Categories БА СУИ НУР

Оё Ислом бо зӯри шамшер нашр гаштааст?

Даъвои ин ки гӯиё Ислом дар олам бо зӯри шамшер нашр гардида аст, шубҳаест, ки аз тарафи шахсони соҳибғараз паҳн мегардад. Онҳо чунин даъво доранд, ки гӯиё Паёмбар (с) шахси тундрав буданд, хунрезиро дӯст медоштанд, ислом бо зӯри шамшер нашр гардида аст ва гӯиё пайравони ин дин бо ихтиёри худ аз он пайравӣ накардаанд, балки бо роҳи зӯрӣ ва маҷбурӣ ба ислом даромадаанд.

Вале асл ин аст, ки ҳақиқати таълимоти ислом ва воқеаҳои таърихӣ дурӯғ будани ин тӯҳматномаро исбот намуда, онро решакан месозад.

Абӯсуфён (р), ки яке аз пешвоёни қурайш буда ва баъд аз муҳорибаи бештар аз бист сол бо Паёмбар (с) имон оварда аст, чунин шоҳидӣ медиҳад: “Ман бо ту тӯли ин солҳо ҷангидаам, пас чӣ муборизи хубе будӣ ва баъд аз он бо ту сулҳ бастам, инак чӣ қадар шахси мусолиматхоҳе ҳастӣ?!

ҚоидаиДар дин маҷбурӣ нест!”

Аллоҳ таоло дар Қуръон вобаста ба озодии дин қоидаи асосиеро гузоштаанд: “Дар дин маҷбурсозӣ нест.” (Бақара, 256)

Дар асоси ин ояи карима Расули Худо (с) ва дар умум мусалмонон касеро ба пайравии дини ислом маҷбур накардаанд ва ҳамчунин мардумро маҷбур накардаанд, ки барои раҳоӣ ёфтан аз марг ва ё азоб худро мусалмон нишон бидиҳанд. Зеро чӣ гуна онҳо касеро барои мусалмон гаштан маҷбур мекунанд, дар ҳоле, ки яқинан исломи маҷбурӣ дар охират пазируфта нест ва ҳама мусалмонон амалҳои худро барои ноил гаштани охирати обод анҷом медиҳанд.

Дар мавриди сабаби нозилшавии ояи боло зикрёфта чунин омад аст. Марди ансорие аз қабилаи Солим ибни Авф ду писаре дошт, ки пеш аз нубуввати Расули акрам (с) насронӣ гашта буданд. Сипас баъд аз биъсати Паёмбар (с) бо ҷамъе аз насрониҳо бо худ равғани зайтун гирифта ба Мадина ворид шуданд. Падарашон аз пайи онҳо рафта, ба писаронаш гуфт: “То мусалмон нашавед, шуморо тарк намекунам!” Онҳо ин дархости падарашонро рад карданд ва аз ислом сарпечӣ намуданд. Падарашон ин даъворо назди Сарвари олам (с) овард ва гуфт: “Эй Расули Худо! Оё ман розӣ шавам, ки порае аз баданам ба биҳишт равад ва пораи дигараш вориди дӯзах гардад?!”

Дар ҳамин ҳолат ояи боло нозил гардид: “Дар дин маҷбурсозӣ нест!” (Бақара; 256)

Баъд аз нозилшавии ин ояи муборака падари он ду насронӣ роҳи писаронашро раҳо кард.

Дини ислом масъалаи имон овардан ва ё кофир шуданро аз ҷумлаи масоиле қарор дода аст, ки ба хоҳиши шахсӣ ва қаноатмандии дарунӣ вобастагӣ дорад.

Пас ҳар кас мехоҳад, имон оварад ва ҳар кас мехоҳад, пас кофир шавад.” (Сураи Каҳф:29)

Инчунин Қуръон назари Паёмбар (с)-ро ба он ҷалб намуда аст, ки вазифаи Ҷанобашон (с) танҳо даъвати мардум ба сӯйи ислом аст ва Эшон мукаллаф нестанд, ки мардумро иҷборан ба ислом биёранд. “Оё ту мардумро маҷбур мекунӣ, то мӯъмин гарданд.” (Сураи Юнус: 99) “Ту болои онҳо (кофирон) чира нагаштаӣ.” (Сураи Ғошияҳ: 22) “Агар онҳо (аз имон) рӯй тофтанд, пас мо туро барои нагҳбониашон нафиристодаем. Вазифаи ту танҳо таблиғ асту бас.” (Сураи Шуро: 48)

Бо ин ва дигар ояҳои Қуръон маълум мегардад, ки Сарқонуни мусалмонон масъалаи маҷбурсозии касеро дар мавриди мусалмоншавӣ ба таври қотеъ рад карда ва онро аслан қабул надорад.

