Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷаласаи чоруми комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегардад. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва вазири хусусисозии Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Навид Қамар ва дигар намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар иштирок менамоянд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бино ба иттиллои оҷонсии давлатӣ АМИТ Ховар нишасти дуҷонибаи комисиюни муштараки байни Тоҷикистону Покистон қарор аст, ки рӯзи 28 феврал баргузор гардад.
Categories
Ахбори рӯз