ҳайатҳои намояндагии шаш қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон дар музокироти ҳастаӣ роҷеъ ба
барномаҳои ҳастаии Эрон дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Федерика
Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ эълон кард,
ки ин созиш баъд аз бештар аз даҳ соли музокирот рӯзи 14 июл ба даст
омадааст. Ин музокирот дар марҳилаи
ниҳоӣ 18 рӯз идома дошт. Ба гуфтаи мақомҳои ду тараф, тавофуқи ниҳоӣ тай рӯзҳои
оянда ба Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид ироа хоҳад шуд, то дар қолаби як қатънома ба
тасвиби ин шӯро бирасад.
Федерика Могеринӣ ва Муҳаммад
Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷи Эрон, дар як нишасти расмӣ дар ҳузури
расонаҳо дар Вена бо хондани баёнияе ба забони англисӣ ва форсӣ эълон кардаанд,
ки тавофуқи ниҳоӣ дар барномаи ҳастаии Эрон ба даст омадааст.
Бинобар эълони онҳо,
барномаи иқдоми муштарак, шомили як матни аслӣ ва панҷ пешниҳоди техникӣ дар
мавриди мавзуоти ҳастаӣ, таҳримҳо, ҳамкорӣ дар заминаи барномаи ҳастаӣ, таъсиси
комиссиюни муштарак ва барномаи иҷрои он аст.
Муҳаммад Ҷаводи
Зариф, вазири умури хориҷи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз тавофуқ дар конфронси
матбуотӣ гуфт: “Имрӯз як рӯзи таърихист. Барои мо ифтихори бузургест, эълон
кунем, ки ба як тавофуқ дар мавриди мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон даст ёфтаем.
Бо шуҷоат, иродаи сиёсӣ, эҳтироми мутақобил ва мудирияти олӣ мо он чиро ки дунё
ба он умед баста буд, ба расонидем. Як тааҳуди муштарак бо сулҳ, талоши
муштарак барои амнитар кардани дунёямон”.
Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти
Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе пас аз эълони тавофуқи ҳастаи миёни кишвараш
ва гурӯҳи 5+1 дар Вена, дар баромади телевизионияш гуфт, ки Теҳрон ба тамоми
аҳдофи худ аз музокироти атомӣ даст ёфт. Ӯ бо ишора ба солҳои таҳрим гуфт, он чӣ
аз ҳама чиз муҳимтар буд, истодагӣ, муқовимат, сабр ва таҳаммули мардуми шуҷоъи
Эрон буд, ки имсол биҳамдуллоҳ рӯза бо истиқомат ва муқовимат бо ифтор фатҳ ва
зафар тавъам гашт.
Рӯҳонӣ бо таъкид бар
ин ки истодагии мардум ва муқовимат буд, ки тарафи муқобилро пой мизи музокира
овард, ӯ ба чаҳор ҳадафи Эрон аз музокирот ишора кард ва гуфт, ҳадафи аввал он
буд, ки тавонмандӣ ва фанноварии ҳастаӣ ва ҳатто фаъолиятҳои ҳастаиро битавонем
дар дохил идома диҳем. Вай изофа кард, ки ҳадафи дуввум ин буд, ки таҳримҳои
ғалат ва золимонаи зидди инсониро лағв кунем ва ҳадафи севвум ин ки тамоми
қатъномаҳое, ки аз диди мо ғайриқонунӣ буд, дар Шӯрои амният СММ лағв кунем.
Дар ҳамин ҳол, Барак
Обама раиси ҷумҳури Амрико зимни
суханронии худ дар Кохи Сафед гуфта, ки Амрико
аз мавзеъи қудрат ва арзишҳояш бо Эрон ба сари ин тавофуқ музокира кард.
Тавофуқе, ки бар пояи он ҷаҳон итминон хоҳад дошт, ки Теҳрон ба ҷангафзорҳои
атомӣ даст нахоҳад ёфт. Барои дуввумин бор тайи 36 соли гузашта, телевизиони
расмии Эрон суханони раиси ҷумҳури Амрико дар бораи тавофуқномаи ҳастаиро ба
сурати зинда ва мустақим пахш кард. Дар ҳоле, ки ин ду кишвар аз соли 1979
равобити дипломатӣ миёни ҳам надоранд.
Бинобар гузориши
хабаргузориҳои Тоҷикистон, ин тавофуқи таърихиро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти
Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Ҳасан Рӯҳонӣ, ҳамтои эрониаш табрик гуфтааст.