Шайх Рошид Ғанушӣ, узви Шӯрои марказии иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон ва раҳбари ҳаракати Наҳзати Тунис дар гуфтугуе бо рӯзномаи “Аттаҷдид” таъкид кардааст, ки пирӯзиҳои ба даст омада, аз таҷрибаи интиқоли демократик дар Тунис сутуданӣ ва дар айни ҳол дар маърази таҳдид аст. Хатароте, ки дар камини Тунис нишастанд, ҳамчунон ба қувваи худ боқианд. Аммо бо баракати афзоиши огоҳии иҷтимоъӣ ва миллӣ бар асоси гуфтугӯ, тавофуқ ва гузашт, метавон таҳдидҳоро бо густариши доираи ҳамкориҳо беш аз пеш маҳор кард.
Таври маълум, Тунис кишварест, ки ҳаводиси ахири шимоли Африқо аз онҷо оғоз шуд. Ҳамон кишваре, ки дар он ҷавони сабзиҷотфурӯш ва соҳибдипломи донишгоҳӣ ба хотири таҳдиду фишори полис дар майдони марказӣ худро оташ зад. Ӯ ин иқдоми сангинро дар эътироз ба зулму фасод ва ноадолатӣ пеш гирифт ва боис шуд, ки тамоми мардум ба кучаҳо бирезанд ва диктатори қудратманд, Зайнулобидин бин Алиро аз қудрат барканор кунанд. Пас аз он дар як интихоботи озод Наҳзати Тунис бо раҳбарии шайх Рошид Ғанушӣ аксарияти овозҳоро гирифта тавонист ва бо ҳамкории ду ҳизби дигар ҳукумат ташкил кард.
Аммо бархе аз неруҳои дохилӣ, ки ба шикасти сангин мувоҷеҳ гаштанд, ҳамроҳи баъзе аз кишварҳои минтақа ва фароминтақа аз пирӯзии исломгароҳо худро аламдида тасаввур мекарданд. Ба ҳамин хотир, ҳамаи ин гуна доираҳо ба ҳам омаданду тамоми василаҳоро ба кор бурданд, то ҳукумати Наҳзат бо шикаст мувоҷеҳ шавад. Аммо ин ҳаракати сиёсӣ тавонист бо дироят ва дурандешӣ аз гузашт кор гирифт ва устувории хоси худро дар ин марҳилаи ҳассос ҳифз кард. Ҳоло далоили муваффақияти онро дар ин мусоҳиба аз забони раҳбараш мехонем.
– Тунис ба унвони оғозгари “баҳори арабӣ” ва улгуе барои муваффақияти инқилоб ва посдорӣ аз дастовардҳои он маҳсуб мешавад. Иллати ин муваффақиятро дар чӣ медонед?
– Тунис ба фазли Худованд тавонист тавоноии мунҳасир ба фарди худро дар ибтикори амал ва сипас дар посдорӣ, ончи ба даст овард, нишон диҳад. Тунис шоҳиди улгуи хосе дар тағйири авзоъ аз тариқи инқилоби мусолиматомез ва демократӣ буд ва хеле зуд асли фасоду истибдодро сарнагун сохта тавонист. Шоиста буд, ки ин инқилоб аз хиёбон гирифта то ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеъаро дигаргун кунад, то осори истибдод маҳв сохта, ба зудӣ ба ҳадаф бирасад. Муваффақияти Тунис дар гуфтугӯ перомуни ҷамъ байни тағйироти амиқу шоистаи инқилоб ва посдорӣ аз кишвару муассисоти он аст.
– Бо нигоҳ ба нақши меҳварии музокира ва гуфтугӯ бар асоси тавофуқ дар пирӯзии инқилоби Тунис дар коргоҳи ниҳодсозӣ, фалсафаи ҳоким бар ҳизби Наҳзат дар мудирияти ин раванд чӣ буд?
