Categories БА СУИ НУР

Ҳаётатро дар сӣ рӯз тағйир бидеҳ!!! (қоидаи чаҳорум)

Баъзан дар зиндагӣ вақтҳоеро паси сар мекунем, ки фикр мекунем, он ниҳояти ҳаёти мо аст, вале баъди андак муддат маълум мешавад, ки баръакс ин вақтҳо оғози зиндагии беҳтар аст.

Инчунин дар ҳаёти худ бо даромадгоҳҳое рӯ ба рӯ мегардем ва фикр мекунем, ки ҳамаи он ба рӯйи мо баста аст, аммо баъди андак муддат кашф мегардад, ки баръакс дарҳои баста бароямон даромадгоҳи асосӣ аст.”

Оё дар зиндагӣ чунин соатеро аз сар гузаронидаӣ, ки дар он ҳама чизро аз даст дода бошӣ ва чунин эҳсос намоӣ, ки ин лаҳзаҳо ниҳояти кори ту аст ва худат ба худат бовар карда натавонӣ, инчунин ба ин ҳолате, ки болои сарат омадааст, бовар накунӣ, гӯиё аз хоб бедор шуда бошӣ ва худатро дар як ҳолати аҷибу ғариб пайдо кунӣ? Оё пеш аз ин ё рӯзе аз рӯзҳои ҳаётат эҳсос намудаӣ, ки тамоми дарҳо ба рӯят баста аст, лекин баъдан кашф намудӣ, ки даромадгоҳи ҳақиқӣ ба сӯйи хушбахтӣ ва пайдо гаштани мувозинат дар зиндагиат ҳамин даромадгоҳ мебошад?

Дар воқеъ ҳар инсон дар зиндагии худ бо муборизаҳо ва душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштааст, ки боре дар бораи он фикр намекард ва ҳатто дар гӯшаи хотираш ҳам намегузашт, ки ҳатман рӯзе дар зиндагӣ бо чунин душвориҳо дасту панҷа нарм мекунад. Гоҳо ба чунин хулоса меояд, ки ин ҳама сахтиҳо анҷоми кори ӯст, лекин бо гузашти замон маълум мегардад, ки ин мушкилот анҷоми кораш набуда, балки баръакс он оғози роҳи беҳтаре дар зиндагиаш будааст.

Соли 1990 ба ҷазираи Куняи вилояти Гавайи Амрико барои омӯзиши тарзи гипнози клиникӣ (болинӣ) рафта будам. Дар ин ҷазира бо хонуме бо номи Кетӣ, ки тақрибан шаст сол умр дошт, шинос шудам. Ин хонум соҳиби ҳамон меҳмонхонае буд, ки ман дар муддати истиқоматам дар ин ҷазира онҷо ба сар мебурдам. Вай барои ман қиссаи комёбии худро дар зиндагӣ нақл намуд.

Вақте Кетӣ барои худ шавҳаре интихоб карда, бо вай ақди издивоҷ бастанд, тамоми ҳаёти худро фидои шавҳар ва хонааш карда буд. Аллоҳ таоло ба онҳо аз ин издивоҷ шаш фарзанд арзонӣ намуд. Шавҳару хонаву фарзандон дар ҳаёт барои Кетӣ тамоми чиз ва маънои зиндагӣ ба ҳисоб мерафт. Вале дере нагузашта дар ҳаёти Кетӣ ҳодисае ба вуқуъ пайваст, ки аслан тасаввур намекард ва ба зеҳнаш ҳам намегузашт…Шавҳараш дар асари садамаи нақлиёт аз олам чашм пӯшид!!! Кетӣ вақте ин хабарро шунид, бовар карда наметавонист ва ба ҳолате гирифтор гашт, ки гӯйё хоби даҳшатноке дида бошад. Дар ҳақиқат барои аз даст додани шавҳари азизаш хеле ранҷ мекашид.

Кетӣ рӯзе аз хона баромад ва дар соҳили баҳр худаш танҳо оҳиста-оҳиста қадам мезаду дар бораи тақдираш фикр карда, гиря мекард…Чаро чунин ҳодиса рух дод? Акнун ман чӣ кор мекунам? Дар ҳамин ҳолат бо яке аз наздикони шавҳари шодравонаш вохӯрд. Вай ба Кетӣ пешкаш кард, ки бояд дар фикри пайдо кардани коре бошад, то аз даромади он фарзандонашро нигоҳубин кунад.

