Categories ҶОМЕА

Дар ҷануби Тоҷикистон ҳама мадрасаҳои исломӣ баста шудаанд

Дар вилояти Хатлон, ки пурҷамъияттарин минтақаи Тоҷикистон аст, акнун ҳеҷ мадрасаи исломӣ фаъолият намекунад.

Ба гузориши “http://tajik.irib.ir”, ба нақл аз хабаргузориҳо, бо манъ шудани фаъолияти ду мадрасаи исломии духтарона ва писарона дар шаҳри Қурғонтеппа, дар соли 2013 дигар ҳеҷ маркази омӯзиши исломӣ дар ин минтақа боқӣ намондааст.

Ба гуфтаи Шриф Абдулҳамидов, масъули Кумитаи умури динӣ дар минтақаи Кӯлоб, бо баста шудани мадрасаи миёнаи исломӣ дар Ховалинг дигар ҳеҷ маркази омӯзиши улуми исломӣ дар ин қаламрав фаъолият намекунад.

Тибқи ин гузориш, дар баробари ин шаш мадрасаи миёнаи исломӣ дар Суғд, дар шимоли Тоҷикистон низ ба баҳонаи арзёбии фаъолияти ин марказҳо аз тарафи Вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон аз тобистони соли ҷорӣ таътил шудаанд.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, акнун дар Тоҷикистон бо ҷамъияти беш аз 8 миллион мусалмони ин кишвар ба ҷуз Донишкадаи исломии Душанбе, ки таҳти назорати давлат аст, ҳеҷ мадрасаи миёнае фаъол нест.

More From Author

You May Also Like