Кӯмаки ҲНИТ ба Шаҳбол

Имрӯз, 2 – юми июл аз ҷониби шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд ба Шаҳбол Мирзоев, хизматчии қӯшунҳои сарҳадии кишвар, ки аз ҷониби сарбози ҳамхизматаш мавриди латукӯби шадид қарор гирифта, бистарӣ гардида буд, 1500 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Тавре Фарход Собирзода, котиби матбуоти шуъбаи вилоятии ҳизб мегӯяд, як ҳайат аз аъзои раёсати шуъба ба дидорбини Шаҳбол Мирзоев рафта, ин кӯмакро расонидаанд.
Дар суҳбат ба торнамои “Наҳзат” Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол изҳор дошт, ки вазъи саломатии писараш феълан хуб аст.
Ӯ мегӯяд, феълан писараш дар як беморхонаи шаҳри Хуҷанд зери муоинаи табибон қарор дорад. Вале зимнан Нуъмон Мирзоев нигаронӣ аз он намуд, ки аз ҷониби мақомот ягон кӯмаке ирсол намегардад ва масулини ҳукумату ниҳодҳои қудратӣ намедонанд, ки ҳоло фарзандаш дар куҷо қарор дорад…
Ёдовар бояд шуд, Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш, баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 – уми март, баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шуд. Худи ӯ гуфтааст, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.
Илҳомҷони Яъқуб, масъули ҳизб дар вилояти Суғд мегӯяд, ки аъзои ҳизб аз ҳоли Шаҳбол пайваста хабардор мегарданд. Ба гуфтаи ӯ, ин амали наҳзатиҳои суғдӣ тибқи барномаҳои ҲНИТ амалӣ шудааст.

More From Author

You May Also Like