Президенти ҷумҳурии
Африқоии Гана, Ҷон Маҳама бори дигар дар суханронии солонаи худ таваҷҷуҳи
мансабдорони давлатиро ба моддаи 21-сарқонуни
кишвараш, ки озодии динии ҳамаи шаҳрванднашро кафолат медиҳад, ҷалб кард. Аз ҷумла, қайд намуд:
“Ин хатост, вақте ки донишҷӯёни мусалмон дар хидмати калисо бошанд ва ё баракс,
донишҷӯёни насоронӣ намози мусалмонӣ ба ҷой оранд. Инчунин хатост занони мусалмонро
аз пӯшидани ҳиҷоб ҷилавгирӣ кард. Роҳбарони муассисаҳо бояд содиқона қонунҳои
ҷории кишварро итоат кунанд, дар акси ҳол ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд
”.
То ин дастури қотеъи президент бонувони мусалмон дар ин кишвар, чӣ дар
донишгоҳҳову чӣ дар муассисаҳо маҷбур буданд, то ки ҳиҷоб аз сар берун кунанд.
Президенти Асосиатсияи
донишҷӯёни мусалмони Гана Муҳаммад Анданӣ Ҳусайни изҳор дошт, ки дастури
президенти кишвар барои ҳалли тамоми мушкилоти динии мусалмонон, ки ба хусус хонандагони
мактаб ва дошнишҷӯён муввоҷеҳ мешуданд, нуқтаи охирро гузошт. Номбурда илова намуд: ” Ман хеле хушҳол аз
инам, ки ояндаи мо дар дасти мост ва қонун ҷонибдори мост”.
Донишҷудухтаре мусалмон
аз ин дастури президент чунин изҳори хушҳолӣ намуд: “Билохира, дуои мо мустаҷоб
шуд”.