Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳороти намояндаи худ дар Хоруғро як навъ барномаи созмонёфтаи мақомот медонад, ки дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ мехоҳанд нуфуз ва обрӯи ин ҳизбро аз байн бубаранд.
Асрор Булбулов, раиси бахши хоруғии ҲНИТ шоми 5-уми август бо пахши як баёния, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ онро намоиш доданд, таъкид кардааст, ки ҲНИТ на фақат барои Бадахшон, балки барои кулли Тоҷикистон даркор нест ва манфиате барои мардуми Тоҷикистон надорад.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 6–уми август ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз шеваи пахши изҳороти намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва хабаргузории “Ховар” нашр шуд, маълум мешавад, ки мақомоти давлатӣ Асрор Булбуловро таҳти фишор қарор дода, ӯро водор кардаанд, ки зидди ҳизб ҳарф бизанад.
«ҲНИТ чунин меҳисобад, ки дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ аз ҳар роҳе истифода мекунанд, ки Ҳизби наҳзатро дар ҷомеа дар назди мардум беобрӯ кунанд, то натавонад дар корзори интихобот аз имконоти худ ҳамаҷониба истифода кунад.» Сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, ки Асрор Булбулов ҳанӯз ба таври расмӣ раиси бахши хоруғии ин ҳизб набуда, танҳо иҷрокунандаи ин вазифа мебошад.
Дар ҳамин ҳол сайти интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қавли Муслима Броимшоева, раҳбарии бахши вилоятии ин ҳизб дар Бадахшон навиштааст, ки вақтҳои ахир аз тарафи мақомоти амниятӣ фишор болои Асрор Булбулов зиёд гардида ва ҳатто ӯ гуфтааст, ки “маро ҳамтақдири Шерик Карамхудоев мекунанд.”
Аммо Асрор Булбулов дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, ки таҳти фишори ҳеҷ мақоми давлатӣ ва ё ҳеҷ ҷонибе изҳорот надодааст. Асрор Булбулов, ки рӯзи 6-уми август ба Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломӣ барои он дар Бадахшон зарурат надорад, ки дар ин минтақа ҳузури он чашмрас нест:
«Вале ман нагуфтаам, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон лозим нест. Ман танҳо аз номи Бадахшон гап мезанам ва ба ин мавқеъ ҳастам, ки на танҳо ҲНИТ, ҳизбҳои дигар низ дар Бадахшон лозим нестанд, зеро ҳизбҳо барои Бадахшон ва оромии он ва беҳбудии мардуми он ҳеҷ коре накардаанд ва иқдоме ҳам намекунанд.»
Оқои Булбулов афзуд, ки ба ҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон аз ҷумла ҲНИТ, ҲКТ, ҲСДТ ва ба ҳизбҳои дигар пешниҳод кардааст, ки бо президент Эмомалӣ Раҳмон вохӯранд ва барномаҳову ҳадафҳои худро дар робита ба оромӣ ва беҳбудии Тоҷикистон баррасӣ кунанд ва ба айбҷӯиҳо хотима диҳанд.
Булбулов мегӯяд, ки “дар ҳамоиши 40 солагии ҲНИТ ба Кабирӣ гуфтам, ки агар шеваи кори ҳизб ба ҳамин шакл дар Бадахшон идома кунанд, беҳтар аст онро бибанданд. Кабирӣ гуфт, ки агар дар ҳақиқат мардум инро бихоҳад, ман ҳизбро мебандам.»
Раиси бахши хоруғии ҲНИТ мегӯяд, «ҳоло Ҳизби халқӣ демократӣ ҳам ҳеҷ кор намекунад, ман аслан табиати демократӣ дорам, вале ҳузури онро дар Бадахшон намебинем. Вақте дар Хоруғ нооромиҳо сар шуданд, намояндаеро надидем ба ҷуз намояндаи ҲНИТ, ки аз Душанбе омада гуфтанд, ки на ба минтингҳо ва на ба гуруҳҳо ҳамроҳ нашаванд. Аслан мо тарафдори фаъолияти ягон ҳизб дар Бадахшон нестем.»
Дар ҳамин ҳол, Раёсати ҲНИТ тасмим гирифтааст, ки баъд аз Иди Фитр як ҳайати худро барои баррасии вазъ дар Бадахшон, ба Хоруғ фиристад.
Манбаъ “Озодӣ”