– Мо медонистем, ки дар ҳолати сохтани ниҳодҳои ҳукуматӣ дар чорчубаи хоси сиёсӣ ҳастем ва он иборат буд аз марҳалаи интиқоли институтҳои демократӣ. Бо ин таърифи асосӣ, акнун дар марҳалаи таъсис ҳастем ва дар асоси он аз ғулу занҷири диктаторӣ озод шуда, ниҳодҳои демокративу фарҳангии онро ба оромӣ шакл медиҳем. Ин марҳала ниёзи мардумро ба гуфтугӯ ва тавофуқ ба унвони қоидаи ҳамзистӣ ошкор кард ва фурсати шиносоии муштаракоту густариши онро барои рақибони сиёсӣ фароҳам сохт. Фалсафаи мо бар асоси тамаркуз бар муштаракот ва густариши он дар ростои тазмини ваҳдати миллӣ перомуни инқилоб устувор аст.
– Бо вуҷуд, раванди мусбат ва шоистагиҳои инқилоби Тунис фазои кунунии кишварро бо таваҷҷуҳ ба чолишҳои дигар, аз қабили таҳдиди терроризм ва маҳдудиятҳои иқтисодиву иҷтимоъии марбут ба он чигуна метавон тафсир кард?
– Пас аз такмили фароянди гуфтугуи миллӣ ва муваффақият дар марҳалаи гузаштан аз буҳрони сиёсӣ, зоҳиран саҳнаи ояндаи Тунис ба самти марҳалаи таҳарруки сиёсии амиқе пеш меравад, ки нишонаи он дар ҳаракати аҳзоб ва фаъолони сиёсӣ барои баргузории интихобот дида мешавад. Ба ин маъно, ки ҳамагон ба самти оянда майл пайдо кардаанд ва таҳдидҳои террористӣ ва маҳдудиятҳои иқтисодиву иҷтимоъӣ матраҳ нест. Ба ҷуз чолишҳое, ки бояд муқобила сурат бигирад ва барои ғалаба бар онҳо роҳбурди миллӣ вазъ шавад.
– Чандин бор аз вуҷуди тарафҳои дохилӣ ва хориҷӣ ишора кардед, ки фароянди интиқоли демократия дар Тунисро ҳадаф қарор додаанд. Оё ин таҳдид ҳамчунон боқист ва моҳияти ин таҳдиду тарафҳое, ки пушти сари он қарор доранд, чист?
– Шакке нест, ки таҷрибаи мо дар Тунис комилан дар конуни таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, махсусан пас аз муваффақиятҳои ахире, ки дар тадвини Қонуни асосӣ ва канорагирии ҳукумати муштарак ба нафъи давлати тавофуқӣ ва бетараф ба даст омадааст. Ин муваффақиятҳо таҷрибаи моро мавриди ситоиш қарор дода, майли дастёбӣ ба онро афзоиш мебахшад. Ҳукумат ба танҳоӣ қодир аст авомили таҳдидро шиносоӣ кунад, вале таҳдид ҳамчунон боқист, аммо ру ба коҳиш ниҳода.
– Оё таҷрибаи имрӯзи Тунис аз газанди неруҳои зидди инқилоб дар амон аст ва чигуна?
– Ба таври табиъӣ дар ҳар инқилоб неруҳое ҳастанд, ки зарар мебинанд ва аз миёни онҳо неруҳои зидди инқилоб ташкил мешавад, агарчи ноумед нестанд, вале ба осонӣ таслим намешаванд. Шеваи гуфтугӯ ва тавофуқи миллӣ неруҳои зидди инқилобро муҳосира мекунад ва кишварро ба самти эминсозии фароянди интиқоли демократӣ пеш мебарад.
– Аз шохисҳои сиёсии далолаткунанда бар муваффақияти мушорикати Наҳзат дар мудирияти давлат, ҳамоҳангӣ миёни унсурҳои эътилофи сиёсӣ дар заминаи мавҷудияти баҳс ва ихтилофи назар перомуни масоили мухталиф буд. Оё нигарише вуҷуд дорад, ки нақши Наҳзат ва ҷаноби Марзуқӣ, раиси ҷумҳурро дар ин маврид барҷаста нишон диҳад?
