33 ҳазор нерӯи низомии амрикоӣ, ки ба дастури Барак Обама дар соли 2009 вориди Афғонистон шуда буданд, ин кишварро барои бозгашт ба ватани худ тарк карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, яке аз мақомоти масъули вазорати дифоъи Амрико дар суҳбати хабарие таъкид кард, ки 33 ҳазор нерӯи низомӣ, ки ба дастури Обама дар поёни соли 2009 вориди Афғонистон шуда буданд, айни замон ба таври комил ин кишварро ба мақсади ватани худ тарк кардаанд.
Барак Обама бар асоси паймони худ, мабнӣ бар хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар поёни тобистони соли 2012 дастури хуруҷи ин шумор аз нерӯҳоро содир карда будааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамчунон 68 ҳазор нерӯи амрикоӣ ва ҳамчунин 40 ҳазор нерӯи байналмилалии НАТО дар Афғонистон ҳузур доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки нерӯҳои амрикоӣ дар ҳоле Афғонистонро тарк мекунанд, ки баъди 11 соли ҷанг дар ин кишвар ҳисси нафрат аз амрикоиҳо сабаб шуда, то нерӯҳои полиси афғон аз оғозӣ соли 2012 то кунун 51 нерӯи НАТО – ро мавриди ҳадаф қарор диҳанд.
Бинобар ин гузориш, Обама дастури эъзоми 33 ҳазор нерӯи амрикоиро ба баҳонаи шикасти фаврии Толибон содир кард, аммо дар муқобил шумори талафоти нерӯҳои НАТО дар даргириҳои ин кишвар афзоиш ёфт.
Ба гуфтаи манбаъ, нерӯҳои НАТО вазифадоранд то поёни соли 2014 кишвари Афғонистонро бо ҳар натиҷае, ки дар ҷанг ҳосил шавад, тарк кунанд ва амнияти кишварро ба полиси Афғонистон вогузор кунанд.