Categories МУҲОҶИРАТ

Мавзӯи муҳоҷират дар осори Шафоати Назар

Муаррифинома
Соли 1953 дар деҳаи Дегаии ноҳияи Комсомолобод (Нурободи ҳозира) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1975 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Як сол ба таълиму тарбияи шогирдон машғул шуда, баъд дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод» ба кор шурӯъ намуд. Баъдан боз ба кори мактаб гузашта, якчанд сол омӯзгор ва чанд соли дигар дар мактаби миёнаи зодгоҳаш вазифаи директориро ба дӯш доштааст. Воқеаҳои маълуми кишвар ба ҳаёти ӯ низ бетаъсир намемонанд. Ин аст, ки вай 10 соли ҳаёташро дар муҳоҷират гузаронидааст.
То имрӯз 5 маҷмӯаи ӯ ба нашр расидааст. Аввалин китоби ӯ бо унвони «Лолаи армон» ҳанӯз қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ чоп шуда буд. Маҷмӯаи дуюм «Бо ёди Ватан» ном дошта, соли 2003 нашр шудааст. Китоби сеюмаш «Воқеаҳои нодир» (Душанбе -2011) – бо наср навишта шудааст. Маҷмӯаи панҷум «Сиву як ҳадис» (Душанбе – 2013) – бо назм.
Соли 2012 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, ҳамчунон Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки деҳаи Дегаии ноҳияи Нуробод мардуми соҳибфарҳанги зиёде дошта, қаламкашонаш кам нестанд. Аз ҷумла, шоири шинохта Ҷумъа Қувват низ зодаи ҳамин деҳа мебошад. Азбаски ӯро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо хуб мешиносанд ва то имрӯз даҳҳо маҷмӯаҳои ишон ба табъ расидаанд, муаррифӣ намудани ӯро зарур намедонем. Шахси дигаре, ки зодаи ҳамин деҳа маҳсуб гардида, дар шеъргӯӣ чирадаст буд ва ашъораш дар рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод» (ҳоло «Нури Нуробод»), рӯзнома ва ҳафтаворҳои ҷумҳуриявӣ ва баъзе маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба чоп расидаанд, Шаҳобиддин Акобиров мебошад. Номбурда дар фикри он буд, ки маҷмӯаи ашъорашро мунташир созад, вале афсусу дареғ, ки марги нобаҳангом риштаи ҳаёташро гусаста намуд.
Устоди давраи таҳсилоти мактабӣ ва ҳамдеҳаи вай Муҳаммадюсуф Холиқзода ҳанӯз соли 2005 бо унвони «Аз дидаҳо ва шунидаҳо» махлут бо назму наср китоберо ба табъ расонид, ки мавзӯи муҳоҷиратро дар бар гирифта, сарсониву саргардонӣ, азобу машаққат, ранҷуриву табобат, меҳрубониву номеҳрубонии мардуми рус дар он мунъакис гардидааст.
Ҳамин тавр, таҳсил дар донишгоҳ, муошират бо мардуми фарҳангии зодгоҳ, мутолиа ва омӯзиши пайвастаи осори боғановати классикӣ ва муосири тоҷик, рӯи олам дидану неку бадро дар ҷаҳон санҷидан ба Шафоати Назар имкон фароҳам овард, ки қалам ба даст гираду аз дидаву шунидаҳояш ба мардум қисса кунад. Ӯ медонад ва огоҳ аст, ки Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст:
Нахустин чиз андар шеър ном аст,
Ки монад зинда чун нақши сиёҳӣ.
Тани Хусрав бимирад, ин яқин аст,
Вале Хусрав намирад ҳеҷ гоҳе.
Ногуфта намонад, ки нависандаи писандидаи тоҷик Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) дар мусоҳибаи хеш бо ҳафтавори «Рӯзгор» (5-уми июни соли 2013) дар мавриди муҳоҷирати тоҷикон сухан ронда истода, чунин мегӯяд: «Масалан, як китоби Шафоати Назар ба дастам расид. Ӯ саргузашти худаш, ҳамаи азобҳои дар Русия кашидаашро ба воситаи нома ба духтараш навиштааст. Беҳтарин асар аст. Чаро мо онро эътироф накардем?»