Ҳангоме аҳзоби эътилофи сеҷониба дар ҳукумат ташкил шуд ба ин қаноъат расидем, ки Тунис бояд аз тариқи демократияи ҳамшарикӣ ва тавофуқӣ мудирият шавад. Алоқа ба таҳаққуқи ин мушорикат моро ба самти даъват ба густариши ҳукумат аз тариқи ташкили давлати ваҳдати миллӣ савқ дод. Ҳамвора бар ин бовар будем, ки барои мушорикат, ба вижа дар миёни ҷараёнҳои идеологӣ замони зиёде сарфи кашмакаш шудааст, монанди мушорикати ҷараёни исломӣ бо ҷараёни секулор, ки ин навъи мушорикат шарти муваффақият ва зомини оромиши авзоъ дар вазъияти таҷрибаи интиқоли институтҳои демократист. Зеро дар шароити таҷрибаҳои «баҳори арабӣ» ин мушорикат бисёр лағжанда ва пароканда аст.
Ба ҳамин хотир, кори мо посдорӣ аз мавҷудият ва ҳамбастагии ҳукумати муштарак аст. Ҳукумати эътилофӣ ва чандҷониба душвортарин навъи ҳукумат аст ва мо бо боварии қалбӣ ба ниёзи Тунис ба ин навъи ҳукумат, онро пазируфтем ва Худоро шукр, дар марҳилаи озмоиш муваффақ берун омадем, ки ин барои Тунис хеле муҳим ва муфид аст. Махсусан дар ояндаи наздик ниёзи мардум ба идомаи ҳукумати эътилофӣ бештар эҳсос мешавад. Нақше, ки Наҳзат барои муваффақияти таҷрибаи ҳукумати муштарак бозӣ кард, бо фаъолияти мушобеҳу ҳамоҳанги шариконамон дар ҳукумат ҳамроҳ буд ва ҷаноби Марзуқӣ ва дигарон ҳам дар ин замина нақши барҷастае доштанд.
– Имрӯз Тунис дар баробари гузинаҳои гуногуни интихоботӣ қарор дорад, шонси Наҳзатро дар интихобот чигуна пешбинӣ мекунед?
– Пас аз муваффақият дар тадвини Қонуни асосӣ ва тамаркузи ҳайати мустақил бар интихобот ва тавофуқ бар сари давлат, мардум пеш аз поёни сол ба истиқболи интихобот хоҳанд рафт ва ин як марҳалаи зарурӣ барои рақобати сиёсӣ ва пешниҳоди барномаҳост. Наҳзат бо омодагии аввалия аз бознигарии вазъияти дохилии худ оғоз карда, саҳнаи сиёсиву таъомул бо он ва таҳаррукоти ҷомеъаро ба таври комилу мустамир зери назар дорад. Наҳзат ҳизбест, ки ду вижагии аслӣ дорад: ҳизби бузург ва масъул. Шанси мо дар интихоботи пеши рӯ ба ҳамин ду вижагӣ вобастааст.
Ба ин хотир, бо ёрии Худованд талош хоҳем кард, ки ҳузури мо дар ниҳодҳои мунтахаб мутаносиб бо имконоту мувофиқ бо масъулиятамон дар эҷоди мудирияти иштирокӣ дар кишвар дар ин марҳалаи интиқолӣ бошад. Ин амр ба муқаррароти ҳукуматии густарда ва дарозмуддат ниёзманд аст.
– Таҷрибаи Тунис дар посдорӣ аз дастовардҳои инқилоб ва талош барои таҳаққуқи аҳдофи он дар иборати “имтиёзот” хулоса мешавад. Муҳимтарин имтиёзоте, ки Наҳзат додааст, чист? Фалсафаву пешзаминаи он чӣ буд ва оё ин танҳо як токтики сиёсист?
– Мо аз имтиёздиҳӣ эҳсоси пушаймонӣ намекунем, бахусус вақте медонем он чизеро, ки барояш имтиёз додаем, кишвари мост ва иллати ин кор ҳам барқарории суботу оромиш ва демократия мебошад. Дар бархе таърифҳо сиёсат ҳунари созгорӣ бо маҳдудиятҳо гуфта мешавад. Мо бар ин боварем, ки тамоми тарафҳои сиёсӣ дар Тунис ба мушкилоте мувоҷеҳанд, ки дар сиёсатгузориву ихтиёрдории он таъсиргузор будааст. Шояд муҳимтарин имтиёзе, ки Наҳзат ба ҳукумати муштарак вогузор кард, ақибнишинии ихтиёрдорӣ аз давлате бошад, ки бар асоси интихоботи озод ба даст оварда буд. Аммо ин ақибнишинӣ ҳам ба нафъи давлати эътилофӣ ва мустақил буд. Зоҳиран ин имтиёзи бузург агар бошад, вале дастовардҳое, ки дар пай дошт муҳимтар буданд.