Кетӣ ба вай гуфт, ман чӣ кор карда метавонам?! Дар бораи ягон кор таҷриба надорам! То имрӯз дар ҳеҷ кадом донишгоҳи олӣ нахондаам ва шаҳодатномаи олӣ ҳам надорам, илова ба ҳамаи ин синну солам ба ҷое расида аст. Кетӣ дар ҳолате, ки об дар чашмонаш ҳалқа мезад, бо таассуфи зиёд мегуфт: “Кӣ барои мисли ман зани солхӯрдае ҷойи кор медиҳад?!

Он мард ба Кетӣ гуфт, ки ман як дӯсте дорам ва ӯ соҳиби меҳмонхонаи калоне ҳаст. Бояд рафта бо вай мулоқот кунем. Дар ҳақиқат ҳам онҳо рафта бо соҳиби меҳмонхона вохӯрӣ намуданд. Соҳиби меҳмонхона аз Кетӣ пурсон шуд, ки оё дар бобати фаъолият кардан дар меҳмонхона ё ҳар хидмати дигаре ва ё дар бораи кадом коре набошад, таҷриба дорад? Кетӣ ба ҳамаи пурсишҳояш ҷавоби рад дод ва ошкор гуфт, ки дар ин бобат таҷриба надорад. Кетӣ фикр кард, ки бо ҳамин ҷавоби рад додан вохӯрии онҳо ба анҷом расид , вале марди соҳиби меҳмонхона аз Кетӣ пурсон шуд, ки дар тӯли ҳаётат бо чӣ кор машғул будӣ? Кетӣ гуфт, ҳамеша машғули нигоҳубини хонаву шавҳару фарзандонам будам. Ба муҷарради шунидани ин ҷавоб он мард аз Кетӣ пурсид, ки оё аз уҳдаи хидмат дар яке аз табақаҳои бинои меҳмонхона мебарояд? Кетӣ дар ҷавоб бале, гуфт. Соҳиби корхона Кетиро барои хидмат дар яке аз биноҳои меҳмонхона, ки аз шаш ошёна иборат буд, дар ибтидо бо маблағи миёна таъйин намуд, то бо ин восита барои худ таҷриба касб намояд.

Кетӣ аз чунин ранг гирифтани кор бовар надошт ва дар дилаш нисбати оянда орзӯ ва хушбинӣ ҷой гирифт. Вай аз ҳама пеш корашро шурӯъ мекард ва тамоми талоши худро барои корро ба таври аҳсан анҷом додан, сарф менамуд. Атрофиён ба ин садоқати вай дар кор нигоҳ карда, ӯро дӯст доштанд ва соҳиби меҳмонхона ҳам, ки дар ин муддат ҳамсарашро аз даст дода буду эҳсоси танҳоӣ мекард, бо фаъолиятҳои Кетӣ хеле хушҳол буд ва дигар танҳо монданашро ҳам ҳис намекард. Ӯ ба ин ҳама фаъолияти Кетӣ нигоҳ карда, масъулияти идораи як ошёнаро ба пуррагӣ дар ихтиёри вай гузошт ва ба маоши қаблӣ чанд фоизи калони дигар илова намуд.

Рӯзҳо сипарӣ мешуд, Кетӣ бо як ҷиддият ва эҳсоси масъулият кор мекард, ба фарзандонаш дар зиндагӣ ва омӯзишашон кӯмак мерасонид.

Рӯзе соҳиби меҳмонхона ба Кетӣ пешниҳоди аҷибу ғарибе кард, ки биё, дар нисфи меҳмонхона бо ман шарик шав! Кетӣ аз пешниҳод табассуме кард ва гуфт, ман ин пешниҳодатонро орзӯ мекунам, ки амалӣ шавад, вале он қадар моли бисёре надорам, ки қудрати харидани нисфи меҳмонхонаро дошта бошам. Он мард гуфт, ман медонам, ки Шумо қудрати харидани нисфи меҳмонхонаро надоред, вале нақшаи ман ин аст, ки биёед, ман Шуморо дар нисфи меҳмонхона шарик мекунам ва маблағи онро аз ҳиссаи маошатон андак-андак кам мекунем. Кетӣ ба ин пешниҳод фавран розӣ шуд ва минбаъд дар нисфи меҳмонхона шарик гардид.

