Categories Ахбори рӯз

Нашри «Қомуси исломӣ»

Эҳтимол меравад, ҳамин сол аввалин ҷилди «Қомуси исломӣ» мунташир шавад. Дар робита ба ин масъала Шафиқ Пшихачев, раиси Хазинаи дастгирии фарҳанг, илм ва маорифи исломӣ дар Русия иттилоъ додааст. Қомус иборат аз 44 ҷилд буда, дар Туркия бо забони русӣ ба чоп мерасад.
«Дар Туркия кулли институт ба ҳамин кор машғуланд. 44 ҷилди «Қомуси исломӣ» аллакай бо забони туркӣ чоп шудааст ва ҷиҳати чоп кардани дигар ҷилдҳои ин китоб низ талош карда истодаанд. Иҷрои ин лоиҳаро вазоратҳои дин ва маорифи Туркия таҳти назорат доранд. Ин қомус, дар умум, вазъи кунунии кулли муслиминро инъикос менамояд», гуфтааст ӯ дар суҳбат ба ОИР «Новости».
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи тарҷума ва нашри «Қомуси исломӣ»-ро бо забони русӣ дар вохӯрии ҳайати намояндагони мусалмонони русиягӣ дар Анқара мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ин ҳайат дар вохӯрӣ бо Маҳмад Гермез, муфтии олии Туркиё масъалаи мазкурро матраҳ кардааст.

More From Author

You May Also Like