Categories Uncategorized

Ҷаласаи танзими раванди муҳоҷират

nahzat.tj

Рӯзи 11-уми июли соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷирати кишвар оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2012 ва вазифаҳои минбаъдаи он бо иштироки мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Ёрбобоев А.И. баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ҷаласаи мазкур, нахуст Сафиало Девонаев сардори Хадамот оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2012 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ, маърӯза намуд. Сипас, гузориши сардорони раёсату шӯъбаҳои дасгоҳи марказии Хадамот, инчунин раёсатҳои вилояти Суғду Хатлон оид ба танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Федератсияи Россия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори иловагии меҳнат, ҷараёни касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар давлати мо будубош менамоянд шунида шуд ва бурду бохти раёсатҳои мазкур аз сӯи мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроия ва роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар интиҳо, аз тарафи масъулини соҳа ва роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ, як қатор дастуру супоришҳои мушаххас, ҷиҳати ба танзими раванди муҳоҷират, буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҶТдар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, тавсеаи равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон дода шуд.

More From Author

You May Also Like