Кетӣ ҳамоно бо ҷиддият кор мекард ва кам-кам фаъолияти меҳмонхона ҳам беҳтар мешуду даромадаш бештар мегашт. Бо гузашти вақт марди соҳиби меҳмонхона бемор гашт, дигар қудрати кор кардан надошт. Вай ба Кетӣ пешниҳод намуд, ки нисфи дигари меҳмонхонаро ҳам бихарад ва барои он мард танҳо як утоқашро боқӣ монад, ки ҳаёти боқимондаашро онҷо сипарӣ бикунад ва маблағи нисфи дувуми меҳмонхонаро монанди шартномаи қаблӣ аз маошаш кам-кам бисупорад. Кетӣ ба ин пешниҳод ҳам розӣ гашт ва вай баъд аз ин ҳам кори меҳмонхонаро пеш мебурд ва ҳам он мардро нигоҳубин мекард, то ин ки муҳлати аҷали мард фаро расид ва аз дунё дар гузашт.

Баъди даргузашти собиқ соҳиби меҳмонхона Кетӣ, ки як модари серфарзанд, бешавҳар, бетаҷриба ва фақир буд, соҳиби меҳмонхонаи кори калон ва зани соҳибкор гардид.

Он зане, ки бароям ин қиссаро мекард ва худ қаҳрамони он буд, ба ман нигоҳе кард, дар ҳолате, ки ман бо ҳама ҳушу гӯш ба суханонаш диққат медодам ва гуфт, писаракам, читавре дидӣ, мо гоҳо дар зиндагӣ бо душвориҳое рӯ ба рӯ мегардем, ки ҳама орзӯи худро аз даст медиҳем ва фикр мекунем, ки кори мо тамом шуд, вале баъдан бароямон кашф мегардад, ки баръакс ин ҳолатҳо оғози зиндагии мо аст. Гоҳо фикр мекунем, ки тамоми дарҳо ба рӯямон баста аст, аммо баъд маълум мегардад, ки баръакс даромадгоҳи асосии мо ҳамон дарҳо буда аст.

Мисоли дигар аз ҳаёти тифли амрикоӣ бо номи Рун Скаллион, ки гирифтори бемории фалаҷ буд ва ҳамеша гиря мекарду ба волидайнаш мегуфт: “Модарҷон, ҳаёти ман ба анҷом расида аст! Падарҷон, бароям аз чунин зиндагӣ мурдан беҳтар аст! Ман орзӯ доштам, ки дар риштаи “карате” қаҳрамон шавам, вале ҳама хостаҳоям барбод рафт…!!!

Падараш дар корхонаи роҳи оҳан ба ҳайси коргари оддӣ кор мекард ва модараш дар нонвойхонаи хурде машғули кор буд. Рун Скаллион писари ягонаи онҳо буд. Рӯзе падараш писари ягонаи худ, Рун Скаллионро бо худ гирифт ва ӯро ба тамошои мусобиқаи варзишии тарзи “Карате”, ки дар қитъаи Пенсилвания, воқеъ дар ИМА баргузор мегардид, бурд. Рун бо ин кори падараш ниҳоят хушҳол гашт, хушбахтиаш ҳадду канор надошт ва табассум чеҳраи хурдакаки ӯро пур карда буд.

Баъд аз ин ки мусобиқа ба итмом расид, ногаҳон падари Рун Скаллион дид, ки писараш бо ҷаноби Лезлӣ, ки яке аз қаҳрамонони ҷаҳон оид ба “Карате” ба ҳисоб мерафт ва инчунин соҳиби варзишгоҳи хос доир ба варзиши “Карате” буд, сӯҳбат карда истода аст.

