Афғонистони буҳронӣ ва бозиҳои сиёсӣ

Эълони аҷалаи натоиҷи интихобот аз сӯйи КМИ Афғонистонро ба як буҳрони нав ва мазмунан куҳна тела дод, ки оқибати он нигаронкунандааст, агар ҷонибҳои даъвогар ба курсии президентӣ дар таъсиси давлати эътилофӣ ва интиқолӣ ба тавофуқ нарасанд. Хашми тарафдорони доктор Абдуллоҳ поин намегирад, баръакс шиддат меёбад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ӯ пофишориҳои хешро то ба куҷо ҳифз мекунад ва оё дар пасманзари номуваффақ анҷом шудани ин пофишориҳо такя ба нирӯи низомӣ мекунад?

Бале, тими «Ислоҳот ва Ҳамгироӣ» тамоми назокати натаҷагириҳои интихоботро “табаддулоти давлатӣ” эълон доштааст ва таҳдиди он вуҷуд дорад, ки ҳукумати алтернативеро дар баробари эҳтимолияти таъсиси ҳукумати Ашрафғанӣ Аҳмадзай эълон дорад. Ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ талаб доранд, ки Абдуллоҳ дар ин маврид тасмим бигирад. Аммо ин гуна эълон шуданҳо аз таъсиси ҳукуматҳои алоҳида Афғонистонро аз буҳрон наҷот дода метавонад?
Агар ба гузаштаи начандон дури ин кишвари ҷангзада таваҷҷуҳ зоҳир шавад, баъд аз шикасти давлати марказии Кобул дар соли 1996 нерӯҳои вафодор ба устод Раббонӣ дар қисмати шимоли кишвар ҷабҳаи сиёсӣ-низомиеро таъсис доданд зери номи Эътилофи шимол. ИМА ҳам маҳз бо истифода аз ҳамин нирӯҳо вориди Афғонистон шуд ва гӯё Ҳаракати Толибонро ба шикаст ҳам мувоҷеҳ ва низоми давлатдории онҳоро пароканда сохт. Дар давлати аз нав таъсисёфта бо раҳбари Карзай бо пуштибонии ИМА Эътилофи шимол асоси нерӯҳои амниятии онро ташкил доданд ва ҳоло ҳам дар низоми феълӣ боқӣ мондаанд. Карзай танҳо бо машварати мушовирону муррабиёни хориҷӣ бо мурури вақт дар ҷузъе аз низоми давлати хеш назоратро ба даст оварду бас.
Вақте Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва дар собиқ яке аз фармондеҳони аршади Эътилофи шимол натоиҷи аввалияи интихоботро табаддулот унвон мекунад ва пешшарт ё гузинаҳоеро эълон медорад, ки «музокира ва гуфтугӯ бо ҷаноби раисиҷумҳурии кишвар, муъовининаш, комиссияҳои шикоёт ва интихобот, намояндагии СММ ва дӯстони ҷаҳонии мо» бояд доир шавад ва инчунин «даст задан ба нофармонии маданӣ ва рехтан рӯйи ҷодаҳо ба сурати густурда ва фарогир дар сартосари кишвар, то замони дастёбӣ ба ҳуқуқи мардум ва баргардонидани раванди шаффофи мардумсолорӣ» мегӯяд, пас, метавон гуфт, интизориҳои Эътилофи шимол ба даст овардани ғолибият дар интихобот будааст, умеде ки мардуми қисмати шимоли Афғонистон дахсолаҳо боз онро интизор дорад.
Ҳамин тавр, Ато Муҳаммади Нур, гузинаи саввумро ба дуи боло вобаста дониста, пиёда кардани онро ба хотири ҳифзи манфиати миллӣ ва кишвар гуфтааст. Яъне агар ба ду гузинаи аввалӣ посухи мусбат ироъа нагардаду таваҷҷуҳ ба хостаҳои мардум сурат нагирад, гузинаи савум метавонад дар худ ҳар гуна иқдомеро барои дастёбӣ ба ҳуқуқи мардум дошта бошад. Пас, ҳоло ироаи ҳарфи дигареро низ интизор шудан мумкин аст, агар раванди буҳрон то ба ин ҷо кашида шавад.
Оқибати аз ҳама бади тӯлонӣ шудани шиддати буҳрон тақсимшавии Афғонистон аз нигоҳи қавмист. Агарчи доктор Абдуллоҳ бо доштани табори дугонаи паштуӣ ва тоҷикӣ дар маъракаи таблиғотии интихоб талош кард, қавму манотиқро ба ҳам биёрад, вале боз ҳам пойгоҳи аслии ӯ манотиқи тоҷикнишин қарор гирифтанд ва аз А. Аҳмадзай, баръакс паштунишинҳо пуштибонӣ мекунанд.
Натиҷагириҳои интихобот гӯё паёме буд барои манотиқи тоҷикнишин, ки зарурати даъво барои расидан ба курсии президентиро надоранд ва ин заминаи таърихии худро низ дорад. Пас, онҳоро бо ширкати густарда дар чунин интихобот ба умеди тақвият бахшидани мардумсолорӣ дар кишвар боз ҳам аз сӯйи қавми «ҳоким» гӯё фиреб хӯрданд.
Ҳоло шиддати вазъият ба ҷое расида, ки тарафдорони Абдуллоҳ аксҳои Карзайро пора карда, ба ҷойи он аксҳои Абдуллоҳроро ҳамчун раисиҷумҳур меовезанд ва ташкили ҳукумати ӯро талаб доранд, аммо ҳоло Абдуллоҳ барои чунин гом вақт хоста истодааст. Пас, суоли ин метавонад бошад, ки то куҷост вақт хостани эшон, доир шудани суҳбати ӯ бо Ҷон Керри ва чигунагии анҷоми он?
Фикр мекунам, омадани Ҷон Керри ба Кобул хашму ғазаби тақсимбандии гурӯҳҳоро бояд поин бурда, паёмадҳои хатарнокро аз миён бардорад. Зеро тавре дар боло ишора рафт, ҳарду ҳам ба ҳимояти ИМА ниёз доранд. Пас, тарафҳо ба гуфтушуниди тӯлонӣ кашонида мешаванд, то замоне ки дар таъсиси ҳукумати нав ҳарду тараф розӣ шаванд.

More From Author

You May Also Like