Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия кушта шудани 23 нафар афсарон ва сарбозонро дар даргириҳои бо гурӯҳи муҳоҷимини воқеъ дар Камароб таъйид намуд. Аммо оҷонсии «Азия плюс» ва «Интерфакс», «Риа новостӣ» шумори дар ин даргириҳо ҳалокшударо 40 нафар арзёбӣ кардаанд. Бино ба гузориши расида аз Рашт замоне, ки корвони мошинҳои нерӯҳои ҳукуматӣ барои боздошти маҳбусони фирорӣ аз самте ба самти дигар ҳаракат доштанд, мавриди як ҳам ҳамлаи ғофилгирона аз ҷониби гурӯҳи ношинохта қарор гирифтанд. Тибқи иттилоои расонаҳо ин мошинҳо мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта, ки бар асари он сарбозон ва чанд афсари вазорати мудофиа кушта ва захмӣ гардидаанд. Айни ҳол мақомот расман эълон кардаанд, ки ин ба ин кор гурӯҳҳои ҷангҷуйи Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) даст дорад. Аммо баъзе расонаҳо аз даст доштани қумондони дигар Аловаддин Давлатов (Алии Бедакӣ) низ гузориш медиҳанд. Вале дақиқан маълумоти расмӣ дар ин бора пахш нагардидааст. Дар ҳамин ҳол Президент Э. Раҳмон аз Амрико ба оилаҳои пайвандонашон дар ин даргириҳо фавтида изҳори тассалият намуда, аз мақомоти қудрати хоста, то нафарони ба ин амали даҳшатафкан даст дошта муҷозот гарданд. Айни ҳол тибқи гузоришҳои таъйид нагашта, нерӯҳои интизомӣ ва қудрати ба як амалиёти васеътар алайҳи ин гурӯҳҳои Мулло Абудулло омодагӣ мегиранд. Барои мубориза ва бесилоҳ кардани афроди ҳамлагар ба ин минтақа гурӯҳҳои иловагӣ фиристода шудааст. Дар сӯҳбат ба хабарнигори радои «Озодӣ» Олим Одилов яке аз размандагони таҳти фармони Мирзохӯҷа Аҳмадов баён дошта, ки онҳо дар ин амалиёт ширкат надоранд ва бо фаъолиятҳои муқаррарии худ машғул ҳастанд.
Вале гузоришҳо ба он ишора мекунанд, барои тақвияти нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷилавгири аз нооромиҳои баъдӣ ба ин минтақа ду деҳа деҳоти Шулмак ва Шулеи дараи Камароби ноҳияи Ғарм нерӯҳои изофӣ ирсол гаштаанд.
Categories
Ахбори рӯз