Categories Ахбори рӯз

331 нафар мансабдор ҷарима шуданд

Қиёмиддин Нуров, муовини директори Агентии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон ба “ТоҷНиюз” дар гузорише гуфтааст, ки аксари ин нафарҳо, яъне мансабдорон барои дар вақти лозимӣ пешниҳод накардани ҳисобот ва ё пешниҳод кардани ҳисобот бо хатоӣ ҷарима шудаанд.

Тибқи гузориши мазкур, дар се моҳи аввали соли равон 331 мансабдор ба маблағи 87 ҳазору 798 сомонӣ ҷарима шудаанд, ки аз ин ҳисоб то ҳол 70 ҳазору 940 сомонии он ба буҷет ворид шудааст.

Нуров сабаби ҷарима шудани мансабдорҳоро шарҳ дод, ки вақте кормандони Агентӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳо дар равзанаи ягона мебинанд, ки корхонаю ташкилот ҳисобот пешниҳод накардаанд, пас онҳоро ҷарима мебанданд.

Бояд гуфт, ки бори аввал нест, ки мансабдорони сатҳи поёнӣ дар Тоҷикистон барои пешниҳоди омор ҷарима мешаванд. Ҳоло он ки дар нимсолаи аввали соли гузашта аз ҷониби масъулони Агентии омор 427 раҳбарони корхонаву муассисаҳои кишвар бо мақсади додани ҳисоботи бардуруғ ё изофанависӣ ҷаримабандӣ шуда буданд, ҳаҷми ҷарима ба 115 ҳазор сомонӣ мерасид.

Гулнора Ҳасанова, раиси Агентии омор дар гузорише, ки соли гузашта ба хабаргузориҳо иттилоъ дода буд, дар он сол се корманди ин ниҳод дар ноҳияҳои Ҷиргатолу Тоҷикобод ва Нуробод барои изофанависии ҳаҷми истеҳсоли кртошка аз вазифа барканор шуда буданд.

Лозим ба ёдоварист, ки собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосими Роҳбар дар ҷаласаи солонаи Ҳукумат дар оғози соли 2014 гуфта буд, ки дар кишвар 1 миллион тонна картошка истеҳсол шудааст. Ин дар ҳолест, ки воқеъият доштани ин оморро баъдтар дигар мансабдорони вазорат зери суол бурданд.

More From Author

You May Also Like