Categories МУҲОҶИРАТ

Мактаби забономӯзӣ барои муҳоҷирин

Инак, муҳоҷирини тоҷик дар Маскав метавонанд ба таври ройгон забони русиро дар мактаби навтаъсиси боғи фарҳангии «Музеон» омӯзанд.
Торнамои «Россия для всех» менависад, «бинои тобистонаи «Школа» аз рӯзи 5-уми май дарҳои худро барои омӯзонидани забони русӣ ба рӯйи муҳоҷирини корӣ дар шаҳри Маскав боз кард, ки ҳадафи асосии он рушди таҳаммулпазирӣ байни миллатҳо ва имконоти шиносоии бештар пайдо намудан ҳам бо фарҳанги русӣ, ҳам миллатҳои ИДМ аст».
Гуфта мешавад, омӯзгорон, аз намояндагони миллатҳои Осиёи Марказӣ ва Молдова, ки дар макотиби олии Маскав фаъолият мекунанд, барои дарс гуфтан ба муҳоҷирин даъват карда шудаанд.
Ба навиштаи пойгоҳи хабарӣ, онҳо, ки дар борабари забони русӣ забони модарии худро хуб медонанд, ба муҳоҷирини ҳамватанашон забонро хубтар омӯзонида метавонанд.
Забони тоҷикӣ, тибқи ҷадвали қаблии ин мактаб, рӯзи ҷумъа, сешанбе забони ӯзбакӣ, рӯзи чоршанбе забони молдовӣ ва рӯзи панҷшанбе забони казоқӣ омӯзонида мешавад. Тамоми маводи зарурӣ ба муҳассилин ройгон пешниҳод мегадад.
Манбаъ менависад, дар мактаб ғайр аз курсҳои омӯзишӣ гузаронидани лексияҳо, вохӯриҳо ва намоишномаҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳанӯз тарзу усулҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо дар шабакаҳои интернетӣ ҷорӣ нашудааст, хоҳишмандон бо тамос ба нишонии «vsеrgееva@muzеon.ru» метавонанд дар робита ба ин масъала маълумоти бештар пайдо кунанд.

More From Author

You May Also Like