сиёсатро мушоҳида мекунем ва баъзе мансабдорони ҳукумати мо ҳиҷобдорро на дар идораҳои давлатӣ дидан мехоҳанд ва на дар донишгоҳҳо. Вақте тоифае аз мансабдорони мо духтарони босатрро бинанд, гӯё, барқашон мезанад…

Чаро?

More From Author

You May Also Like