М. Асозода
Федератсияи гандбол (туби дастӣ) якҷоя бо кумитаи ҷавонон ва саёҳии назди ҳукумати ҶТ тибқи нақшаи чорабиниҳои тақвимии соли 2011 бахшида ба муносибати 20 солагии истиқлолияти ҶТ мусобиқаи ҷоми федератсияи гондболи ҶТ байни ҷавонони то сини 22-соларо аз таърихи 28 уми Декабр то 30-юми Декабри соли 2011 баргузор намуд. Мусобиқаи зикргардида дар қасри варзишии Иттифоқҳои касабаи ҶТ доир гардид.
Дар мусобиқа дастаҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, Колеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва ноҳияи Рудакӣ ширкат варзиданд. Бозиҳо ба таври зайл сурат гирифтанд: дар даври авали бозӣ Колеҷи тарбияи ҷисмонӣ бо вилояти Хатлон бозиро оғоз намуданд, ки бо натиҷаи 17 ба 12 ба фоидаи дастаи гандболбозони колеҷи тарбияи ҷисмонӣ анҷом ёфт. Инчунин дар ҳамин давр Душанбе-2, ва ноҳияи Рудакӣ қувваозмои намуданд, ки ҳисоби бозӣ 8-4 ба нафъи ноҳияи Рудакӣ анҷом ёфт. Дар охири даври аввали ин рақобат ВМКБ бо ноҳияи Рудакӣ бозӣ карданд, ки дар натиҷа ба фоидаи ВМКБ ин қисмати мусобиқа анҷом ёфт.
Дар даври дуюми бозии финалӣ, дастаи гандболбозони вилояти Хатлон бо рақибони худ аз ноҳияи Рудакӣ бозӣ карданд,ки ба ҳисоби 9-2 ба нафъи вилояти Хатлон анҷом ёфт. Бозии финалӣ миёни тими гандболбозони ВМКБ ва тими шаҳри Душанбе «Колеҷи тарбияи ҷисмонӣ» бо ҳисоби 19-11 ба фоидаи Колеҷи тарбияи ҷисмонӣ хотима ёфт. Дар натиҷа мақомҳо ба таври зайл муайян гардиданд.
Ҷои аввалро Колеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душнбе гирифта ва ҷои дуввумро ВМКБ ва ҷои севвумро ду даста дастаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рудакӣ гирифтанд.
Дастаҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби федератсияи Гандболи ҶТ мукофотонида шуданд. Дар натиҷаи мусобиқа ғолиби Ҷоми федератсияи гандболи тими милии ҶТ дар соли 2011 муайн гардид.