Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд. Бино ба иттилоои расонаҳо дар мулоқот масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардидааст. Роҳбарони кишварҳо ба татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла тезондани бунёди нерўгоҳи обии Сангтўда-2, роҳҳои оҳану мошингард ва хатти интиқоли нерўи барқ миёни Тоҷикистону Эрон аз қаламрави Афғонистон таъкид намамуданд. Дар ин росто масоили густариши ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон бо Афғонистон ва мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта аз ҷониби руасои кишварҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифааст. Дар ин мулоқот ҳамчунин оид ба масоили гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар шудааст.
Categories
Ахбори рӯз