Маҷмаъи умумии СММ рӯзи чаҳоршанбе бо тарафдории аксари раъй қароре ба тасвиб расонид, ки ҷудо шудани Қрим аз Укроин ва қаламрави Русия эълон шудани онро дар асоси раъйпурсӣ беасос медонад, агарчи иҷрои ин қарор барои кишварҳои узви СММ ҳатми дониста намешавад.
Бояд гуфт, аз 193 узви СММ ба тарафдории ин санад 100 кишвар раъй додаанд. 11 кишвар мухолиф ва 58-и дигар аз раъй додан худдорӣ варзидаанд, ки Тоҷикистон шомили гурӯҳи ахир будааст. Баъзе аз кишварҳо, умуман, дар раъйдиҳи ширкат накардаанд.
Дипломатҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки шумораи «тарафдорон»-и қарори мазкур бештар аз он чизе буда, ки интизор доштаанд.
Categories
Ахбори рӯз