Ширкати «Барқи тоҷик» нақшаи чорабиниҳо барои фасли тирамоҳ ва зимистонро рӯзи Душанбе ба Ҳукумат пешниҳод мекунад, ки ҷорӣ кардани лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишварро дар бар мегирад. Дар ҷаласа тарҳи пешниҳод намудаи «Барқи тоҷик» эҳтимол баррасӣ карда шавад. Аммо масъулини Ширкати «Барқи тоҷик» эҳтимоли ҷори шудани лимит ё маҳдудияти барқро дар моҳи октиябр рад накардаанд. Рашид Гулов муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки эҳтимол дорад, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар моҳи октябр ҷорӣ шавад. Гулов дар ин замина таъкид доштааст, ки «соли гузашта дар ин шабу рӯз, нерӯи барқро Тоҷикистон аз Узбакистон мегирифт ва имсол ин тавр нест. Ба ин далел, маҳдудият зарур аст, то вазъи таъмини нерӯи барқ танзим шавад».
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола бо ҷори гаштани маҳдудияти нерӯи барқ ба манзили шаҳрвандон мушкилоти зиёде пеш меояд. Ҳамзамон набудани барқ ба фаъолияти мунтазами корхонаҳо ва дигар идорот низ таъсир худро мегузорад.
Categories
Ахбори рӯз