Мавзеъгирии Паёмбар (с) бо Сумома ибни Усол (р)

Дар асоси қоидаи қуръонии боло “Дар дин маҷбурсозӣ нест” таърихан собит гаштааст, ки мусалмонон дар яке аз сарияҳо (сария ба ҷанге гуфта мешавад, ки бидуни ҳузури Расули акрам (с) сурат гирифта бошад. Аз мутарҷим.) пешвои қабилаи Ҳанифа, Сумома ибни Усоли ҳанафиро ба асорат гирифтанд, вале касе ӯро намешинохт. Вақте ӯро назди Расули Худо (с) оварданд, Сарвари олам (с) Сумомаро се рӯз назди худ нигоҳ доштанд. Ҳар рӯз исломро ба вай бо услуби хеле зебо пешниҳод мекарданд, то мусалмон шавад, аммо ӯ ин пешниҳодро рад карда, чунин мегуфт: “Агар мол мехоҳӣ, моли зиёд медиҳам, агар куштан мехоҳӣ, пас хунамро бирез ва агар раҳоям кунӣ, сипосгузор мешавам.” Баъди гузашти се рӯз Паёмбар (с) ӯро аз банди асорат раҳо намуданд ва Сумома ба назди дарахти хурмои наздик ба масҷид рафт. Сипас баъд аз андешаи амиқ ғусл гирифт ва ба масҷиди Ҷаноби Паёмбар (с) ворид шуда, гуфт: “Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ таоло лоиқи парастиш нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки ту фиристодаи Аллоҳ таоло ҳастӣ.

Сипас хитоб ба Расули акрам (с) чунин гуфт: “Эй Муҳаммад! Қасам ба Худо, пеш аз ин дар рӯйи замин бароям ҳеҷ чеҳрае аз чеҳраи ту зишттар наменамуд, вале имрӯз маҳбубтарин чеҳра ин симои шумост. Қасам ба Худо, қаблан ҳеҷ дине ба андозаи дини ту бароям қабеҳтар набуд, вале имрӯз маҳбубтарин дин бароям ин дини туст. Қасам ба номи Худо, шаҳри ту пеш аз ин бароям бадтарин кишвар буд, вале аз ин ба баъд он барои ман азизтарин кишвар ба ҳисоб меояд. Акнун ман қасди ҳаҷҷи умра дорам. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

Паёмбар (с) ӯро ба хушбахтӣ дар дунёву охират мужда доданд ва фармон карданд, то ҳаҷҷи умра анҷом диҳад.

Вақте Сумома (р) ба Макка ворид шуд, мушрикони Макка ба вай гуфтанд: “Оё аз дини худ даст кашидӣ?!” Сумома гуфт: “Ҳаргиз! Балки ба Паёмбар (с) имон овардам ва мусалмон шудам. Қасам ба номи Худо, аз ин ба баъд бидуни иҷозаи Паёмбар (с) аз Ямома ба кишвари шумо ҳатто як дона гандум ҳам намеояд.” (Ривояти Бухорӣ)

Тавре аз ривояти боло маълум мегардад, Сумома ибни Усоли ҳанафӣ (р) бидуни фишор ва маҷбурсозӣ имон овард ва имону эътиқодаш то он ҳад қавӣ гашта буд, ки ҳатто бо мушрикони Макка қатъи робитаи иқтисодӣ намуд, дар ҳоле, ки медонист бо ин амали худ сарвати хеле зиёдашро аз даст медиҳад ва робитаҳои қавии иҷтимоии вай бо ашрофони Макка қатъ мегардад. Сабаби тасмими Сумома дар қатъи робитаи иқтисодӣ дар он буд, ки мушрикони Макка бо Паёмбар (с) душманӣ доштанду ҳамеша алайҳи дин мубориза мебурданд.

