Categories Uncategorized

Фирори мағзҳо (2): мушкиле, ки дар Тоҷикистон касе ҷиддӣ намегирад

Иршод Сулаймонӣ

30.01.2012, 15:22

Русия: Зарари фирори мағзҳо 50 млрд. доллар дар сол

Тоҷикистон: кишваре, ки мағзҳояш мераванду мераванд

Чаро мутахассисони тоҷик Тоҷикистонро тарк мекунанд?

Чӣ кунем, ки мағзҳо фирор накунанд?

Русия: Зарари фирори мағзҳо 50 млрд. доллар дар сол

Ҳоло дар Русия ҳам масъалаи фирори мағзҳо аз ҷумлаи мушкилоти сатҳи миллӣ мебошад. Ҳамасола аз Русия бештар аз 350 ҳазор шаҳрванд тарки кишвар мекунад. Танҳо дар миёнаи солҳои 1991 – 1997 шумораи коргарони илмӣ дар Русия аз 878 ҳазор ба 386 ҳазор расидааст. Ин раванд барои ҷомеаи илмии русӣ фоҷиаи бузургеро ба вуҷуд овардааст. Бар асари фирори магзҳо, дар Русия фосила байни наслҳои илмӣ хеле вайрон шудааст ва ин ба гум шудани робита байни наслҳои илмӣ овардааст. Чанде пештар шумораи олимони аз 29- сола поён  10,6, 30-39-сола 15,6 %, 40-49-сола 26, 1% ва аз 50-сола боло 47,7%-ро ташкил додаст. Баъзе муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки ҳамасола Русия аз ҳисоби фирори мағзҳо бештар аз 50 миллиард доллар зарар мебинад. Бар асари номусоидии шароит дар Русия аз рӯйи омори расмӣ 60 дарсади русиягиҳои ғолиб дар олимпиадаҳои байналмилалӣ барои кор ба хориҷа мераванд, ки ҳамагӣ 9 дарсади онҳо бармегардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Русия депопулятсияи демографӣ (камшавии аҳолӣ) ҷой дораду ҳамасола барномаҳои гуногун таҳия мешавад. Ҳоло тибқи ҳисоби марказҳои бузурги илмиву тадқиқотии олам, иқтисод ва саноати Русия асосан аз ҳисоби неруйи кори арзони кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш меравад.

Тоҷикистон: кишваре, ки мағзҳояш мераванду мераванд

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар рӯйёрӯйи фирори мағзҳо тақрибан коре накардааст. То ҳол дар сатҳи ҳукумат аз фирори мағзҳо ба унвони як мушкили миллӣ ҳарф назадаанд. Инчунин на Академияи илмҳо ва на дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар бораи фирори мағзҳо ва зарари он ба рушди миллат кадом як таҳқиқоти илмие нагузаронидаанд ва дунболаи он ҳам намебошанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мушкили нарасидани муаллимони дар макотиби миёна аз бузургтарин мушкили соҳаи маориф дар солҳои ахир ҳаст ва боқӣ мондааст. Ду сол пештар президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукумат аз нарасидану набудани кадрҳои сатҳи роҳбарӣ ва мудирият шиква кард. Он замон касе ба ин пиндор нарасид, ки омили аслии ин фирори мағзҳо аз кишвар мебошад.

Як қисм аз кишварҳо дар сатҳи давлатӣ аз фирори мағзҳо ба таври ғайрирасмӣ дастгирӣ мекунанд. Дар ин гуна кишварҳо, доираҳои ҳукуматӣ барои камтар шудани мухолифини сиёсӣ ин равандро ҷонибдорӣ менамоянд. Мутаассифона Тоҷикистондар қатори чунин кишварҳо дохил мешавад. Одед Старк  муаллифи  китоби «Иқтисодиёти ҷадиди фирори мағзҳо» маҳз ба ҳамин хориқаи масъала таъкид мекунад. Эми Чуа муаллифи китоби машҳури «Рӯзи Империя. Чӣ гуна гиперқудратҳо ба султаи ҷаҳонӣ комёб шуданд?» менависад, ки ин гуна кишварҳо асосан аз роҳи истифодаи «фирори мағзҳо» бо мақсадҳои худ, яъне ҳавасманд гардонидани хориҷиёни боистеъдод, неруманд шуданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳисоб нашудааст, ки аз ҳисоби фирори мағзҳо ҳамасола кишвар чӣ миқдор зарар мебинад. Аммо агар чунин як тадқиқот гузаронида шавад, фикр намекунам, ки ин зарар аз 2-3 миллиард дар сол камтар бошад. Аммо мо медонем, ки бар пайи тарки мутахассисони олитахассус дар авохири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-ум иқтисодиёти миллӣ чӣ қадар зиён дид. Бар пайи авомили сиёсӣ, он замон ва акунун ҳам шаҳрвандону мутахассисони зиёде кишварро тарк мекунанд. Ин нишонаи он аст, ки дар дохил шароит барои зиндагӣ ва рушд чандон мусоид нест.

Чаро мутахассисони тоҷик Тоҷикистонро тарк мекунанд?

