Ҳаёт, назокату латофат ва қимати он

TBegin:http://nahzat.tj/uploads/posts/2014-07/1405763267_6e0be82d8e27a4aee2cc9bbc535f0ed6_l.jpg|leftҲаёт, назокату латофат ва қимати онTEndcolorstart:#000000Раванди ба бузургӣ расидани инсон ҳамонанди рӯйидани гиёҳест, ки Аллоҳ таборак ва таъоло дар вуҷудаш арзонӣ доштааст. Масалан, агар дона барои нашъунамо пайдо кардан дар ҷои номуносиб афтад, бо гузашти марҳалаи муайян ба як растании бороваре табдил меёбад, вале агар зери таъсири ҳар гуна қувваҳои манфӣ бимонад, хушк гардида, нобуд мешавад.

Ба ҳамин монанд, Офаридгори тавоно дар вуҷуди ҳар як инсон имконияту тавонмандиҳои бепоёнеро гузоштааст. Агар тибқи меъёрҳои ахлоқию имонӣ рӯи ин киштзори худ талош варзем ва итоату бандагиро бештар намоем, дар натиҷа дарахти зебое ба бор хоҳад омад, ки шохаҳои он ба зиндагии охират пайваст буда, ҳосилаш дар ин дунё ахлоқи шоиставу накӯкорӣ ва дар охират биҳишти ҷовидони пурнеъмат хоҳад буд.

Ҷомеъа, муҳит ва атрофиён дар диду ҷаҳонбинии ҳар инсон ба таври худ нақши хос мегузоранд. Беҳуда дар яке аз ҳадисҳои набавӣ дар мавриди муҳиммияти интихоби ҳалқаи дӯстону ҳамсуҳбатон гуфта нашудааст, ки Паёмбари гиромӣ (с) дар он мефармояд: «Ҳар инсоне ба дини дӯсташ аст».
Яъне инсон ба ҳамон бовару ақидаест, ки дӯсти наздикаш онро дорад. Пас ҳар нафаре аз мо бояд ҷиддан бингарад, ки бо чӣ касе дӯстӣ меварзем?!
Афсус, баъзеҳо мафҳум ва арзиши бузурги зиндагии инсониро, ки Қуръон баёнгари он ҳаст, намедонанд. Аллоҳ таборак ва таъоло дар каломи шарифаш маҳрум кардани як инсонро аз ҳаёт баробар ба куштани тамоми инсоният ва баръакс зиндагӣ бахшидан ба инсонро баробар ба ҳаёт бахшидан ба тамоми башарият медонад.

Ибораи «зиндагӣ бахшидан»-ро метавон чунин тафсир кард: Наҷоти ҳаёти инсон (масалан: ба воситаи амалҳои тиббӣ), зинда кардани ҷанбаҳои имонии он, барқарор намудани одоб ва хулқи ҳасанае дар ӯст, ҳамчунин кумакҳои молӣ ва ғ.

Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳаёти касеро дар хатар гузорад, хусусан ҳаёти нафареро, ки дар қалби ӯ имоне ба Худост. Худо мефармояд: «Ӯ Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад ва касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва Ӯ шуморо ба он чизҳое, ки дар он ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад», («Анъом»,164).

Бо таваҷҷуҳ ба мушоҳидаи воқеъаҳои даҳсолаҳои охир саволе ба миён меояд, ки чаро баъзе инсонҳо бо ба миён овардану ҳукм кардан тибқи қоидаҳои шахсиашон, худро навзубиллоҳ, ба Худо ва қавонини Ӯ тарҷеҳ медиҳанд? Чаро бо такя ба қонуну қоидаҳое, ки инсон онҳоро таҳия кардааст, болои мардуми бегуноҳ ҳукм мекунанд?

Бояд ба хубӣ дарк кард, ки ҳар фарде дар ҷомеъа дар пешгоҳи Аллоҳ ҷавобгари амалҳои анҷомдодаи худаш аст. Душманӣ танҳо душманиро меафзояд. Зиндагии Расули Худо (с) барои мо намунаи ибрат аст ва дар он ҳеҷ далелеро пайдо карда наметавонем, ки тасдиқкунандаи амали афроде бошад, ки озору ранҷдиҳандаанд.

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҷанг, душманӣ ва нооромиҳо хаста гашта, ба шиддат ниёз ба сулҳу оромӣ ва шафқат дорад. Миёни инсоният умумиятҳои зиёде вуҷуд доранд, вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро мо роҳи иттиҳоду ягонагиро пешаи хеш қарор намедиҳем ва ё ҳадди ақал барои ёфтани он кӯшиш ба харҷ намедиҳем?

Дуруст аст, дар вуҷуди ҳар нафар хубиеро пайдо кардан мумкин аст, ки дар дигарон дида намешавад, аммо тафовуту ихтилофотро ҷӯё шуда, пайдо намудани хубиву зебоиҳоро сарфи назар мекунем. Мушкилоту камбудиҳо дар роҳ зиёданд. Аз аксари ин мушкилот, ки аз тарафи шахсе ва ё гурӯҳе бо ҳадафҳои манфиатхоҳона ва ба тарзи сунъӣ ба вуҷуд оварда шудаанд, бояд шарм кард. Агар мо ҳамеша ба ин мушкилоту ихтилофот аҳамият диҳем, пас қадаме ба пеш гузошта наметавонем, ки натиҷа дар гирдоби рӯҳафтодагиву хастагӣ ва бечорагӣ ғарқ гаштану худро дар роҳи идораи нооромиву изтиробҳои равонӣ гум кардан аст.

Моро зарур аст, ки ҳадафҳои олиро пеш гирифта, барои расидан ба онҳо талош варзем ва фаромӯш насозем, ки ҳадафи олитарини мо ба даст овардани ризояти Ҳақ таъолост!

«Ривоят шуда, ки ду нафар аз ёрони Пайғамбар (с) ҳар боре ки бо ҳам вомехӯрданд, пеш аз ҷудо шудан, нафаре аз онҳо барои дигараш сураи муборакаи «Аср»-ро қироат мекунад», (Тафсири Ибни Касир).

Бо пайравӣ аз суннати ҳасанаи асҳоби киром (ъ) ҳамчун ҷамъбасти андеша ҳамин сураро ин ҷо меорам: «Қасам ба замон, ки ҳамаи одамӣ дар зиён аст, магар ононе, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд ва якдигарро ба (дини) ҳақ васият карданд ва ҳамдигарро ба шикебоӣ васият намуданд», (сураи «Аср»).

Имон, корҳои шоиста, даъват ба Ҳақ ва сабр, кафолати хушбахтии мо дар ҳарду ҷаҳон хоҳад буд. Боз ҳам диққати бештар диҳем, ки дар қатори имон, корҳои шоиста ва даъват ба Ҳақ ва сабр шудааст.

Аз ин рӯ, моро лозим меояд, ки бо ин силоҳ (сабр) муҷаҳҳаз шавем, то Худованд онро василаи расидан ба ҳаёти беҳтар барои мо ва наслҳои оянда гардонад.

Суҳроб Салимов/colorend

More From Author

You May Also Like