Муқоисаи дастовардҳои Тунис бо ончи дар бархе кишварҳои дигар иттифоқ афтод, нишон медиҳад, ки имтиёзоти Наҳзат кишварро аз ошубу хушунат ва шояд гуруснагӣ ҳам муҳофизат кард. Гузаштҳои Наҳзат қатораҳои Тунисро бар руи релси демократия нигоҳ дошт. Ин дастоварди Наҳзат ва Тунис буданд, ки ба суди исломи сиёсӣ ва тамоми ҳомиёни озодӣ ва демократия рақам хурд. Фалсафаи ҳаракати мо бар таҳаққуқи оромишу субот устувор аст. Ҳамаи ин барои кишварро дар баргузории интихоботи озоду шаффофи парлумониву раёсатиҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дода тавонем, шароити иштироки ҳамагониро фароҳам созем, то ҳама ба натоиҷи он эҳтиром қоил шаванд.
Фалсафаи мо бар ин амр устувор аст ва таҳаққуқи ҳамаи ин маворид талаб мекунад, ки барои Тунис имтиёзотеро тақдим кунем, танҳо ба хотири ояндаи ватан, на ҳамчун токтик ё монёври сиёсӣ.
– Бархе бар ин боваранд, ки Қонуни асосии Тунис дар такя ба шариъати исломӣ, чи ба унвони манбаъи қонунгузор ва чи бо доро будани теъдоди бандҳои марбут ба занон, қадре озодиҳоро маҳдуд сохтааст. Дар ин бора чӣ назар доред?
– Танҳо касоне ба маҳдуд шудани Қонуни асосии Тунис муътақиданд, ки шариъатро баробар ба муҷозот ё бархе масоили мубоҳи марбут ба аҳволи шахсӣ медонанд. Бархеи дигар низ дар муқобил то ҳадде муболиға мекунанд, ки Қонуни асосиро секулористӣ қабул доранд ва дар ин росто ба насси Қонуни асосӣ ва талоше, ки аъзои Маҷлиси муассисон базл кардаанд, метозанд ва талошҳои нухбагони сиёсиву илмӣ ва маданиеро, ки дар тадвини Қонуни асосӣ нақш доштаанд, нодида мегиранд.
Муқаддима ва фасли аввалу дигар фаслҳо ба кишвари арабиву исломӣ будани Тунис аз лиҳози арзишҳо ва фарҳангу ақида таъкид шудааст, ки дар натиҷа манбаъе барои ҳар навъ қонунгузорӣ маҳсуб мешавад. Ин як масъалаи нав нест. Ислом дар мадорисе, ки бар асоси фиқҳ фаъолият мекунанд ба танаввуъ ва ихтилоф эҳтиром мегузорад ва қавонини Тунис ҳам бар ҳамин асос тадвин шудааст. Қонун дар тамоми ҷомеъаҳои мардумсолор барои нигаришҳои фарҳангӣ, арзишӣ ва манофеъи умумии он миллат зарурист. Аммо Қонуни асосии феълӣ барои як ҳизб нест, балки қонуни мардумиест, ки аз тариқи тавофуқи нухбагони асосӣ ва масоиле, ки зомини ҳамзистӣ дар кишвар мебошанд, тадвин шудааст. Кишваре, ки аз лиҳози таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ решадор буда, дарҳояшро бар руи дастовардҳои тамаддуни инсонӣ ва ҳуқуқи башар кушодааст. Мо яқин дорем, ки Ислом ба ҳеҷ ваҷҳ бо озодиву баробарӣ, адолату ҳамбастагӣ, мадорову меҳрубонӣ ва ҳифзи манофеъи мардум тазод надорад. Инҳо мақосиди асосиеанд, ки Ислом барои амалӣ сохтани онҳо омадааст ва Паёмбари ислом(с) барои ин амал таблиғ мекард.
