Categories МУҲОҶИРАТ

Арзиши ҷони муҳоҷир ба шиддат поин меравад

Тоҷикистон дар дунё ягона кишварест, ки маблағи ирсолии муҳоҷиронаш 50%-и маҷмуъи маҳсулоти дохили (ММД)-и онро ташкил мекунад. Дар баробари ин ҳар моҳе аз Русия атрофи 10 тобути муҳоҷир ба Ватан оварда мешавад, ки дар як сол тахминан 1000 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир, муҳоҷирон яке аз табақаҳои мазлумтарини ҷомеъаи мо ҳастанд ва ҷони онҳо доимо дар хатар аст. Вале бо вуҷуди ин барои сарбаланд будан назди миллату наздикони худ, тамоми сахтиҳову хатароти муҳоҷиратро ба ҷон мехаранд. Ҳол он ки ҳимояи онҳо дар ҳолати вахиме қарор дорад ва барои кӯмаки ҳамаҷониба пиёда намудани чораҳои зарурӣ тақозо мешаванд.
Фаррух Умаров, таҳлилгари МТС мӯътақид аст, ки бо истифодаи дуруст аз захираҳои табиӣ, ҷавононро бояд дар Ватан ба кор таъмин кард. Бо таваҷҷуҳ ба он ки бештари муҳоҷиронро ҷавонон ташкил медиҳанд, шароити ба кор таъмин кардани онҳоро дар дохили кишвар ба вуҷуд овардан лозим меояд. Ба гуфтаи номбурда, Тоҷикистон захираҳои табиии зиёд дорад, аз ҷиҳати захираҳои нуқра дар ҷаҳон ҷои дувум ва аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар сурати дар доираи манфиатҳои милливу давлатӣ, на гурӯҳӣ, истифода бурдани онҳо, муҳоҷирон дар дохили кишвар бо кор таъмин шуда метавонанд. «Мисолҳое аз кишварҳои гуногун, ки ба маротиб аз ҷиҳати захираҳои стратегӣ: энержӣ ё масоҳат аз Тоҷикистон фарқ доранд, нишон медиҳанд, ки онҳо на танҳо мардуми худро бо кор таъмин кардаанд, балки ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфтаанд. Бигирем Чинро, ки ҳамагӣ 3000 километри квадратӣ роҳ дорад ва камтарин захираҳои табиӣ дорад, ҳатто оби нӯшокӣ ҳам надорад. Аммо имрӯз ба яке аз кишварҳои пешқадам дар дунё табдил ёфтааст», гуфт Фаррух Умаров.
Ба ақидаи коршиносон барои хубтар ва муътадил гардонидани мавқеъи муҳоҷират, дар дохили кишвар бо кор таъмин кардани шаҳрвандони худ беҳтар аст ва раванди ҳиҷрати онҳоро сол ба сол бояд коҳиш дод. Барои ин, ибтидо мебоист блоки иқтисодӣ тақвият ва раванди муҳоҷират зери назари мақомоти зидахл қарор бигирад. Масъалаи ҳифзи саломатии муҳоҷирон, ҳамроҳ бо дигар ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, монанди истиқлолияти энержӣ, бурунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, бояд ҷиддан пайгирӣ шавад. Зеро ин масъала яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардум қарор гирифтааст.
Бархе аз вакилони парлумон, бар ин назаранд, ки раванди муҳоҷират ба Русияву дигар кишварҳо, бояд мутобиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Исмоил Талбаков вакил аз ҲКТ мӯътақид аст, ки дар оянда бояд барои муҳоҷират чанд қоида ҳатмӣ гардад, аз ҷумла: «Донистани забони русӣ, донистани ягон касб, хатми хидмати ҳарбӣ, муташаккилона рафтан, патент гирифтан ва мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштан”
Зеро ба қавли ин коршинос имрӯз бисёре аз сиёсатмадорони рус, моро ҳамчун «интиқолдиҳандаи бемориҳои сироятӣ муттаҳам мекунанд».
