Саъодатшоҳро ба 5 соли зиндон ҳукм карданд

Суд баъд аз зуҳри имрӯз, 30-уми июл Саъодатшоҳ Адолатов, раиси шуъбаи ҲНИТ дар ВМКБ-ро барои 5 сол аз озодӣ маҳрум донист.
Тавре аз ноҳияи Ванҷ иттилоъ расид, чунин як ҳукми сангин ва ноадолатонаро нисбати Саъодатшоҳ эълон доштанд, вале ин амр вокуши сареъ ва ҷиддии ширкатдорони мурофиъаи судиро дар пай ба миён оварда, ки ин ҳукм дур аз адолат аст ва мунсифона баррасӣ шудани қазияи боздошти Саъодатшоҳ аз ҷониби суд қобили қабул нест.
Қабл аз зуҳр прокурор С. Адолатовро бар асоси моддаи 189, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор шумурда, талаб кард, ки барои ӯ 8 соли зиндон таъин карда шавад, аммо суд гӯё ваҷҳҳои дигари парванда ва вазъияти оилавии Саъодатшоҳро ба инобат гирифта, раиси шуъбаи ҲНИТ дар ВМКБ-ро ба 5 соли зиндон ҳукм кард.
Дар ҳоле чунин як ҳукми ноодилона аз ҷониби суд эълон мегардад, ки натанҳо ба афкори сокинони Ванҷ, балки ба афкору вазъият вилояти Бадахшон бетаъсир нахоҳад буд.
Ҷои тазаккур аст, ки дар ин ду соли ахир мардуми Бадахшон шоҳиди иқдомҳои номатлуби мақомот ва таҳаввулотҳои сангине дар минтақа буданд ва ҲНИТ Сабзалӣ Муҳаммадазимов, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилоятро аз даст дод ва масъули ҳизб дар шаҳри Хоруғ феълан дар боздошгоҳи КДАМ қарор дорад. Яъне иқдомҳои норушан ва нигаронкунандаи мақомот дар ин вилоят анҷом наёфтаанд.

More From Author

You May Also Like