Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъ ва маодини Эрон мегӯяд, барои ташкили утоқи бозаргонии муштарак бо Амрико “мунтазири назари ниҳодҳои ҳокимиятӣ ҳастем.” Ба гуфтаи як узви комиссияи барнома ва буҷети парлумон ташкили ин утоқи “хати қирмиз” нест.
Раиси ҷадиди утоқи бозаргонӣ ва саноеъ ва маодини Эрон рӯзи ҷумъа (6-уми декабр) ба хабаргузории “Меҳр” гуфт: “Агар қувваҳои ҳокимиятӣ таъсиси утоқи бозаргонии муштараки Эрон ва Амрикоро ба маслиҳат бидонанд, ҳатман ин кор анҷом хоҳад шуд.”
Ғуломҳусайн Шофеъӣ, ки чанде пеш ба унвони ҷонишини Муҳамад Наҳовандиён интихоб шуд, мегӯяд, чунончи ташхис дода шавад, ки роҳандозии утоқи бозаргонии муштараки Эрон ва Амрико ба нафъ кишвар аст, ҳатман ин кор сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи Шофеъӣ бо имзои тавофуқномаи ҳастаӣ миёни Эрон ва кишварҳои 5 + 1 дар Женева фазои мусбат бар иқтисоди Эрон ҳоким шудааст, ки ба назар мерасад битавонад мунҷар ба ҷазби сармоягузорони хориҷӣ, иштиғолзоӣ ва равнақ ва тавсеъаи иқтисодӣ шавад.
Дипломатияи иқтисодии Эрон ва Амрико
Ба гузориши “Хонаи миллат”, пойгоҳи иттилоърасонии парлумон, Исмоил Ҷалилӣ, узви комиссияи барнома, буҷет ва муҳосиботи парлумон чанд пеш гуфта буд, эҷоди утоқи бозаргонии муштараки Эрон ва Амрикои хати қирмиз нест.
Бинобар ин гузориш, Ҷалилӣ гуфтааст: “Ташкили ин утоқ барои тасҳил дар фаъолияти иқтисодии ду кишвар аст ва ин таомулот ба дунболи таомулот ва иртиботе ҳаст, ки то кунун ба сурати ғайримустақим ва бо ҳазинаи боло анҷом мешудааст.”
Узви комиссияи барнома ва буҷет мегӯяд, бахшҳо ки аз надоштани робитаи мустақими бозаргонӣ миёни ду кишвар зиён мебинанд мекӯшанд бо “дипломатияи иқтисодӣ” фазои сиёсиро “ба самти манофеъи ҳар ду тараф пеш бубаранд.”
Утоқи муштарак то як моҳи дигар?
Абулфазл Ҳиҷозӣ , аз аъзои утоқи бозаргонии Эрон ба рӯзномаи англисизабони “Ирон Дейлӣ”, ки дар Теҳрон мунташир мешавад, изҳор дошт, ки раъйзаниҳо миёни фаъолони иқтисодии Эрон ва Амрико дар ҷараён аст, ки метавонад дар камтар аз як моҳ ба роҳандозии утоқи муштараки ду кишвар мунҷар шавад.
Ҳиҷозӣ бо ишора ба сабти як утоқи муштараки бозаргонӣ дар ИМА, ки чанде пеш анҷом шуд, ин иқдомро имконе барои барқарории муҷаддади робитаи бозаргонӣ миёни ду кишвар унвон кард.
Ба гузориши сойти хабарии “Тасним”, имсол дар ҷараёни сафари ҳайатҳое аз Бонки марказӣ ва Вазорати иқтисоди Эрон ба Амрико барои ширкат дар иҷлоси Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул яке аз бозаргонони иронии сокини Вошингтон аз сабти утоқи муштараки бозаргонии ду кишвар ба унвони як созмони ғайридавлатии (NGO) хабар дод.
Эҳтимоли ташкили гурӯҳи дустии парлумонӣ
Сайти хабарии “Тасним”, бо нақл аз бозаргони иронии муқими Амрико навишт, ташкил ва сабти утоқи муштараки Эрон ва Амрико ба дастури вижаи Муҳамад Наҳовандиён, раиси дафтари Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҷараёни сафари раисҷумҳур ва ҳамроҳонаш ба Ню-йорк барои ширкат дар Маҷмаъи умумии Созмони милал анҷом шудааст.
Бинобар ин гузориш, Валиюллоҳ Сайф, раиси кулли Бонки марказӣ зимни таъйиди сабти ин утоқ дар Амрико гуфтааст: “Шояд ин NGO-и ҷадид битавонад маншаи кор бошад ва мушкилотро ҳал кунад; шояд утоқи муштараки битавонад аҳдофи Эронро пайгирӣ кунад.”
Дар пайи тавофуқҳои ҳастаӣ дар Женева ва таълиқи бархе аз таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии исломӣ умедвориҳои бо эҳтиёт нисбат ба беҳбуди равобити бозаргонии Эрон бо дигар кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омадааст.
Чанде пеш манобеи хабарӣ бо нақл аз Акбар Турконӣ, мушовири аршади раисҷумҳур гузориш доданд, ки Ҳасан Рӯҳонӣ ба масъулон дастур додаааст, барқарории як хати мустақими парвози миёни Эрон ва Амрикоро баррасӣ кунанд.
Аз замони ташкили ҳукумати ёздаҳум, ки таъомул бо кишварҳои ғарбиро аз аҳдофи сиёсати хориҷии худ эълон кардааст, таҳаррукоте дар ин арса ба чашм мехӯрад. Дар моҳҳои гузашта баҳсҳо низ дар мавриди эҳтимоли ташкили гурӯҳи дустии порлумонӣ миёни ду кишвар ба гӯш мерасад.
Муҳаммадризо Боҳунар, ноиби раиси парлумон чанде пеш ба сойти парлумон гуфт, ташкили ин гурӯҳ хати қирмиз нест ва таъкид кард: “Ҳатман, дипломатияи умумӣ ва ғайрирасмӣ бояд қабл аз дипломатияи расмӣ шакл бигирад.”
Манбаъ: Хабаргузории Олмон