– Дар мақолаҳои мухталиф таъкид кардаед, ки ҳеҷ роҳе ҷуз гуфтугӯ вуҷуд надорад. Чигуна тавонистед ин аслро дар баробари танишу даргириҳои мавҷуд, ки гоҳ то ҳадди террори ашхос пеш мерафт, ниҳодина намоед?
– Дар соли 2013 Тунис шоҳиди бархе аз нишонаҳои ифротгароии динӣ ва дунявӣ, нооромиҳои иҷтимоъӣ ва террорҳои сиёсӣ буд, ки густариши буҳронро дар кишвар ҳадаф қарор дода буданд, вале асли онро ба хотири сарнагун сохтани давлати қонунии Наҳзат равона намуданд.
Мардум 2 роҳ доштанд, яке нодида гирифтани буҳрони бо абъоди гуногуни иқтисодӣ- сиёсӣ ва иҷтимоӣ, дигаре эҷоди чорчӯби миллӣ барои гуфтугӯ, ки ба ҳама иҷоза бидиҳад, то дар тарсими хати маши ояндаи кишвар саҳим бошанд. Мо дар Наҳзат роҳи ҳалли дуввумро қабул доштем ва барои амалӣ шудани он ҳам талош варзидем. Дар ростои ин масъулият имтиёздиҳиро ҳам пазируфтем, агарчи бархеҳо онро душвор медонистанд. Аммо онро барои ваҳдат ва ба фароянди интиқолии муваффақона расидани Тунис ба интихобот, дар беҳтарин шароит ва сареътарин вақт дар фазои дур аз ташаннуҷ зарурӣ медонистем.
Ба ҳамин хотир, гуфтугӯ бо раҳбари “Нидои Тунис”-ро пазируфтем ва нақшаи роҳро бо вуҷуди он ки бахши густардае аз афкори умумии дохили Наҳзат ва хориҷ аз он сахт мухолиф буданд, имзо кардем. Ин кор бештарин таъсирро дар оғози гуфтугуи миллӣ ва ором кардани авзоъи кишвар бар ҷой гузошт ва қатораи Тунисро бори дигар бар релси демократия баргардонд.
– Аз сӯи бархе аз ҷараёнҳо бо таҳдиди ҷонӣ мувоҷеҳ шудед. Бардошти шахсии Шумо аз ин таҳдидот чӣ буд ва оё онро ҷиддӣ қабул доштед?
– Таҳдидҳо ҷиддӣ буданд ва боис шуд, ки дар баъзе маворид мақомоти амниятӣ иқдомоти эҳтиётиро низ руи даст бигиранд. Ҳеҷ чиз аз умри инсон кам намекунад, зеро аҷал ба дасти Худованд аст. Он чи қарор аст бар сари мо биёяд, бояд биёяд ва балое, ки аз мо рафъ шуд, бояд рафъ шавад. Баъзан таҳдидҳо буданд аз сӯи террористҳо, аммо омили аслӣ сардаргумии вазъи сиёсӣ ва шикасти раванди гуфтугӯе буд, ки Наҳзат дар он нақши асосӣ дошт.
– Саҳнаи умумии кишварҳои «баҳори арабӣ» ва шикасту фаъолиятҳои зидди инқилоб ва даргириҳои хунин, яъсу ноумедӣ аз “баҳори демократияхоҳӣ”-ро тақвият мекунад. Шумо инро чигуна арзёбӣ мекунед?
– Мо воқеъгаро будан мехоҳем. Соли 2011 кишварҳои арабӣ шоҳиди мавҷи густардае аз озодихоҳӣ ва талош барои дастёбӣ ба каромату демократия буданд. Агар пирӯзиҳои аввалия бисёр сареъ ба даст омаданд, дар айни ҳол ба шиддат такондиҳанда ҳам буданд. Низомҳои худкома яке паси дигаре сарнагун шуданд ва касе фикр намекард, ки кор ба ин осонӣ анҷом меёбад.
