Мулоқоти роҳбари ҲНИТ бо сафири Белгия

Дирӯз, 8 апрели 2013, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қароргоҳи марказии ҳизб Даниэл Бертран, сафири Белгия дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин нишаст раиси ҲНИТ ва сафири Белгия вазъи ҷории кишвар ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаи интихоботи президентӣ, ширкати ҲНИТ дар он, қонуни нави андоз, вазъи минтақа баъди хуруҷи қувваҳои НАТО аз Афғонистон ва ғайра аз масоили мавриди баҳс дар ин нишаст буд.

Инчунин, тарафҳо дар бораи озодиҳои сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз рушди ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ табодули назар карданд.

Сафири Белгия ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақаро дар рушд ва истиқрори минтақа муҳим арзиёбӣ намуд.

More From Author

You May Also Like