Categories СИЁСАТ

ҲНИТ-ро ба хотири Худо дӯст медорам

Ҳарчанд гуруҳе аз манфиъатхоҳу ғаразҷӯён Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро санг мезананду аз он душмани миллат тарошиданӣ мешаванд, аммо нисбат ба ин ҳизб рӯз аз рӯз эътиқоду муҳаббатам зиёда шуда истодааст. Зеро Наҳзати Исломӣ макони ба ҳам омадани мардони Худост , мардони озода, ки сухани аввалу охирашон Худост, даст ба дасисаву зишткорӣ намезананд, ҳеҷ гоҳ!
Бовар дорам, дар замири ҳар яке аз ин дӯстони Худо имони комил нуҳуфтааст. Чун имон комил аст, инсони мусалмон танҳо қудрату тавонмандии Худо ва ягонагии ин Зоти покро эътироф дораду халос ва ҳеҷ гоҳ муқобили фармудаҳои Офардигори худ амал намекунад. Ботини ҳар аъзои ҲНИТ, бахусус сарваронаш орӣ аз ҳар гуна бухлу бадгуист. Агар ишон чунин амалҳои зишт дар ботин мепарвариданд, ҳеҷ гоҳ сулҳу оштӣ дар кишвари азиз фароҳам намегашт. Ҳарфҳои болохонадори имрӯзро дар мавриди сулҳи як нафар маҳз ҳамон тоифа аз манфиъатхоҳону ғаразҷӯён аз минбару маҳфилҳо танинандоз кардаанд.
Шодравон устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳатто нисбат ба душманони ҷониаш ҳам дар дил кина намепарварид, дилеро намеранҷонд, қалби бо сафои пур аз меҳру вафо дошт. Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода низ, ки олиму ориф буд, ҳеҷ гоҳ аз чаҳорчубаи фармудаҳои Худо берун намерафт. Маҳз пойбанди таълимоти амиқи исломӣ будани онҳост, ки ҳар ду кушиданд, то дар мадди аввал оташи ҷангро хомуш кунанд, ба мардуми ноумед умеди нав бахшанд. Чунин рафтору кирдори ин ду абармард, ки баъд аз сулҳ мардум беш аз пеш ба дарки ҳақиқати талхи ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ сарфаҳм мерафтанд, ботил будани гумонҳои рақибони онҳоро ошкор месохт.
Он замон таҳлилгарони ғаразҷу тариқи расонаҳои давлатӣ хулоса мекарданд, ки Нуриву Ҳимматзода бо тарҳу нақшаи хоҷагони аҷнабиашон кор мекунанд ва нияти аз байн бурдани Тоҷикистонро дар сар мепарваранд. Бале, ин гуна фазосозиҳои ботил рӯз ба рӯз ошкор мешуданд. Чунки агар ишон чунин мақсаду маром медоштанд ва хоҷапарвар мебуданд, ҳоло Тоҷикистон амсоли Афғонистон дар оташи ҷанг месӯхт. Аммо не, устодон Нуриву Ҳимматзода ҷуз фармудаҳои Худованди хеш дигар ҳарфу сухани хоҷаеро қабул надоштанд ва муқаддасоти миллатро, ки дар меҳварияти Ислом шакл гирифтаанд, болотар аз тамоми муқаддасоти дунёӣ медонистанд.
Мутаассифиона, имрӯз боз ҳамон анъанаи пешин – дар симои рақиби аслӣ душмантарошиҳо оғозу идома пайдо кардаанд. Фаромуш набояд кард, ки устод Нуриву Ҳимматзодаро заҳри забони бадгуёни ҳампаҳлу ба ҳалокат расонд. Ва ин теъдод аз бадгуҳарон имрӯз ҳам мехоҳанд бо ҳамон шаклу усули зишти муборизаашон Кабириву ҲНИТ-ро аз пой афтонанд. Дар ин маврид онҳо аз тамоми воситаву имконот истифода мебаранд, ки ин гуна амалкард заррае ба рақобати сиёсӣ наздикӣ надорад, баръакс як душмании ошкор аст.
Ҳарчанд бадхоҳон бо амалҳои зишти худ гаҳу ногаҳ ноил шаванд ҳам, навад дарсади ин амалҳои зишт, чун вируси бедаво бар тану ҷони худашон ҳам мерасад, ҳатто авлоду аҷдодашонро сироят мекунад. Ин яқин аст ва инро аз таҷрибаи рӯзгор пирони кор сабақ додаанд.
Дар пеш интихоботи парлумонист. Ягона ҳизбе, ки бо омодагии комил ба истиқболи интихобкунандагони худ бо кулвори пур аз дуру гуҳар устуворона қадам мезанад, Наҳзати Исломист. Дигар аҳзоб дар хоби гаронанд ё ҳастиву нестии миллат заррае ҳам онҳоро ба ташвиш намеорад. Мардум тайи солҳои охир дар деги сиёсат ҷушидаву василаҳои вуҷуди ҳар ҳизби дигареро низ дарк кардаанд. Ба ин хотир иқрор ҳам ҳастанд, ки раъйи хешро танҳо ба ҲНИТ хоҳанд дод.
Аммо ошуфтаҳол аз як чизанд: хиёнат шудан дар раъйи онҳо ва аз худ кардани овозашон, ҳам бо зориву ҳам бо зар ва оқибат бо зур. Ба ҳар ҳол, боз ҳам такя ба иродаи Худованд доранд.
ҲНИТ ва озодандешонеро, ки дар ин ҳизбанд, самимона дӯст медорам, танҳо ба хотири Худо, ки онҳо дур аз кибру ғуруранд ва дар роҳи сирот-ул-мустақим гом мебардоранд.
Ман бо шумоям, эй озодмардони Ватан!
Моҳбегим Худоёрова, муаллима, аз «Дарёобод»-и ноҳияи Рудакӣ

More From Author

You May Also Like