Муқойисаи ҷангҳо дар дини ислом ва ҷангҳои хунхоронаи ҷаҳони имрӯз

Агар аз рӯйи ақли солим ҳам нигоҳ кунем, касе, ки дар кадом як коре маҷбур мегардад, ба муҷарради пайдо кардани фурсати муносиб аз он рӯй мегардонад ва ҳатто алайҳи ончи маҷбураш кардаанд, душманӣ меварзад. Дар ҳоле, ки таърих дар робита ба мусалмоншавии касе чунин ҳолатеро сабт накарда аст, балки баръакс ҳар касе ҳатто як лаҳза лаззат имону исломро чашида аст, дар ҳол барои дифоъ аз дине, ки ӯро шефтаи худ сохта аст, қиём намуда аст.

Аз ин ҳам мисоли содда ва ба зеҳнамон хеле наздик оморҳо (статистика)-и ҳама сола дар бобати зиёдшавии саффи мусалмонон аст. Бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо, муборизаҳо, душмантарошиҳо ва тӯҳматҳо алайҳи ислом боз ҳам ҳамарӯза шумораи мусалмонон рӯй ба афзоиш аст.

Агар мо ба оморгирии тамоми ҷангҳои замони Паёмбар (с), шаҳидони майдонҳо ва ҳама кушташудагони тарафи душман бипардозем ва ин ҳамаро бо ҷангҳои асри худамон муқойиса кунем, бо ҳолати аҷибу ғарибе рӯ ба рӯ мегардем!!!

Адади шаҳидон дар тамоми ҷангҳои Паёмбар (с)-тӯли даҳ соли Мадинаи мунаввара-тақрибан ба 262 (ду саду шасту ду) нафар ва шумораи ҳама кушташудагон аз тарафи душман ба 1022 (ҳазоур бисту ду) нафар мерасад. Пас шумораи кушташудагони ҳарду тараф ба ҳисоби миёна болиғ ба 1284 нафар мебошад.

Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки адади лашкариён дар он замон кам буд, ба ҳамин сабаб кушташудаҳо ҳами кам ҳастанд. Ман (доктор Роғиб Сирҷонӣ) барои барҳам додани ин шубҳа ба оморгирии адади муборизони майдонҳо пардохта, сипас шумораи кушташудагонро нисбат ба иштиркчиён дар майдони ҷанг ҳисоб кардам. Бо ин таҳқиқот натиҷаеро ба даст овардам, ки маро ба даҳшат андохт!!!

Нисбати шаҳидон дар муқойиса ба адади лашкариён ба 1% ва нисбати кушташудагони тарафи душман дар муқойиса ба адади лашкариёнашон ба 2% мерасад. Пас ба ҳисоби миёна адади кушташудагон аз ҳарду тараф ҳам ба 1,5% мерасаду бас!

Ин адад ва фоизи ниҳоят ками кушташудагон дар муқойиса ба он ҳама ҷангҳое, ки он замон сурат гирифта аст-адади ғазваҳо ба бисту ҳафт ва шумораи сарияҳо (ҷангҳои бидуни ширкати Паёмбар (с)) сиву ҳашт адад-ки дар маҷмӯъ шасту се ҷанг мешавад, ошкортарин далел аст, ки ҷангҳои замони Паёмбар (с) аз тӯҳматҳои хунин будан поку барӣ аст.

Барои ин ки сурати масъала боз ҳам возеҳтар гардад, банда (Роғиб Сирҷонӣ) даст ба оморгирии адади кушташудагони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ-албатта, барои намуна аз ҷангҳои тамаддунҳои муосир-зада ва онро ҳисобу китоб кардам.

Баъд аз таҳқиқот ба ин натиҷа расидам, ки фоизи кушташудагон дар ин ҷанг ба 335% расида аст. Албатта, рақамҳои зикршуда дурӯғ нест! Адади ҷанговарон дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 15.600 000 (понздаҳ миллиону шашсад ҳазор) буда, шумораи кушташудагон 54. 800 000 (панҷову чор миллиону ҳашт сад ҳазор) нафар мебошад. Ин фоиз маънои онро дорад, ки шумораи кушташудагон дар ин ҷанг се баробар аз шумораи ҷанговарони иштирокчии майдонҳо бештар буда аст.

