Ҷаласаи фаъолони ҲНИТ дар минтақаи Қурғонтеппа

«Наҷот»

21.03.2012, 16:15

Қ. Афзалӣ: Теъдоди аъзои ҲНИТ меафзояд

Акоша Кабирӣ: Амният беҳтарин неъмат аст

С. Ҳусайнӣ: Мо сулҳ кардем ва дигар набояд аз якдигар душман тарошем

ҲНИТ мактаби меҳру муҳаббат аст

Муҳаммадкарими Орзу: Фаъолияти шӯъбаи ҲНИТ дар Қурғонтеппа хело хуб аст

13- уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи фаъолони шӯъбаву бахшҳои ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа бо иштироки масъулини марказии ҳизб таҳти раёсати Муҳиддин Кабирӣ, масъулини ҳокимияти иҷроияи вилоят ва намояндагони ВАО баргузор гардид.

Қ. Афзалӣ: Теъдоди аъзои ҲНИТ меафзояд

Сараввал, ровии ҷаласа Азимҷони Ваҳҳоб, ҷонишини раиси шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа ҳозиринро хайрамақдам гуфта, барномаи ҷаласаро эълон намуд ва пас аз қироати ояҳои Қуръон аз ҷониби Аҳмад Саидов, зимоми суханро раиси шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа Қамариддин Афзалӣ дод.

Қамариддин Афзалӣ гуфт: «Банда танҳо аз фаъолияти шӯъба ва 14 бахши ҳизб дар ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа гузориш хоҳам дод. Изофа бар ин, бахшҳое мисли бахши бонувон, ҷавонон, фарҳанг, варзиш, тафтишот ва бахши интихобот мавҷуданд, ки фаъолияти онҳо намунавӣ аст.»

Ҷаноби Қ. Афзалӣ афзуд: «Дар самти қабули аъзо бояд гуфт, теъдоди аъзо дар соли 2010 1442 нафар буд, ки дар охири соли 2011 ин рақам ба 12051 нафар расид. Масъулини навоҳии Ҷ. Румӣ, Ёвон ва А. Ҷомӣ дар робита ба ин масъала нисбат ба дигар бахшҳо пешсафанд. Агар моҳи декабри соли 2010 теъдоди ҷавонони мо дар минтақа 3301 буд, охири соли 2011 ин рақам ба 3600 нафар расид. Ин нишондодҳо далолат бар он менамоянд, ки ҳудуди 50 фоизи аъзои ҲНИТ-ро бонувон ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Бахши ҷавонон ва варзиши зиёда аз 50 дарсади барномаҳояшро амалӣ кард.»

«Бахши бонувон дар давоми сол як қатор семинару нишастҳои фарҳангие мисли нақши зан дар таълиму тарбия ва ҷойгоҳи зан дар Ислом мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва дар ин гуна чорабиниҳо шӯъбаи ҷавонони ҳизб саҳми хеле бориз дошт. Шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа 1850 ҷаласа дар ташкилотҳои ибтидоӣ, 156 ҷаласа дар бахшҳои ноҳиявӣ ва 64 ҷаласа дар шӯъбаи вилоятӣ баргузор кардааст.»- гуфт раиси Шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қурғонтеппа.

Акоша Кабирӣ: Амният беҳтарин неъмат аст

Сипас, сухан ба раиси шӯъбаи омор ва назорати ҲНИТ Акоша Кабирӣ дода шуд. Мавсуф фаъолияти ин шӯъбаро таҳлилу баррасӣ намуда, ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти шӯъба якчанд пешниҳод мисли курсҳои омӯзишиву фарҳангӣ ва мудирияту ҳуҷҷатнигорӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, равобити доимии масъулини ҳизб бо ташкилотҳои ва шахсиятҳои динӣ ва ғайра кард.

Дар охири сӯҳбаташ Акоша Кабирӣ гуфт: «Беҳтарин неъмат дар ҷомеа амният аст, ки мо ба қадри ин неъмати бузург бояд расем. Барои ҳамин ҳар як масъули ҳизб тарғибкунандаи сулҳ бояд бошад. Дар ҳама сахтиҳо бояд сабур бошем, то беҳтарин неъматро Худои таоло аз мо нагирад.»

Бобоҷон Саидов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сӯҳбат карда, гуфт: «Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ки мо нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорем».

С. Ҳусайнӣ: Мо сулҳ кардем ва дигар набояд аз якдигар душман тарошем

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ суханронӣ карда иброз дошт: «Бо вуҷуди зуҳури баъзе мушкилот, масъулини шӯъба тавонистаанд дар роҳи тавсеъаи мактабе, ки паёмбарону авлиё ва шуҳадо заминаи онро гузоштаанд, собиту устувор гом ниҳанд. ҲНИТ мехоҳад ба ҷомеа фарҳанги ҳамкориро нишон диҳад. Умедвор ҳастем, ки дигарон низ ин фарҳангро доранд.»

Саидумар Ҳусайнӣ аз нақши таърихии сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, иброз дошт: «Мо бузургтарин кореро, ки анҷом додаем, ин ба ҳам овардани миллат мебошад. Санадҳое, ки тавассути ду раҳбар ба имзо расидаанд, воқеан, моро сарбаланду сарафроз кардаанд. Вале қобили таъкид аст, ки бояд мо аз якдигар душман натарошем, зеро дар Санади ҳамдигарбахшӣ омадааст: «Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки пайи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовамату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоянд».

