Имрӯз, 8-уми май ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, презденти ҶТ ғайриинтизор ба Маскав сафар намуд, ки гуфта мешавад, ин сафараш дар асоси даъвати ҷаноби В. Путин, президенти Русия сурат гирифтааст.
Ин хабарест, ки манбааш Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия мебошад ва дар зимн ишора шуда, ки ҷаноби Путин бо бархе аз сарварони кишварҳои пасошӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигаре аз манотиқи атрофи Русия мулоқоти ғайрирасмӣ доир намуда, дар он масоили ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус қазияи Укроинро ба баҳс мекашад. Дар ин нишасти ғайрирасмӣ сарварони кишварҳои Қирғизистон ва Арманистону Белорус ҳузур пайдо менамоянд.
Тавре аз гузоришҳои ВАО-и ҷаҳонӣ маълум мегардад, вазъият дар Укроин ташвишовар ва нигаронкунанда ба назар мерасаду дар сатҳи ҷаҳонӣ айбгузориҳои қудратҳои ҷаҳонӣ нисбат ба якдигар шиддат пайдо мекунад, аммо давлати муваққат дар Киев дар ҷангҳои дохилии Укроин танҳо Маскавро айбдор медонад. Вале кадоме аз кишварҳои ишорашуда, ки имрӯз раҳбарони онҳо даъвати ғайриинтизори Маскавро дарёфт карданд, садо баланд накардаанд, ҳатто Минск ҳам. Суоли матраҳ ин хоҳад буд, ки чаро дар чунин марҳалаи ҳассоси муносибатҳои Маскав ва Киев тамринҳои низомӣ баргузор мегарданд ва сарварони давлатҳои ишорашуда дар он бояд ширкат намоянд? Дар ҳоле ки ҷаноби Э.Раҳмон дар чанд моҳи ахир кадом даъвате аз кишварҳои дуру наздик барои анҷоми сафари расмӣ надоштааст…
Categories
СИЁСАТ