Тасвири Маҳмуд Сарсак, ситораи футболи фаластинӣ, ки бояд айни замон дар дасти мухлисонаш бошад, имрӯз дасти хонаводааш аст ва оилаи ӯ талаб доранд, то аз гурснанишнии дар зиндон даст кашад.
Ба гузориши “euronews”, гуруснанишинии ӯ 82 рӯз қабл дар эътироз ба боздошти худ ба василаи нерӯҳои амниятии Исроил оғоз гардид. Рӯзи ҷумъа коршиноси мустақили СММ ҳушдор дод, ки Маҳмуд Сарсак ва Акрам Реховӣ, ки 58 рӯз қабл гуруснанишинӣ эълом кардаанд, ба хатари марг мувоҷҷеҳанд.
Модари футболбози собиқ тими фаластинӣ мегӯяд: “мо иҷозаи мулоқоти ӯро надорем. Фақат аз тариқи вакилаш дар бораи ӯ иттилоъоте ба мо мерасад. Ӯ оишиқи футбол буд. Ҳар вақт аз ӯ мехостам, ки бо ҳам бозор биравем, ӯ бо мо намеомад ва барои тамрин ба замини футбол мерафт”.
Маҳмуд Сарсак се сол қабл пас аз он ки Ғаззаро ба мақсади маҳалли як мусобиқаи футбол тарк кард, дар байни роҳ ба василаи нерӯҳои амниятии Исроил боздошт шуд. Ӯ аз он замон то кунун бидуни ҳеҷ гуна иттиҳоме дар боздошт қарор дорад.