Дар идомаи суҳбаташ, муовини авали раиси ҲНИТ, таъкид кард: «Бинобар ин мабодо роҳ додан ба иқдомоти нохуб боиси шикастани ин аҳд гардаду худро ба ғазаби Худо ва лаънати халқи худ гирифтор намоем. Биноан, умедвор ҳастем, ки ин санад дар ҷомеаи мо ҳамчун санади хеле собит ва устувор боқӣ хоҳад монд. Ҷонибҳое, ки инро имзо кардаанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то ба охир он ҳифз шавад».

ҲНИТ мактаби меҳру муҳаббат аст

Қаландари Садриддин, яке аз муассисони ҳизб ва собиқ раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ин минтақа гуфт: «Дар Бухоро равшанфикроне тарбият ёфтанд, ки ҷонибдори мардум буданд ва мардум низ аз онҳо истиқбол менамуданд. Онҳо мехостанд ҷомеаи озоду бомаърифате бисозанд… Имрӯз ҲНИТ аз ҷумлаи идомадиҳандагони роҳи ҳамон равшанфикрон аст. Вақте сухан бобати ҲНИТ меравад, мебинем, ки мардум бо чӣ қадар меҳру муҳаббату ва ихлосу эътиқод ба ҳизб менигаранд. Сабаб чист, ки имрӯз иддае аз мардум рӯ ба ин ҳизб овардаанд? Зеро мардум дарк карданд, ки уламои исломии тоҷик беҳбудии давлату миллатро мехоҳанд. Овозаву дарвозаи душманони ин миллат аст, ки аз ҲНИТ битарсед. Мо ҳам бародари Шумо ва зодаи ин хоку замин ҳастем.»

Дар навбати худ Саъдуддини Рустам, узви Раёсати олии ҲНИТ сӯҳбат намуда, гуфт: «Мехоҳам Паёмбар (с)-ро бишиносем. Вақте Паёмбар (с) омад, се масъулият дошт, яке аз онҳо расонидани суханони Парвардигор ба мардум аст. Вақте Расули акрам (с) омад, онҳоро бо ахлоқи ҳамида ошно кард. Ба таври намуна, метавон аз манъ шудани фарзандкушии арабҳо ёдовар шуд. Мардуме ки духтарони худро зинда ба гӯр мекарданд, бо омадани Ӯ (с) ин кори зишт манъ шуд. Ҳамчунин Ӯ (с) фармуд: Касе ки ду духтар тарбият кунаду ба воя бирасонад, ин мард биҳиштӣ аст ва биҳишт барои ӯ воҷиб аст.»

Дар бораи адлу баробарии мусалмонон дар замони нубувват суҳбат карда гуфт: «Расули акрам (с) Асҳоб (р)- ро ба шакле тарбият намуд, ки мардуми Мадина бо омадани муҳоҷирин ҳар чизе ки доштанд, ба бародарони муҳоҷирашон тақсим карданд ва як пораи нонро бо ҳам хӯрданд. Агар дар бораи шахсияти Паёмбар то рӯзи қиёмат сӯҳбат кунем ҳам, кам аст. Бинобар ин бо каломи Саъдии Шерозӣ суханамро хотима мебахшам:

Дар ин баҳр ҷуз марди доъӣ нарафт,

Гум он шуд, ки дунболи доъӣ нарафт.

Касоне, ки з-ин роҳ баргаштаанд,

Бирафтанду бисёр саргаштаанд.

Хилофи Паёмбар касе раҳ гузид,

Ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.

Мапиндор Саъдӣ, ки роҳи сафо,

Тавон рафт ҷуз дар пайи Мустафо.

Муҳаммадкарими Орзу: Фаъолияти шӯъбаи ҲНИТ дар Қурғонтеппа хело хуб аст

Муҳаммадкарими Орзу, муовини раиси ҲНИТ оиди шӯъбаҳои минтақавӣ зимни сӯҳбат гуфт: «Бардошти ман аз гузориши раиси шӯъбаи ҳизб дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва ҳамчунин гузориши раиси шӯъбаи омор ва назорати ҳизб дар робита ба фаъолияти шӯъбаи мазкур мусбат аст. Мо қабл аз ин ҷаласа ҳайатеро аз марказ ба тамоми ноҳияҳои ин минтақа сафарбар кардем. Банда дар ноҳияи Ҷ. Румӣ ва дигар навоҳӣ будам. Фикр мекунам фаъолияти ҳизб дар ин минтақа хело хуб аст.»

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили мардумӣ чанд нафарро аз ҷумла вакилони ҲНИТ дар маҷлиси вилоятӣ, намояндаи мақомоти иҷроия ва иддаи дигари меҳмононро тӯҳфаҳо тақдим намуда, модарону хоҳаронро бинобар Рӯзи модар ва кулли иштирокдоронро бо фаро расидани баҳору Иди Наврӯз табрик намуд. Ба сабаби дароз нашудани матлаб, матни пурраи суҳбати Раҳбари ҲНИТ дар ин ҷаласаи фаъолон бо суратҳо ва навори ин ҷаласа мустақилона дар сомонаи (www.nahzat.tj) хоҳем гузошт.

Бо ҷамъбасати раиси ҲНИТ, ҷаласаи фаъолон дар минтақаи Қурғонтеппа ба кори худ хотима бахшид.

More From Author

You May Also Like