Categories Раёсат ҲНИТ

40-умин солгард – падидаи мубораки муслимин

Фишурдаи суханронии Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар ҷашни 40 – солагии ҲНИТ

“Ба номи Худованди ҷону хирад…

Масъулин ва баргузоркунандагони маҳфили ҷашнвораи 40-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломӣ, дӯстони арҷманд! Сараввал салому ситоиши шуморо арз бикунам, азизон.

Имрӯз, ки наҳзатиҳо ба муносибати 40-умин солгарди таъсисёбии ҲНИТ ҷамъ омадаанд, рӯзест муборак ва хурсандӣ. Ин маҳфил дар пойтахти кишвари азизи тоҷикон аст, ки гирдиҳамоӣ нисори хурсандии мардуми Тоҷикистон бод ва ман ин мардумро узви хонаводаи худ медонам.

Ин гуна маҳфилҳо рӯҳи маънавию фарҳангиро дар мардуми сарбаланду созгор ва ба мардуми бедору боҳуш фароҳам месозанд. Имрӯз, ки дар маркази дӯстӣ, дар сарзамини асили дӯсдоштатарини Тоҷикистон таъсиси 40 – умин солгарди таъсисёбии ҲНИТ баргузор гардида истодааст, фараҳу шодӣ саршор аз бӯйи маърифат буда, муассисонро хушҳол мегардонад.

Дар оғози сухан аз касоне, ки ин ҳаракати зебои сулҳофарро дар 40-солагияш тасмими таҷлил намудан карданд, ва касоне, ки ба ганҷи ҳаёти марғуб, маҳбуб ва дар мавқеи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ эҳтиром қоиланд, аҳсант мегӯям.

Рӯҳи муассисон шод ва қабрашон пурнур бод, ки дар ин роҳ ҷоннисориҳо намудаанд. Воқеан, зиндагии эшон пур аз набард буд. Дар ҳар ситами худ ба пеш менигаристанд ва тамъи дӯстиро дар оянда медиданд.

Ҳаёти дӯстии мову мардуми тоҷик, ки фарҳанги муштарак дорем, якранг аст. Дар ҳаёти ҳизбҳо якрангӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Барои пойдории сулҳ ман аз раиси муҳтарами Тоҷикистон ва бавижа аз роҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар пойдории кишвар талош намуданд, арзи хушҳолӣ менамоям, ки бо гузашту фидокорӣ ва ба хотироте, ки Ислом зинда бимонад, ҷоннисориҳо доранд. Барои ҳамаи ононе, ки дар ин роҳи шарифу файзбахш муҷоҳадат карданд, барои ононе, ки дар ин роҳ ҷони худро фидои дӯст карданд, арзи сипос дорам.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буда, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст барои иззат ва сарбаландии Тоҷикистон кӯшиш ва талошҳо мекунад. ҶИЭ кишвари Тоҷикистонро кишвари хешованди худ медонад.

ҶИЭ дар Тоҷикистон тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, амниятии муассирро ба пеш мебарад; Тоҷикистонро шарики стротежии худ дар роҳи пешрафту нусрат медонад ва ман, сафири Эрон бо табрик арз мекунам, ки 40-умин солагии Наҳзат падидаи муборакест барои тамоми мусалмонони кишвар.

Сарат сабзу рухат обод бодо, эй миллати ҳамфарҳанги ман!”

More From Author

You May Also Like