Дарвеши Ғариб, муҳоҷир
Тоҷики саргардон!
Мегузарад тобистон,
Сар мешавад боз борон.
Ҳезумкашӣ сар меша,
Светкушӣ сар меша.
****
Тоҷик саргардон меша,
Хамирош резон меша.
Кудакаш нолон меша,
Сардорош беном меша.
Тоҷики мо бечора,
Сарсону ҳам овора.
Ғарибаст тоҷик имрӯз,
Сағираст тоҷик имрӯз.
Роҳбарои хоб дорем,
На гову на ҳол дорем.
Хонаву дар аз кучо?
Нони хурдан надорем!
Фарзандони дур дорем,
Аз илму фан беномем.
Дур аз дину оинем,
Масҷидҳо баста дорем.
Зану кудак набояд,
Ба масҷид рафту ояд.
Ресторану бару дар,
Марҳамат инҷо ояд.
Мо ғуломи рус шудем,
Заминкову пус шудем.
Аз барои ду лётчик,
Бозичаи фус шудем.
Тоҷики саргардонам,
Заминкови беҳолам.
Ба маълумоти олӣ,
Хизматгори русҳоам.
Тоҷики ман зинда бод!
Фархунда, парчам зинда бод!