Чи тавре ки мушоҳида намудед, ин баҳои хеле калон ва холисона буда ва китоби мадди назари ӯ маҷмӯаи «Бо ёди Ватан» мебошад. Он осори манзуму мансури шоирро дар бар гирифта, ҳанӯз соли 2003 ба нашр расидааст. Баъд аз 8 сол, яъне соли 2011 китоби дигари адиб бо унвони «Воқеаҳои нодир» мунташир мегардад, ки аслан ба наср буда, ҷо-ҷо аз осори классикони адабиётамон ва аз гӯишҳои шифоҳии мардум намунаҳои дилнишину намакин оварда шудаанд.
Аввалин шеъри маҷмӯаи «Бо ёди Ватан»-и Шафоати Назар бо номи «Гум занад дил ба ёди Ватан» ном дошта, дар он дӯстии безаволи байни мардуми тоҷику рус ва арзи сипос намудани шоир нисбати мардуми ин марзу бум, ки сабаби дарёфти ризқу рӯзии тоҷикон гардидаанд, тасвир ёфтааст:
Шод ҳастам, ки дӯстӣ боқист,
Некмардон ба даҳр бисёранд.
Тоҷикон андар ин диёри бафайз
Баҳра аз ризқи хеш бардоранд.
Ҳамчу рамзи умеду армонҳост
Нақши дастони модари тоҷик.
Кош қавме дигар набинад ҳеҷ,
Он чӣ бигзашт аз сари тоҷик.
Мавриди зикр аст, ки силсилаашъори «Дар муҳоҷират»-и қаламкаш хеле ҷолибу муассир буда, касро ба андешаи амиқ ғутавар месозад. Як шеъри ин силсила, ки ҳанӯз соли 1995 навишта шудааст, «Дилам месӯзад» ном дошта, ниҳоят таъсирбахш мебошад. Аз ҷумла ӯ мегӯяд:
Шабҳо чу ба ёд мерасад кишвари ман,
Ошуфтаю беқарор дил дар бари ман.
Бо хомаи мижа номаҳо бинвисад,
Чашми тари ман дар варақи бистари ман.
Бар тоҷики бечора дилам месӯзад,
Бар хастаи овора дилам месӯзад.
Эй кош ба ҳам ёру бародар гардем,
Яъне ба Ватан хурду калон баргардем.
Бо амру инояти Худованди карим,
Осудаву ободу музаффар гардем.
Бар тоҷики бечора дилам месӯзад,
Бар хастаи овора дилам месӯзад.
Шеъри «Болафшон бозгардам» низ дорои мазмуни баланди ватанпарастӣ буда, ҳисси волои ватандӯстиву меҳри беандозаи шоирро нисбати Тоҷикистони биҳиштосо нишон медиҳад:
Тоҷикистон, модари сарсахти ман,
Ёд кардам, ёд рӯю мӯйи ту.
Чун парастуе ба оғози баҳор,
Болафшон бозгардам сӯйи ту.
То кунам обод аз нав лонаам,
Чӯҷаҳоямро бигирам зери пар.
То зи савту созҳои обшор,
Боз дил аз нав бигардад баҳравар.
Бо забони безабонии қалам,
Чун бигӯям ин ҳама дарду алам.
Тоҷикистон, модарам, хасми туро,
Менамоям бо қалам садҳо қалам.
Шеъри дигари силсилаи мазкур «Ғарибӣ» ном дошта, шикояту арзу доди шоирро аз дасти ин падидаи номатлуб манъакис месозад. Сатрҳои шеъри мазкур бевосита мисраъҳои шоири ғарибафтодаи дигареро ба ёд меоранд, ки фармудааст:
Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст,
Амири беватан хору ҳақир аст.
Ғарибӣ
Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ,
Наафтӣ ҳеҷ дар доми ғарибӣ.
Ба рӯзаш бас хаёли дардолуд,
Чӣ марговар бувад шоми ғарибӣ.
Бимонад луқмаҳое дар гулӯят,
Сафедии сар – «инъоми» ғарибӣ.
Ту қадри ташнаи дидор донӣ,
Чу нӯшӣ ҷуръа аз ҷоми ғарибӣ…
Худовандо, ғарибонро нигаҳ дор,
Накӯ худ соз фарҷоми ғарибӣ.
Шеъри «Панди замон»-и қаламкаш бошад, гӯяндаи онро ҳамчун марди хирад, шоири панду андарзгӯ ҷилвагар месозад. Гумон мекунам, ки шеъри мазкур дар он шабу рӯзи пуртаҳлукаву бесарусомонӣ ва ҳоло низ дорои аҳамияти калони тарбиявию ахлоқӣ буд ва мебошад:
Дар ғарибӣ дастгири ҳамдигар бояд шавем,
Чун ҷигарбанду азизи як падар бояд шавем.
Гуфтаанд: абнои одам ҳамчунон як пайкаранд,
Андар ин пайкар яке рӯшан басар бояд шавем…
Дар набарди неку бад натвон нишастан бетараф,
Чун Шафоат хасм бо нерӯи шар бояд шавем.
Дар осори Шафоат лаҳзаҳои ғамангезу андӯҳовар ва шодию нишот фаровон ба чашм мерасад. Ӯ ҳамчун як марди гарму сардии рӯзгорро зиёд дидаву мушоҳида намуда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ғаму шодии мардум шарик бошад. Ин аст, ки дар маҷмӯаи ёдшуда чандин марсияи ӯ ба чашм мехӯрад.
