Комиссияи мустақили интихоботи (КМИ) Афғонистон эълони натоиҷи аввалияи интихоботи президентиро ба таъхир гузошт, ки бояд 2-уми июн баргузор мегардид.
Намояндагони КМИ қарори хешро ба зарурати тафтишоти такрории баъзе хилофкориҳо дар маҳдудаи наздик ба 2000 қитъаи интихоботӣ марбут донистанд, ки ин амал бечуну чаро эълони аввалияи натоиҷи интихоботро ба чанд рӯзи дигар қафо мебарад.
Тавре интизор мерафт, намояндагони тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай, даъвогар ба курсии президентӣ аз чунин қарори КМИ изҳори нороҳатӣ карданд, ки мардуми Афғонистон аз интизор доштани раванди тулонии эълони наториҷи интихобот хаста шудаанд.
Аммо дар навбати худ кормандони ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ, номзади дигар ба мақоми президентӣ, қайд карданд, ки эълони таъҷилии натоиҷи аввалияи интихобот «иштибоҳи бузург»-е буда метавонист. Онҳо бори дигар таъкид бар он доштаанд, ки тафтишоти амалҳои тақаллубӣ ҳатмианд, хабар медиҳад «Тулӯъ».
Аз хабари дигаре ҳам маълум мегардад, ки доктор Абдуллоҳ ва иддае аз нафарони тими «Ислоҳот ва ҳамгироӣ» ба сенатору фармондеҳони амрикоӣ дар Кобул дидору мулоқот доштаанд ва намояндагони тими «Ислоҳот ва ҳамгироӣ» эълон доштаанд, ки доктор Абдуллоҳ раисиҷумҳур ҳаст ва хоҳад буд.
Суоли матраҳ ин аст, ки ҳикмати чунин дидор ва паём чӣ хоҳад буд?