Categories Ахбори рӯз

12 соли заҳамоти бобарор

27 апрели соли 1999 дар пойтахти Австрия шаҳри Вена миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Протоколи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. 1 июни соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид.
Нимаи дуввуми имрӯз дар Агентӣ ҷаласаи тантанавии ҳайати шахсӣ ба муносибати 12-умин солгарди таъсиси АНМН доир гардид.
Бо сухани табрикӣ Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ба ҳайати шахсӣ муроҷиат намуд. Вай қайд кард, ки кормандони Агентӣ дар кори пешгирӣ аз роҳҳои вуруди маводи мухаддир аз Афғонистон корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд, нашъаҷаллобонро бодошт мекунанд, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро фош месозанд, дар таблиғоти тарзи ҳаёти солим ва дар тафаккури шаҳрвандон шакл додани муносибати манфӣ ба маводи мухаддир, таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва ахлоқӣ корҳои бузурги профилактикӣ мебаранд.
Вай ҳамчунин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти салоҳиятдори кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ дар ташкили назорати муомилоти маводи нашъаовар изҳори миннатдорӣ намуд.
Зарфи 12 соли фаъолияти худ Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 тоннаву 186 кило маводи мухаддир мусодира намуд, ки 8 тоннаву 108 килои онро мухаддироти гурӯҳи афюн ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 4 тоннаву 398 кило героин мебошад.
Солҳо тасдиқ карданд, ки таъсиси идораи махсусгардонидашудаи ваколатдор, ки дар назди он вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, муқобилият ба муомилоти ғайриқонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ гузошта шудааст, саривақтӣ ва бағоят муҳим буд.
Имрӯз АНМН Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни муболиға дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мақоми шоиста ва арзандаи худро соҳиб шудааст.
Дар ин рӯзи тантанавӣ кормандони ҷавоне, ки ба тозагӣ барои хизмат ба Агентӣ қабул шудаанд, савганди садоқат ба Ватан, Конститутсия ва риояи ҷиддии қонунҳои кишвар ёд карданд ва кормандони дар фаъолиятҳои оперативӣ-хидматӣ фарқкарда бо Ифтихорномаҳо, тӯҳфаҳои арзишнок ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

More From Author

You May Also Like