Вақте Рун Скаллион бо ин устоди варзиш ҳамсӯҳбат гашт, эҳсос намуд, ки орзӯи деринааш аз нав бедор шуда истодааст. Вай аз ҷаноби Лезлӣ пурсон шуд, оё имкон дорад, ки ман бо ҳамин бемории фалаҷам ба варзиш машғул шавам? Лезлӣ аз шунидани ин савол табассуме кард ва гуфт: “Бале, ҳатман имконият дорад ва ҳатто ту метавонӣ, ки дар ин навъи варзиш қаҳрамони хеле калон бишавӣ!!!

Баъд аз шунидани ҳавасмандгардонии устоди варзиш вай дар аввал бо истифода аз курсие, ки болои он менишаст, дар ҳақиқат ҳам ба машқ шурӯъ намуд. Кораш то ҷое расид, ки номбурда дар ин навъи варзиш маҳорати хеле калон пайдо кард. Ногаҳон рӯзе устодаш, Лезлӣ ба вай хабари ғайри чашмдоштеро расонид ва гуфт, Рун, ман номатро дар рӯйхати варзишгароне, ки дар мусобиқаи қарибулвуқӯъ барои шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар Пенсилвания баргузор мегардад, сабт кардаам. Ин мусобиқа баъд аз як моҳ баргузор мешавад. Оё мехоҳӣ, ки дар мусобиқа ширкат намоӣ? Рун Скаллион бидуни ин ки фикр кунад, ҷавоби “бале” дод. Устод Лезлӣ ба машқ додани шогирдаш, Рун шурӯъ намуд ва то муддати баргузоршавии мусобиқа ӯро бо маҳоратҳои нав ва хеле фаъол омода мекард.

Дар рӯзи якуми мусобиқа Рун Скаллион аз худ чунон маҳорат нишон дод, ки тамошобинон ва ҳатто худаш ҳам бовар карда наметавонистанд ва вай рақиби худро мағлуб кард. Ҳама рӯза дар мусобиқа рақибонашро мағлуб мекард ва бо таҷрибаи нав дар зиндагӣ ба сар мебурд. Вай ин ҳамаро гӯиё дар олами хоб медида бошад, ки ногаҳон дар охир ба вай ҷойи аввалро миёни рақибонаш доданд ва Рун ғолиби мусобиқа эълон гардид.

Рӯзҳо сипарӣ мешуданд ва Рун Скаллион дар мусобиқаҳо ширкат мекард ва ҳамеша ҷойи якумро ишғол менамуд.

Дар охир Рун ба хулосае омад, ки бояд дар худи ҳамон варзишгоҳ паҳлӯи устодаш, Лезлӣ истода, ба шахсоне, ки монанди худаш имконияти маҳдуд доранд, машқ бидиҳад, то бо ин роҳ ба онҳо дар зиндагӣ даромадгоҳи умеду орзӯро боз намояд. Таҷриба оғоз гардид, Рун Скаллион дар ин роҳ муваффақиятҳои зиёдеро ба даст овард. Бо гузашти айём Рун яке аз қаҳрамонони ҷаҳон оид ба варзиши тарзи “Карате” гардид. Вай дар ИМА, Канада, Британия ва ғайра соҳиби садҳо варзишгоҳ гашт, ки ба эҳтиёҷмандон аз варзиши дар боло ёдшуда таълим медод.

Рун Скаллион рӯзе дар яке аз мусоҳибаҳои телевизионӣ ба тамошобинон гуфт: “Ман ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки он ҳама дарҳое, ки қаблан дар назарам баста буд, даромадгоҳи асосӣ барои комёбӣ ва хушбахтии ман буда аст!!!”

Акнун, бигузор, то аз ту бипурсам:

Ҳоли ту чӣ гуна аст? Оё ту ҳам эҳсос мекунӣ, ки бо чунин сахтиҳо ва муборизаҳо рӯ ба рӯ ҳастӣ?

Оё ту ҳам эҳсос мекунӣ, ки тамоми дарҳо дар рӯ ба рӯят баста аст ва ту танҳо мондаӣ, хеле рӯҳафтода шудаӣ ва тарсу ҳарос туро фаро гирифта аст?

Яқин дошта бош, ки вақте Аллоҳ таоло барои банда дареро мебандад, ҳатман дари дигареро, ки аз пештара беҳтар ва дилработар аст, мекушояд!

