Муҳаммади шаш сола ба ҳайси ҷавонтарин мутахассис дар олам
шинохта шуд, ки шаҳодатномаи худро дар риштаи Microsoft Office Specialist,
дарёфт намуд,хабар медиҳад: сомонаи “Ислам тудей”.
Муҳаммад Ҳамза Шаҳзод, ки дар ҳоли ҳозир шаҳрванди
Британия мебошад, имтиҳонҳои зарӯриро
тавре гуфта шуд, оиди ба ихтисоси Microsoft Officе сарбаландона супорида ҳамчун
мутахассиси беназир дар синни хурдсолӣ аз ҷониби доварон дар ҷаҳон шинохта шуд.
Тавре манбаъ хабар медиҳад: Муҳаммад, бо доштани маҳорат
ва заковати баланди зеҳнии худ тавонист ба таври муассир ва самаранок бо
маҳсулотии фаннии Microsoft Office (Word, Excel,PowerPoint, Outlook, Access,
One Note и SharePoint) истеъдоди худро нишон дода, дар Донишгоҳи Майкрсофт
воқеъ дар Лондон имтиҳонро дар ин ришта сарбаландона супорад.
Волидайни Муҳаммад, зодаи давлати Исломии Покистон буда,
падараш мутахассиси- IT, модараш бошад ҳамчун муаллима дар Британия машғули
кору фаъолият мебошанд.
Воқеъан дар арафаи ҷашни байналммилалии “Ҳифзи кӯдакон”, ки 1 июн дар саросари ҷаҳон
баргузор мегардад, мутолиаи чунин хабар, ки дарак аз дастоварди фаннии фарзанди
хурдсол он ҳам мусалмонзода аст, ҷолибу
дилхушкунанда ба назар мерасад.
Хеле ҷои таассуф аст, ки имрӯз дар аксар макотиби
таҳсилоти ҳамагонӣ дар кишвари мо ҳангоми баргузории дарси таълими меҳнат,
ҷавонону наврасон ба ҷои омӯхтани ихтисоси фанние дар риштаи технология муосир,
ба нарм кардани замин ва ё дигар корҳои саҳни ҳавлигӣ машғул мешаванд.
Барои падару модар ва мураббиён дар хона ва кӯдакистонҳо
лозим аст, ки тамоми анвоъи бозиҳоро муҳайё намоянд. Ин ба хотири машғул сохтани неруҳои пӯшидаи онҳо ва
роҳнамоии дуруст инчунин баргардонидани онҳо аз роҳҳои хато мебошад.
Барои фарзанди солеҳе тақдими ҷомеъа намудан, водидайнро
лозим аст, ки дар тарбияи фарзандон талошҳои хастанопазире аз худ нишон
диҳанд. Зеро бузургтарин чизе ки месазад
бештари ҷаҳду талошро ба он равона кард ва пулу моли зиёд дар роҳи он харҷ
намуд, ислоҳи фарзандон мебошад.