Эҳтимол меравад, ки Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири кишвар аз натиҷа ва дастоварди сафари якҳафтаинаи хеш ба Исфара ва гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ба ҷаноби Э.Раҳмон гузориш бидиҳад.
Ба ҳар ҳол, аз қабл дар мавриди эҳтимолияти васл кардани деҳаи Ворух ба марзи Тоҷикистон гӯмагӯҳое ҷой доштанд, ҳатто ин масъала аз забони ҷаноби Алимардон ҳам садо додааст, ки гӯё Ворухро аз «анклава» берун мебарорем.
Ду ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар натиҷаи таҳқиқи сабабҳои тирпаронии рӯзи 11-уми январ дар маҳалли низоъ мушаххас карданд, ки он дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аммо ин гуфтор ва ё натиҷагирӣ аз ҷониби мақоми қирғиз расман тасдиқ ва эълон нашудааст.
Муродалӣ Алимардон ҳанӯз рӯзи шанбе, 8 феврал дар минтақаи Ворух бо ҳайатҳои се гурӯҳи кории тоҷикистонӣ мулоқот кардааст ва баъдан нафарони аввали ҳукумати вилояти Суғд ҳам бо мардуми деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аълои Исфара мулоқот доштаанд. Ҳарфи ҷаноби Алимардон дар мавриди аз «анклава» берун баровардани Ворух бо такя ба натиҷаи мулоқот бо гурӯҳои кории ҳукумат, он ҳам дар дидору мулоқот бо сокинони ин деҳа садо додааст.
Categories
Ахбори рӯз