Фардо, 17 – январи соли равон дар бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шӯробод конфронси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Муҳаммадшарифи Набӣ, масъули шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлобдар назар аст, ки дар ин конфронс ҳисобот ва гузороши дусолаи масъулони бахш дар ҳузури вакилон ва меҳмонон шунида шавад.
Муҳаммадшарифи Набӣ мегӯяд, дар ин конфронс ҳамзамон раиси нав низ таъин хоҳад шуд.
Тибқи оинномаи ҲНИТ дар ду сол якбор дар ҳама шуъбаҳо ва бахшҳои ҲНИТ конфронси ҳисоботӣ доир гардида дар он раиси нав интихоб карда мешавад.