Бино ба гуфтаи Исмоил Талбаков, агар фарди муҳоҷир чунин мадорикро доро набошад, барои худу барои Тоҷикистон мушкил эҷод мекунад. Аз ин рӯ, ин чанд омилро бояд ба нақша гирифт. Чун шароит талаб мекунад, ки дар оянда ин гуна санадҳо қабул карда шаванд.
Аммо масъалаи нигаронкунанда кушта шудани муҳоҷирони тоҷики муқими Русия аст, ки нисбат ба дигар миллатҳо бештар ҷон медиҳанд. Ба ақидаи Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили ҲНИТ дар парлумон, зиёд будани шумораи муҳоҷирони тоҷик ва эътиқодоти динӣ, инчунин муносибатҳои сиёсӣ, аз муҳимтарин сабабҳои ноамнии онҳо дар Русия мебошад. «Аз сӯи дигар, пойбандии муҳоҷирони мо ба ислом то ҳудуде сабаб шуда метавонад. Зеро дар кишваре, ки солҳои зиёд ҳокимонашон то андозае бо дин ситезро падид овардаанд, наметавон интизор дошт, ки даст ба куштори муҳоҷирони диндори мо назананд».
Бино ба гуфтаи номбурда, муносибатҳои сиёсӣ ҳам дар ин байн бетаъсир нестанд, чун дар сурати бавуҷуд омадани кашмакаш дар равобити ҷонибайн, хоҳ нохоҳ зарари он ба муҳоҷирон мерасад.
Бархе аз коршиносон набудани иттиҳоду якпорчагӣ ва маҳалгароиро аз ҷумлаи омилҳое медонанд, ки заминаи ноамнии тоҷиконро фароҳам сохтаанд. Аз ҷумла Фаррух Умаров мӯътақид аст, ки ноамнӣ ба ғайр аз тоҷикон ба русҳо ҳам таҳдид мекунад ва сатҳи ноамнӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст. «Набудани мавқеи ягона дар байни тоҷикон, боиси шиддат гирифтани ноамнии онҳо мегардад. Масалан, шумораи кушташудагони миллати мо, нисбат ба мардуми чечен дар ҳолати афзунтаре қарор дорад. Аммо бо вуҷуд, чеченҳо аз солҳои 1990 то имрӯз дар муқобили русҳо даст ба мубориза задаанд ва дар натиҷа, имрӯз онҳо чун дар байнашон иттиҳод вуҷуд дораду фарҳанги сиёсиашон дар қиёс бо тоҷикон хеле болост, аз манофеъу ҳуқуқи худ дифоъ карда метавонанд», мегӯяд номбурда ва дар идома назарашро ин тавр шарҳ медиҳад, ки мутаассифона, ба сабаби огоҳ набудани тоҷикон аз роҳҳи мубориза барои ҳимояи манофеъи худ ва ҷо доштани маҳалгароиву ноҳамоҳангиву тафриқа миёни онҳо ва ташкилоту созмонҳои сиёсие, ки дар он ҷо фаъолият мекунанд, ин мушкилотро ба вуҷуд овардаанд.
Фикр мекунам, қисмати баъдии шарҳи коршинос ҷои баҳс дорад, чун дар қиёс қарор додани тоҷикон ҳамчунин муҳоҷири кишвари бегона ва чеченҳо, ҳамчунин муҳоҷир дар кишвари худ мантиқӣ нест.
Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, таъмини амнияти муҳоҷирон бисёр муҳиму душвор ва бо як сафари оддии корманди ниҳоди нозири масоили муҳоҷират ҳалли ин қазия номумкин мебошад. Масъала бояд дар сатҳи мақомоти олии ҳукумат ё агар лозим бошад, аз ҷониби шахсони аввали он баррасӣ шавад. Фикр мекунам, танҳо нафарони аввал дар низоми давлатдорӣ бояд дунболи ҳалли ин мушкилот бошанд ва дар муколамаву масъалагузориҳо бо ҳамтоёни худ дар Русия роҳи ҳалро пайдо ва ба тавофуқ бирасанд.
Иддае аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки дар таъмини амнияти муҳоҷирон ва мушкилоти печидаи онҳо манофеъи сиёсӣ монеъа эҷод мекунад. Аз сӯи дигар, азми ҷиддие аз тарафи мақомоти олии кишвар барои ҳалли ин гуна масоил дида намешавад.

Шуҳрат Набиев

More From Author

You May Also Like