Аз ҷониби дигар фазои сиёсӣ, муҳити носолими тиҷоратӣ, шароити номусоиди инвеститсионӣ, маҳалгаройи зиёд, рушди баланди коррупсия мунҷар ба он шудаанд, ки зеҳниятҳо, элитаҳои илмӣ ва «мағзҳои иқтисодӣ» кишварро тарк намоянд. Шароитҳои ногувор ва фазои носозгору сифати пасти таълим маҷбурият овардааст, ки хонандагони кишвар бо доштани камтарин имконият таҳсилро дар хориҷи кишвар ихтиёр кунанд. Ҳоло дар ИМА, Бритониё, Конодо, Малайзия, Ирон, Русия, Фаронса, Олмон, Ҳиндустон, Чин ва кишварҳои дигар бештар аз 20 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон баъди хатми донишгоҳҳо ба Тоҷикистон баргаштан намехоҳанд. Ахиран сару садо паҳн шуд, ки гӯё сафоратхонаи Бритониё дар Тоҷикистон барои муҳассилини тоҷик дигар раводид намедиҳад ва сабаби аслияш ҳамоно баъди таҳсил бо ҳар баҳона барнагаштани донишҷӯёни тоҷик мебошад. Ин худ як шохиси ҷиддии бозгӯкунандаи фирори мағзҳо мебошад.

Аз ҷониби дигар сатҳи пасти зиндагӣ, кам будани ҳақмузди кор ва дигар авомил боис ба он мешаванд, ки мағзҳои зиёде кишварро тарк кунанд. Ин раванд ояндаи зиёнбор ва хатарноке барои рушди Тоҷикистон ва барои саодати миллат дорад.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон то кунун дар миёни мушкилоти муҳоҷирини муқаррарӣ сари худро гум кардааст, акунун чӣ расад ба ин ки раванду зарари фирори мағзҳоро ҳисоб гирифта бошад ва барои ҳукумати кишвар ҳисобот бидиҳад, ки ҳамасола кишвар аз ҳисоби фирори мағзҳо чӣ миқдор зиён мебинад.

Албатта дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон худи муҳоҷират як раванди фоидаовар мебошад, ҳадди ақал барои онҳое, ки ба қудрати сиёсӣ дастрасӣ доранд. Пеш аз ҳама муҳоҷирин дар дохили кишвар шумораи дархостгарони ҷойи корро кам кардаанд. Набуди онҳо (наздики 2 миллион шаҳрванди кишвар) проблемаҳои дигари иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткориро дар кишвар кам мекунад ва ин сохторҳои давлатиро аз як дарди сар халос менамояд. Аз ҷониби дигар онҳо ҳамасола ба дохил бештар 2 млрд. доллар сармоя ворид мекунанд, ки ин ба иқтисодиёти заифи кишвар як такони бузург мешавад. Аз ҳисоби сармояи воридкардаи онҳо дар дохил ҳукумат мудирияти кишварро ба осонӣ идора мекунад. Дар маҷмуъ, муҳоҷирин барои суботи сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ ва осонтар идора шудани давлат мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ қудрати сиёсӣ дар кишвар бештар манфиатдор шудааст, ки аз муҳоҷират ба унвони як раванди мусбат ҷонибдорӣ кунад.

Ҳоло дар миёни наздик ба 2 миллион муҳоҷири тоҷик дар берун, муаллиму духтуру муҳандису проффесору академик ҳам ҳаст. Ҷойи нигаронӣ дар он аст, ки аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон баъди хатми таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ дигарбора намехоҳанд ба кишвар баргарданд. Ҳатто онҳое ҳам, ки аз ҳисоби барнома ва бурсияҳои давлатӣ таҳсил кардаанд. Ҳамин, ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир наметавонад ба рушди бештар даст ёбад ва зиндагии мардум ва саодати шароити рифоҳии миллат бештар таъмин шавад, бозгӯйи он аст, ки мағзҳои асливу асосӣ ба кор ва мудирият ҷалб нашудаанд. Вуҷуди чунин воқеият бозгӯйи он аст, ки проблемаи фирори мағзҳо дар ҳоли ҳозир як мушкили сатҳи миллии кишвар ба шумор меравад ва барои бозгашти онҳо ниёз ба барномарезиҳои сатҳи миллӣ ва давлатӣ мебошад.

Чӣ кунем, ки мағзҳо фирор накунанд?

Аз ҳама масъалаи мушкил посухи ин суол аст. Пеш аз ҳама фикр мекунам, ки роҳкори асосии ёфтани сару нӯги мушкил эътирофи ҳамин проблема дар сатҳи давлатист. Аммо ин ки чӣ бояд кард, то мағзҳо фирор накунанд, ҷавобаш ба дӯши як нафар нест. Ин масъалаест, ки барои омӯзиши он ва ёфтани роҳҳалҳо бояд марказҳои махсус, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти дигари давлатӣ ва ниҳоят худи ҳукумати кишвар ба таҳлил ва тадқиқи фарогир даст бизананд. Пеш аз ҳама вазифаи донишмандону олимони кишвар аст, ки аз вуҷуди чунин як мушкил ва оқибатҳои зиёнбори он барои ояндаи миллат ба давлатмардон идея пешниҳод намоянд. Ё масалан Вазорати маорифи кишвар масъалаи баргашти шаҳрвандонеро, ки аз ҳисоби бурсияҳои давлатӣ дар хориҷ таҳсил мекунанд ба назорат бигирад. Ин чиз маълум аст, ки то замоне ки дар дохили кишвар шароити зиндагӣ, ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ мусоид нашавад, масъалаи фирори мағзҳо ҳамоно бошиддат боқӣ мемонад. Вале бояд худи мушкил ба арзёбӣ ва таҳлил кашида шавад, то ояндаи миллат, саодати мардум ва суботи кишвар, ки асоси кори ҳар гуна қудрати сиёсӣ ва ҳукумат мебошад, таъмин шавад.

More From Author

You May Also Like