Вақте дар пеши рӯят даромадгоҳеро баста бубинӣ ва бароят маълум гардад, ки он даромадгоҳ дигар ба рӯят кушода намешавад, балки баръакс сабаби ранҷу азобат гашта аст, пас бидон, ки вақти тағйир додани роҳ ва даромадгоҳат фаро расида аст. Дар бораи ончи ба сарат омада аст, хуб андеша бикун, аз он барои худ таҷриба бигир, дар асоси ин таҷриба барои ояндаат нақша бирез, аз худи ҳозир ба фаъолият шурӯъ бикун, ба гузашта “салавот” бигӯ ва нигоҳ накун ва дониста бош, ки замони гузашта бо замони ҳол ва оянда баробар шуда наметавонад (яъне гузашта гузашт ва дигар пас намегардад. Аз мутарҷим). Инсон ҳаргиз ҳақиқатеро омӯхта наметавонад, магар баъд аз ин ки ҳама сахтиҳо ва муборизаҳоро паси сар намояд, зеро вай дар зиндагӣ бо услуби гуногун андеша мекунад, ки билохира ҳамин андешаҳои бисёр ва гуногун ӯро алайҳи сахтиҳои ҳаёт ғолиб мегардонад.

Агар бо тааммул ба атрофат назар андозӣ, ҳатман ба хулосае меойи, ки тамоми шахсони дар зиндагӣ муваффақ ва комёб душвориҳоеро паси сар карда, баъд ба ин фарохӣ ва комёбӣ расидаанд, вале муҳиммаш ин ки онҳо орзӯро аз даст надодаанд, балки бо ҷиддияти бештар ва навовариҳои зиёдтар фаъолияти худро идома додаанд ва ҳамеша аз ранҷу азоб барои рушд намудан ва тараққӣ кардан истифода бурдаанд.

Дар ин бобат ҳикмати арабие ба ин мазмун ҳаст:

Ранҷу азоб дар зиндагӣ рушду пешрафт ва камолро ба вуҷуд меоварад.”

Ҳамчунин дар адабиёти форсӣ аз мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар “Маснавии маънавӣ”-аш омада аст:

То нагиряд абр, кай хандад чаман,

То нагиряд тифл, кай ҷӯшад лабан?!

Агар дар зиндагӣ бо душворӣ ва муборизае рӯй дар рӯй гаштӣ, пас ба Аллоҳ таоло таваккал бикун, аз ҳама имконият истифода бибар ва яқин дошта бош, ки Худованд ҳамроҳи ту аст, ҳаргиз талош ва мукофотатро зоеъ намегардонад, зеро Ӯ (таоло) зоти карим ва бахшанда аст. Ба зудӣ дарк мекунӣ, он даромадгоҳе, ки дар назарат пӯшида менамуд, баръакс даромадгоҳи асосӣ барои зиндагии беҳтарат мебошад ва соатҳоеро, ки ту дар ҳаёт онро анҷоми зиндагӣ фикр мекардӣ, ҳатман онро оғози ҳақиқӣ ва зиндагии нав пайдо мекунӣ, оғози мувозинати ҳақиқӣ ва хушбатӣ дар ҳаёт!

Аз ин сабаб доим дар хотир дошта бош, ки шояд ҳамин лаҳзаҳое, ки умр ба сар мебарӣ, охирин лаҳзаҳои зиндагиат бошад, пас онро бо тамоми маъно паси сар намо. Барои ин ки зиндагиатро ба таври гуфтаи боло аз сар гузаронӣ, ин ҷумлаҳои зеринро дастуруламали худ бигардон:

Бо муҳаббати комил ба Худованд зиндагӣ бикун!

Бо ороста намудани худ ба ахлоқи Паёмбарон (с), саҳобагон, дӯстони Худо зиндагӣ бикун!

Бо маърифат ва мубориза бизӣ, бо фаъолият ва пойбандӣ ба шариат бизӣ, бо сабру шикебоӣ ва муҳаббат бизӣ ва ҳар сонияи ҳаётатро қадрдонӣ бикун!!!

(Аз китоби “Ҳаётатро дар сӣ рӯз тағйир бидеҳ”-и шодравон доктор Иброҳими Фиққӣ

Мутарҷим: Абдуллоҳ Оқилзода)

More From Author

You May Also Like