Нухбагони ҷадиде вориди арсаи сиёсат шуданд, ки солҳо мубориза бар зидди диктаториро дар корномаи худ доштанд ва ҷиҳатгирии аслии онҳо майл ба сӯи марҷаъияти исломӣ дошт. Бидуни шак қудрат ёфтани исломгароён аз тариқи демократия, аз ҷумла вазъияти мушобеҳи он дар таҳаввулоти Марокаш, душманони демократияро таҳрик дод, то ин таҷрибаро нокоромад ҷилва диҳанд ва чархиши ақрабаки соатро ба қафо баргардонанд.
Ноумедии бархе аз неруҳои дунявӣ аз расидан ба қудрат аз тариқи интихоботи озод боис шуд, ки ноамнӣ ва ҳараҷу мараҷро густариш диҳанд, то мардум аз озодӣ салби эътимод ва аз демократия ноумед шавад. Дар тамоми ҳаводисе, ки дар минтақаи мо рух медиҳад, муҳим он аст, ки «баҳори демократияхоҳӣ” сохтаи миллатҳост ва онҳо ҳеҷ гоҳ ноумед намешаванд, агарчӣ роҳ тӯлонист ва корро барояшон душворӣ ҳам биёрад.
– Таҷрибаи сиёсии Марокашро чигуна мебинед, ба вижа Ҳизби адолат ва тавсеъа, ки барои ду давраи паёпай давлатро раҳбарӣ кардааст?
– Таҷрибаи демократия дар Марокаш реша дар фарҳанг ва ниҳодҳои мавҷуд дар ин кишвар дорад. Таҷрибаи Ҳизби адолат ва тавсеъа дар роҳбарии давлати эътилофӣ бо марҷаиятҳои гуногуни исломӣ ва секулор тақрибан мушобеҳ, балки густардатар аз таҷрибаи эътилофи сегона дар Тунис аст. Таҷрибаи ин ҳизб, ки ду давра давлатро мудирият мекунад, нишон дод, ки мардуми Марокаш пазируфтанд, ки Ҳизби адолат ва тавсеъа ҳамчун як ҳизби миллӣ ҷараёнҳои сиёсиро бо ҳам ҷамъ карда метавонад ва бо онҳоро дар ҳукумат шарик медонад. Ҳамчунин ин амр нишон медиҳад, ки исломгароёни марокашӣ аз нигоҳи сиёсӣ кишварро раҳбарӣ карда метавонанд, бидуни ин ки касеро мунзавӣ кунанд ва ё ҳукуматро ба танҳоӣ дар қабзаи худ нигоҳ доранд. Онҳо қодиранд кишвар ва мардумро бар мадори пешрафту тавсеъа қарор бидиҳанд. Пурра возеҳ аст, ки вазъияти Марокаш онгуна, ки мо аз берун мекунем, бозгуи суботу таҳаввули демократӣ ва тавсеъаву ҳамзистӣ байни ҷараёнҳои гуногун ва мусолиҳа байни салтанату демократияи исломист.
– Ояндаи ваҳдат дар Марокашро бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти минтақа чигуна арзёбӣ мекунед?
– Марокаш минтақаи ҳамгунест ва ояндаи он ба суръат ҳаракат ба самти ваҳдати кишвар ва бо таваҷҷуҳ ба ваҳдати мардум бастагӣ дорад. Ин амр ба андозаи тавоноии кишвар дар гузаштан аз манофеъи зудгузар, дар ростои таҳаққуқи манофеъи муштарак ва сипарӣ кардани хатарҳо, монанди тавсеъа ва рифоҳи иҷтимоъӣ вобаста аст.
Мо роҳе ҷуз пушти сар гузоштани мушкилоту мавонеъ ва кушодани марзҳо ба рӯи шаҳрвандон, дастрасии осон ба колоҳо ва густариши бозорҳои муштараки марокашӣ пеши рӯ надорем. Терроризм, ҳараҷу мараҷ ва ҷурмҳои созмондиҳишуда ва фароминтақаӣ дар раъси хатарҳои муштараке қарор доранд, ки ниёз ба талошу барномаҳои муштарак барои рӯёрӯӣ бо онҳо дорад.
Таҳияи Равшани Хатлонӣ