Categories Ахбори рӯз

Остона: Шартнома оиди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имзо шуд

Дар Остона, пойтахти Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид ва дар ҷамъбасти он ҷанобон В.Путин, Н.Назарбоев ва А.Лукашенко, президентони Русия ва Қазокистону Белорус шартномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба имзо расониданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шартномаи мазкур дар маҳдудаи Иттиҳоди гумрукӣ аз аввали январи соли 2015 расман амал мекунад. Вале кор дар мавриди омода сохтани ин санад ҳанӯз ноябри соли 2011 дар гирдиҳамоии аввалини Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё оғоз ёфта буд. Дар он вақт раҳбарони давлатҳои Русия ва Қазоқистону Белорус эъломияе қабул карданд, ки ҳамчун «нақшаи роҳ»-и ҳамкориҳо ба хотири ҳамгироӣ ном гирифт.
Аз ҷониби Русия дар омода кардани шартнома беш аз 30 ниҳоди иҷроияи давлатӣ ширкат карданд. Заминаҳои ҳуқуқӣ-шартномавии «Иттиҳоди гумрукӣ» ва «Маҳдудаи ягонаи иқтисодӣ» асоси шартномаи мазкур қарор гирифтанд. Дар ин самт меъёрҳои амалкунанда такмил ёфта, ба коргузории Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мувофиқ карда шуданд.
Се давлат уҳдадор шудаанд, ки интиқоли озоди мол, хадамот, сармоя ва қувваи кориро дар асоси сиёсатҳои мувофиқашудаи ҳамдигарӣ дар самти иқтисод: энержӣ, саноъат, кишоварзӣ ва нақлиёт кафолат медиҳанд.
Сомонаи Президенти Русия гузориш медиҳад, ки баъд аз се соъати ба имзо расидани шартномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё миёни ҷаноби Путин ва Отамбов, президенти Қирғизистон маҳз дар мавриди омодагии Қирғизистон ҷиҳати шомил шудан ба ин иттиҳод мулоқот доир шудааст ва дар он президенти Русия аз ҷумла гуфтааст: Ман эҳсоси қалбии Шуморо дар мавриди ташкили кор ба хотири ворид шудан ба иттиҳоди мазкур хеле хуб дарк мекунам. Роҳ осон нест, бояд бо коршиносони комиссияи Иттиҳоди Авруосиё кор кардан лозим меояд, аммо ба ҳар ҳол, мо омодаем китф ба китф дар ин самт кумак расонем, ки чӣ корҳои иловагниеро барои беҳбуд бахшидани иқтисоди Қирғизистон анҷом дода метавонем.
Ҷаноби Отамбоев зимни изҳори назари хеш гуфтааст: Албатта, тавре Шумо ишора фармудед, агар Русия дар чунин лаҳзаҳои сахт китфашро нагузорад, барои мо кор сангин меуфтад. Бовариноку фаҳмида тасмим мегирем, чунки медонем дар канори мо дӯст истодааст ва китфи дӯст пуштибон будан дар ҳалли тамоми мушкилот аст.
Ҷои тазаккур аст, ки усулан таъсиси чунин як иттиҳод кори хуб аст, вале ҳамагуна иттиҳодияҳо ҳамон вақте коршоям буда метавонанд, ки ҳадаф рушан бошад, ки оё ин кору пайкорҳо ба чӣ хотир равона шудаанд: рушди иқтисод ва зиндагии ҷомеъаҳои ин қаламрав ё сиёсате, ки оқибати он баъдан ошкор мешавад?
Оё имконияту василаҳои ворид кардани Тоҷикистон ҳам миёни се давлати муассиси ин иттиҳод баҳс шуда бошад?
Ба ҳар ҳол, расмият касб кардани Иттиҳоди АвруОсиё дар Остона далолат аз он медиҳад, ки Қазоқистон рушди бештари хешро ҳамчун кишвари осиёӣ интизор дорад.

More From Author

You May Also Like