Аз боздошти Зайд як сол гузашт…

Имрўз аз замони боздошти соҳибкори шинохта Зайд Саидов як сол сипарӣ гашт. Мавсуф 19 –уми майи соли гузашта зимни бозгашт аз Фаронса дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Бояд гуфт, Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Комсомолобод, Нурободи ҳозира ба дунё омада, таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст ва соли 1983 риштаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Мавсуф пас аз хатми донишгоҳ, сар аз соли 1983 то ибтидои соли 1993 дар вазифаҳои мухталиф дар мақомоти давлатии Тоҷикистон фаъолият намуда, моҳи октябри соли 1993 дар шаҳри Маскав ҶСШП «Халиф»-ро асос гузошт ва то соли 1999 дар Маскав фаъолияти корияшро идома дод.
Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, соли 1999 дар доираи мандати 30-фисада аз ҷониби мухолифин раиси Кумитаи давлатӣ оид ба умури саноат таъйин гашт ва чун, соли 2002 кумитаи мазкур ба вазорат мубаддал шуд, то соли 2007 ба ҳайси вазири саноати Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Ҳамчунин шуруъ аз соли 2007 то лаҳзаи боздошт раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Бояд гуфт, 6 апрели соли 2013 бо сарварии Зайд Саидов гурӯҳи ташаббускори Ҳизби «Тоҷикистони нав» аз тасмими таъсиси ин ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Вале 11-уми майи ҳамон сол мақомот аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар доданд.
Он замон Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза алайҳи фасод гуфта буд, «ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”, ки ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, зимни сохтмони баландтарин бинои кишвар “Душанбе -Плаза” дар соли 2009-ум ба сохтакории санадҳо ва изофанависӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 959 ҳазор сомонӣ даст задааст».
Ҳамин тариқ, Зайд Саидов, ки дар Фаронса қарор дошт, рӯзи 19-уми май ба Ватан баргашт ва дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Баъди боздошт иттиҳомоти дигаре низ алайҳи ў чун “занбурўғи баъди борон”буруз карданд ва ахиран, 25 декабри соли гузашта Додгоҳи Олии Тоҷикистон соҳибкор, вазири асбақи саноат ва раҳбари «Тоҷикистони нав» – ро аз рӯи 4 моддаи Кодекси кайфарии Тоҷикистон ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард.
Бо вуҷуди ин қарори додгоҳ ба вакилони ӯ дода нашуд, магар ин ки баёнот доданд, ҷузъиёти масъаларо расонаӣ намекунанд. Ҳамин тариқ, Додгоҳи Олӣ рӯзи 22 апрел моҳиятан баррасии шикояти кассатсионии вакилонии мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, раҳбари гурӯҳи таъсисии Ҳизби «Тоҷикистони нав» ва собиқ вазири саноатро оғоз намуда, 12 –уми май барои қабули қарор ба хонаи машваратӣ ворид шуд, вале ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои ӯ, бо гузашти як ҳафта аз ин додгоҳи таҷдиди назар хулосаи ниҳояшро набаровардааст.
Тавре вакилони Саидов гуфтаанд, дар баромади худ дар мурофиаи додгоҳи таҷдиди назар низ Зайд Саидов 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хонда, тамоми айбномаҳоеро, ки мақомот алайҳи ӯ эълон кардаву додгоҳ бар асоси онҳо ҳукм содир намудааст, бепоя гуфтааст.
Дар навбати худ айбдоркунандаи давлатӣ, намояндаи додситони кул Маҳмадвалӣ Исоев аз Додгоҳи Олӣ талаб намудааст, ки ҳукмро бетағйир гузорад.
Тавре Шуҳрат Қудратов гуфтааст, «дар вақти баромад кардан айбдоркунандаи давлатӣ ягон фикри худро оид ба ҷинояткор будани Зайд Саидов асоснок накард. Вай дар мурофиа ҳамаи делелҳое, ки аз тарафи ҳам Зайд Саидов ва ҳам вакилонаш беасос будани айбномаҳоро таъйид мекарданд, рад кард ва гуфт, ки ҳукми Додгоҳи Олӣ дар ҷои худ бимонад».
Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари коршиносон ин ҳама иттиҳомотро алайҳи Зайд Саидов сиёсӣ гуфта, оғози ин моҷароро ба мавқеи Зайд Саидов бобати ташкили Ҳизби «Тоҷикистони нав» рабт медиҳанд. Ҳамзамон дар гузашта созмонҳои байналмилалии марбут ба ҳимояи ҳуқуқи башар ҳам ин қазияро сиёсӣ дониста, хостори раҳоии Зайд Саидов шуда буданд. Аммо вакилони дифои З. Саидов шубҳа доранд, ки додгоҳи таҷдиди назар ҳукми одилона содир намояд. «Дар таҷрибаи кории мо боре нашудааст, ки додгоҳ аз гуфтаҳои айбдоркунандаи давлатӣ берун барояд. Ба назари мо, ҳамаи он айбҳоеро, ки аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ гуфта мешаванд, додгоҳ кӯшиш мекунад, комилан дастгирӣ кунад”, таъкид намудаанд онҳо.

More From Author

You May Also Like