Чи тавре ки медонем, ҳар сол аз кишварҳои дуру наздик, махсусан аз Русия тавассути тайёра садҳо ҷасади беҷони муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба ватанашон интиқол медиҳанд.
Ногуфта намонад, ки зодгоҳи адиб – деҳаи Дегаӣ низ дар ин маврид истисно нест. Вақте ки ҷасади маййити навбатиро ба деҳа меоранд, на танҳо хешу табор, қавму қабоили шахси фавтида дучори ғаму андуҳ мегарданд, балки кулли мардуми деҳа ва ҳатто худи деҳа мотам мегирад. Шоир дар марсияаш ин лаҳазотро хеле муассиру ғамангез ба қалам овардааст:
Худоё, Дегаӣ мотам гирифта,
Саропои вуҷудаш ғам гирифта.
Гузашта баски фарзанди ғарибаш,
Ҷигарбанду азизи дил, ҳабибаш.
Сари рухсораҳо бин ашк ҷорӣ,
Ба мисли шоҳборони баҳорӣ.
Худоё, рӯҳи ӯро шод гардон,
Дучандон деҳаро обод гардон.
Худоё, шав нигаҳбон зиндагонаш,
Зи ҳар офоти дунё вораҳонаш…
Ногуфта намонад, ки дар осори қаламкаш масоили панду ахлоқӣ хеле зиёд мушоҳида мегардад. Ӯ бо панду андарзҳои умумӣ, ки дар аксари ашъораш ба назар мерасанд, қаноат накарда, бо унвони «Насиҳат ба фарзанд» манзумае пешкаш намудааст, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон нақши мондагореро дорост. Агар онро бо унвони «Панднома»-и Шафоати Назар ёд кунем, саҳву хато нахоҳем кард. Бетардид, агар ҷавонони имрӯза аз рӯи гуфтаҳои ин марди хирад амал кунанд, саодатманди ҳарду олам мегарданд:
Ҷигарбандам, ба панди ман бидеҳ гӯш
Макун аз ёди худ ҳаргир фаромӯш.
Шунав аз сидқ гуфтори падарро,
Мадеҳ аз даст ин дурру гуҳарро.
Аввал андеша кун в-он гоҳ гуфтор,
Ки кас аз ҳарза гуфтан мешавад хор.
Агар бинӣ ту соҳибнеш занбӯр,
Варо бо даст аз сар мекунӣ дур.
Касеро, ки сухан чун заҳри мор аст,
Варо чун одамӣ кай эътибор аст.
Бишав ҳамрози мардони накӯрой,
Мабод аз роҳи Ҳақ берун ниҳӣ пой…
Бояд гуфт, ки Шафоати Назар дар ҷодаи адабиёт ҳам нозим асту ҳам носир. Мо то ин ҷо ҳар чи ки гуфтем, дар хусуси ашъори ӯ буд. Ва бояд тазаккур дод, ки осори ба наср навиштаи ӯ низ ҷолибу хонданист. Маҷмӯаи «Воқеаҳои нодир»-и ӯро хонда, кас ба андеша фурӯ меравад.
Як хусусияти махсуси осори ин қаламкаши дарёдил аз он иборат аст, ки вақоеъ ва ҳаводиси рӯи сафаҳот овардаи ӯ хаёлӣ набуда, воқеӣ мебошанд. Маҳз ана ҳамин воқеӣ будани воқеаву ҳодисаҳои осори ӯ хонандаро ба ваҷд меорад.
Бояд гуфт, ки муҳоҷират тарафҳои манфиву мусбати худро дорад. Паҳлӯи мусбати он ҳамин аст, ки ба қавли Сайидои Насафӣ:
Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.
Вале тарафҳои манфии он хеле зиёд буда, онҳо нигаронкунандаанд. Аз ҷумла, қисмате аз ҷавонон ва ҳатто мардони оиладор ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон, махсусан ба Русия рафта ё умуман ба Ватан барнамегарданд ва ё баъди 10-15 сол ёди ёру диёр мекунанд. Аз он ҷумла, қаҳрамони ҳикояи «Бо ёди падар» оилаашро бо чаҳор нафар фарзанд рӯ ба раҳми Худо монда, ба Русия меравад ва 5 соли тамом он ҷо мемонад. Вале, хушбахтона, пас аз мутолиаи ҳикояи мазкур ӯ ба Ватан бармегардад.
Бешубҳа, Шафоати Назар, яке аз донандагони барҷастаи рӯзгору ҳаёти миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик буда, кӯшиш ба харҷ додааст то ҳусну қубҳ, камбудию муваффақият, созгориву носозии мардуми ҷомеаро бо назму наср ба риштаи тасвир кашад.
Дар ин ҷода мо ба ишон муваффақияту бурдборӣ таманно дорем.

Саидмурод Шарифов

More From Author

You May Also Like