С.Адолатов дар мурофиъаи судӣ бо гуноҳи таҳмилӣ

Суди ноҳияи Ванҷ мурофиъаи судии Саъодатшоҳ Адолатов, раиси шуъбаи ҲНИТ дар Бадахшонро баъд аз чаҳор моҳи боздошт аз сӯи мақомоти амниятӣ бо иттиҳоми «барангехтани бадбинии мазҳабӣ» дирӯз 21-уми июл оғоз кард.

Тавре аз ноҳияи Ванҷ хабар медиҳанд, дар назди бинои суд анбӯҳи зиёди мардум ҷамъ омаданд ва додгоҳ алакай беш чанд нафар «шоҳиде»-ро мавриди пурсиш қарор дода, ки тафтишот дар парвандаи ҷиноӣ аз онҳо ба ҳайси шоҳид истифода кардааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки суд ба кори худ то пагоҳ, 23-уми июл танафус эълон кардааст. Пайвандону ҳаводрони Саъодатшоҳ Адолатов аз суд тақозо доранд, ки бегуноҳ будани ӯро дар мурофиъаи судӣ расман эълон бидорад, чунки ҳамаи ҷурмҳои эълон шуда алайҳи Саъодатшоҳ бепоя ва таҳмилианд.
Мурофиъаи судӣ дар ҳоле баргузор мегардад, ки чанд рӯз қабл аз тариқи нашрияи ҳукумати вилоят, ҳамчунин дар “Ҷумҳурият” мақолаеро ба нашр расониданид, ки дар он фаъолияти ҳизбии бародар Саъодатшоҳ зери интиқод гирифта мешавад. Муаллиф ва чандсад нафари сохтаву бофтае, ки зери ин матлаб имзо гузоштаанд, С.Адолатовро дар таҳмили ақидаҳои асримиёнагӣ гунаҳкор донистаанд. Дар ҳоле ки бародар С.Адолатов ҷуз даъват ба ваҳдати мусалмонӣ нисбати касе кадом ҳарфи дигаре истифода накардааст.

More From Author

You May Also Like