Кормандони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди шабонарӯзи гузашта як миқдор силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ мусодира намудаанд.
Тавре дафтари матбуоти ин агентӣ мегӯяд, дар рафти баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони агентӣ аз манзили яке аз сокинони ноҳияи Фирдавсӣ 1 адад автомати Калашников, 231 адад тир автомати қутрашон 7,62 мм, 1 адад шашкаи тротилии вазнаш 100 гр, 2 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва «Ф-1», 2 адад тарконакҳои УЗРГМ ва 1 адад корди махсус бо ғилофаш дарёфт ва мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, ки айни замон тафтишот давом дошта, сарчашмаи ба даст овардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ муайян шуда истодааст.
Categories
Ахбори рӯз