Вохӯрии навбатии раиси ҲНИТ бо ҷавонон

Вохӯрии навбатии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо ҷавонон рӯзи ҷумъа, 16-уми май дар қароргоҳи ҳизб баргузор мегардад.
Фатҳуддини Усмон, масъули шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ имрӯз, 13 май гуфт, вохӯрии раиси ҲНИТ бо ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба назар гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ин масъули ҳизб, замони баргузории вохӯрии раиси ҲНИТ, вакили мардумӣ дар парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон соати 14:30 муайян шуда, ширкат дар он озод аст.
Бояд гуфт, тибқи барномаи кории Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, тақрибан ҳар моҳе вохӯрии раиси ҳизб бо ҷавонон доир мегардад, ки мавзӯи баҳсро худи ҷараёни дидор муайян менамояд.
Зимнан дар чунин дидорҳо суолу ҷавоб доир гашта, ҳамчунин пешниҳодҳое низ ироа мегарданд.

More From Author

You May Also Like