Афғонистон вориди марҳалаи ҷадиди муборизот мешавад

Даври дувуми интихоботи президентӣ анҷом гирифт ва бо таъхири андаке аз рӯзи эълони натиҷаи аввалияи он, КМИ барандаи ин сабқати тӯлонӣ ва рақобати шадид, Ашрафғанӣ Аҳмадзайро эълон кард, ки боиси норозигии тими интихоботии доктор Абдуллоҳ гардид. Чун КМИ онҳоро мутақоид сохта буд, ки талаби онҳо мавриди қабул қарор гирифт, қитъаҳои интихоботии мавриди назарро такроран тафтиш мекунанду раъйҳои «пок» ва «нопок»-ро аз ҳам ҷудо месозанд, вале анҷоми корро интизор нашуд, КМИ натиҷаи аввалияи интихоботро эълон кард.
Ҳоло тими «Ислоҳот ва Ҳамгироӣ» иттилоияи хешро пахш сохта, ки дар он омадааст: «Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Комиссиюни интихобот ва ситоди Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо созмондиҳии тақаллуби густурда, билохира кудато алайҳи орои поки мардум ва эълони натоиҷи тақаллубӣ кишварро вориди марҳилаи ҷадиде аз буҳрон сохтанд.
Дар идомаи иттилоияи хеш тими «Ислоҳот ва ҳамгироӣ» овардааст, ки раҳбари тими мазкур бо иштироки тамоми раҳбарони ин ҷароид, кудатои нангинро маҳкум сохта, натоиҷи эълоншуда аз сӯи комиссиюни номустақили интихоботро ғайриқонунӣ, ғайримашруъ ва мардуд донист. Ва паёмадҳои ин ҳаракати ғайримиллӣ ва ғайримусулмонии комиссиюнро дар заминаи ҳидояту раҳбарии ҷаноби Карзай ва А.Аҳмадзай арзёбӣ кардааст, ки ҳамаи оқибати баъдӣ ба дӯши созмондиҳандагони ин тақаллуб аст ва хиёнат ба орои мардуми Афғонистон.
Доктор Абдуллоҳ бори дигар бо қатъият аз таъаҳҳуди хеш дар мавриди дифоъ аз орои поки мардумро ишора карда, машруъияти комиссиюнҳоро зери суол қарор дода, аз қатъи робита ба онҳо хабар дода, гуфтааст: Он чиро, ки иттифоқ афтода, ҳама медонед. Созмондиҳии тақаллуби густурда аз сӯи КМИ ва ситоди Аҳмадзай ва аз тариқи комиссиюни номниҳоду ғайримустақил тағйир ёфтани ҷараёни барандагӣ дар интихобот. «Мо ин амали ғайримиллӣ ва ғайримусулмониро маҳкум мекунем ва натоиҷи эълоншуда мардуд аст. То охирин лаҳазот аз рафтани кишвар ба сӯи буҳрон дар заминаи тарҳи тафтиши сандуқҳои машкук ҷилавгирӣ кардем ва ҳоло вориди марҳилаи ҷадиде аз муборизоти ҳақталабӣ шудаем. Ба оромӣ ва итминон, таваккал ба Худованд ва эътимод ба мардуми кишвар ин муборизаро пеш гирифтаем…».
Дар идомаи иттилоияи мазкур омадааст, ки раҳбарияти “Ислоҳот ва ҳамгироӣ” тасмим ва барномаи хешро барои ин марҳилаи озодихоҳона ва ҳақталабона дар як нишасти мардумии бузург эълон медорад.
“Ислоҳот ва ҳамгироӣ” мегӯяд: Бар асоси орои поки мардум дар ҳар ду марҳилаи интихобот тими онҳо пирӯз будааст. «Тақаллубкорон дар ҷараёни бунбасти интихоботӣ, билохира дар охирин рӯз ва фурсатҳои қабл аз эълони натоиҷи интихобот, ба рағми талошҳои ҳамаҷонибаи намояндаи СММ ва сафирони кишварҳои дӯст, ҳама пешниҳодоту назариёт ва тарҳҳои маъқулу машруъи “Ислоҳот ва ҳамгироӣ” барои берун рафтан аз буҳронро дур карданд. Дар ин муодила сугмандона ягона омили таъинкунанда зӯргӯӣ, бехирадӣ ва такя ба қудрат будааст…».
Аммо “Ислоҳот ва ҳамгироӣ» дар ин марҳила арз доштааст, ки бо такя ба пуштибонии мардуми ғаюр ва мутаддайин … тақаллубкорону тарроҳон ва тавтеъаро сари ҷои худ мешинонад ва даъват ба амал оварда, ки барои дифоъ аз ҳаққи худ, мардумсолорӣ ва ҷилавгирӣ аз таҳмили як ҳукумати тақаллубиву ғайримашруъ, бидуни тарсу ҳарос ва ноумедӣ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо раҳбари “Ислоҳот ва ҳамгироӣ” мардум омодаи мубориза бошанд. «Биёед барои пирӯзии ҳақ бар тақаллуб ва ба даст овардани ҳаққи машруъу қонунии хеш, билохира дифоъ аз дастовардҳои мардумсолорӣ ба майдон бароем. Дигар сухан аз ҳукумати мозӣ нест, ин бор мехоҳем бо пуштибонии шумо, мардуми силаҳшӯру азиз ҳукумати машруъ ва қонунӣ “Илоҳот ва ҳамгироӣ”-ро дар сарзамини ранҷдида ва озодихоҳи ин марзу бум таъсис намоем.

More From Author

You May Also Like