Шарҳу тафсири ин адади ниҳоят зиёд ба он бастагӣ дорад, ки ҷангворони ҷанги дуюуми ҷаҳонӣ-бидуни истисно-даст ба куштори мардуми осоишта мезаданд. Тариқи ҳавоӣ ҳазорҳо тон маводи таркандаро болои сари мардуми осоишта ва шаҳру деҳаҳо меандохтанд, башариятро ба пуррагӣ нобуд месохтанд ва тухми инсонро аз рӯйи замин пок мекарданд. Ҳоло зарарҳои иқтисодӣ ва бадарға кардани ҳазорҳо-ҳазор нафари дигарро як тараф мемонем! Воқеан ҳам ин ҷанг сахттарин ва даҳшатовартарин мусибат болои инсоният буд!!!

Паҳншавии Ислом дар асри ҳозир

Дар ивази ин ки мо ба ҳисобу китоби ҷангҳои асри пешин, сабабҳои он пардозем, роҳи осонтар ин аст, ки як бор ба харитаи олами имрӯза назар андозем. Бо ин роҳ ба ин яқин мерасем, ки ислом ба зӯри шамшер паҳн нагашта аст, балки ин як дасисаи тарафҳои соҳибғараз мебошад.

Имрӯз кишварҳое, ки дар он ҷангҳои исломӣ камтар сурат гирифта аст, адади бештари мусалмонони олам онҷо умр ба сам мебаранд. Масалан кишварҳои Индонезия, Ҳиндустон, Хитой, соҳилҳои қитъаи Африқо ва саҳроҳои паҳноваре, ки ба он пайваст ҳастанд. Адади мусалмонон дар ин манотиқ қариб ба се сад миллион мерасанд. Дар ҳоле, ки дар ин кишварҳо чандон ҷангҳои сахте миёни мусалмонон ва аҳли минтақа сурат нагирифта аст, ки битавонад ҳазорҳо нафарро маҷбурӣ ба ислом оварад, ҳоло адади миллион он тараф истад. Акнун миёни ин кишварҳо ва кишварҳое, ки аввалин маротиба дар оғози нашри ислом лашкариёни мусалмон барои ҷангидан ба он манотиқ раҳсипор гардидаанд, муқойиса мекунем. Шаҳрҳои Ироқу Шом (Сурия). Имрӯз адади мусамлонон дар ин кишварҳо шояд аз даҳ миллион бештар набошад. Дар ин кишварҳо касоне умр ба сар мебаранд, ки ба дину ойини худ-масеҳият, яҳудият, бутпарастӣ-боқӣ мондаанд ва то ҳол мусалмон нашудаанд. (Ниг: Адиби варзидаи мисрӣ, Аббос Маҳмуд Аққод; Ҳақиқатҳои ислом ва ботилгӯиҳои душманонаш; с 169/170)

Муаррихи фаронсавӣ, Гостов Лубен дар китоби “Тамаддуни Араб”-и худ, ки дар яке аз мавзӯоти он дар бораи интишори ислом дар замони Паёмбар (с) ва кишваркушоиҳои хулафо баҳс карда аст, мегӯяд: “Таърих исбот карда аст, ки дин ҳаргиз ба воситаи зӯрӣ болои сари мардум ҳамл карда намешавад. Пас маълум мегардад, ки ислом ҳеҷ гоҳ ба воситаи шамшер нашр нагрдида аст, балки ягона роҳи паҳншавии ислом ин даъвати бо ҳикмат буд. Танҳо бо роҳи даъват миллаҳое исломро пазируфтаанд, ки билохира мағлуб гаштанд, яъне туркҳо ва муғулҳо. Таълимоти ислому Қуръон дар Ҳиндустон-арабҳо дар ин кишвар ҳукми сарзаминро доштанд-ба он андоза нашр гардид, ки адади мусалмонҳо ба бештар аз панҷ сад миллион нафар мебошад. Нашри ислом дар Хитой ҳам чандон андак нест, дар ҳоле, ки арабҳо аслан порае аз онро бо лашкаркашӣ фатҳ накардаанд…” (Ҳамон манбаъ: 128/129)

Хулоса, ислом бо қалбҳо ҷангида, дилҳоро тасхир карда аст. Агар шамшер имкони ҷангидан дошта бошад, танҳо замину хокро тасхир мекунад ва қудрати ба даст овардани дилҳоро надорад!!!

Нависанда: Муаррихи забардасти мисрӣ, доктор Роғиб Сирҷонӣ

Мутарҷим: Абдуллоҳ Оқилзода

More From Author

You May Also Like