“Ва Мо ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ба забони қавми худаш, то (ҳақоиқро) барои онҳо баён намояд, пас Худованд ҳар киро бихоҳад, гумроҳ ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ шикастнопазири боҳикмат аст” (Сураи Иброҳим, ояти 4).
Дар ояҳои қаблӣ сухан дар бораи Қуръони карим мерафт ва зимнан ба таъсири ин китоб дар тарбияи инсон ишора мешуд. Ояти мавриди баҳс мавзӯи мазкурро идома дода, хабар медиҳад, ки Худованд ҳамаи паёмбаронро ба забони қавми худашон фиристодааст: “Ва мо ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ба забони қавми худаш”.
Аз ибтидои ҳаёти башар дар рӯи замин Худованд бо мақсади таълиму тарбия ва ҳидояти инсонҳо ба сӯи ҳақ ва боз кардани уфуқи диди онҳо барои ҳар қавму қабила дар маҳдудаи замон ва макони хосе паёмбар мефиристод ва мувофиқ ба шуурнокии ҳамон қавм ва сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии эшон аҳкоми шариат нозил мешуд ва ба таълиму тарбияи паёмбар он қабила аз тамоми ҷиҳат пешрафт ва рушд мекард. Зеро шариатҳои паёмбарони гузашта ҳар кадом дар замони худ ва барои ҳамон қавм комилан ҷавобгӯ буда, ба такомули тадриҷии ҷомеаи инсонӣ ва наздик шудани он ба ҳадди камолот мусоадат менамуданд. Бояд гуфт, ҳадаф аз фиристодани ҳамаи паёмбарон ҳамин мавзӯъ буд ва ин ҳадаф вақте ба таври матлуб таҳаққуқ меёбад, ки паёмбар аз миёни ҳамон қавм ва ба фарҳанги онҳо ошно бошад, ба забони онҳо ҳарф занад ва китобе, ки ба ӯ нозил мешавад, низ ба ҳамон забон бошад. Зеро ҳар қавму милатеро ба забони модарияшон даъват намудан ва ба фарҳанги хоси эшон эҳтимом гузоштан заминаи пазириши даъватро бештар муҳайё месозад: “то (ҳақоиқро) барои онҳо баён намояд”.
Чунончи ишора шуд, вазифаи як роҳбари осмонӣ ба забони барои мардум мафҳум расондани паёми Худо ва аҳкоми шариати илоҳӣ мебошад, вале ӯ баъди баён ва иқомаи ҳуҷҷат масъулияти пазируфтани даъватро ба душ надорад. Агарчи дилаш ба гунаҳгорон месӯзад, вале ин амр берун аз маҳдудаи масъулияти ӯ қарор дорад, чун пазириш ва адами он кори қалби инсон аст ва қалби инсонҳо дар ихтиёри паёмбар нест. Танҳо Худованд аз асрори қалбҳо огоҳӣ ва бар онҳо тасаллут дорад: “Пас Худованд ҳар киро бихоҳад, гумроҳ ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад”.
Бояд гуфт, Худованд инсонро дар иродааш комилан озод гузоштааст, дар зиндагӣ ҳар роҳеро бихоҳад, интихоб мекунад, вале роҳи интихобкардаи ӯ бидуни машияти Худованд, ки дорои назму низоми тағйирнопазир аст, таҳаққуқ намеёбад. Яъне ҳар инсони маҳруми дарку диди солим вақте майли по аз роҳи ҳақ берун ниҳодан ва залолат намояд ва дар манҷалоби шаҳавот афтода дар сар ҳаваси гуноҳу маъсият бипарварад ва бар асари он дар хатти муқобил бо ҳақ қарор гирад, партави нури ҳидояти Худо роҳи ӯро равшан намесозад. Вақте ба ихтиёр ва хости худ ин роҳро интихоб мекунад, Худованд барои ӯ монеъе намегузорад, ки ба ночор он роҳро тарк намояд ва ба роҳи рост равад. Ва ҳар инсони соҳиби диди солим, ки аз самими қалб ҳақро дӯст дорад ва майли ҳидоят намояд ва омодагии пазириши онро дошта бошад ва қадам дар роҳи рост гузорад, нури ҳидояти илоҳӣ қалби ӯро мунаввар месозад ва машияти Худованд дар ин роҳ ӯро комёб мегардонад, ба иҷбор ба залолат афганда намешавад. Хулоса, Худованд ҳаргиз озодии бандаро салб намуда, ба иҷбор ӯро ҳидоят ва ё маҷбуран ба сӯи гумроҳӣ намебарад.
Оят ба зикри ду сифати Худованд поён меёбад: “Ва Ӯ шикастнопазири боҳикмат аст”.
Яъне Худованд азизу шикастнопазир ва соҳиби қудрати беинтиҳо буда, ҳеҷ неруе имкони бар Ӯ ғалаба карданро надорад. Даъвати паёмбаронро напазируфтан ва ба гумроҳӣ рафтану исён варзидани қисмате аз мардум ҳаргиз бо қудрати Ӯ таъоло дар таъоруз буда наметавонад. Агар тамоми башарияти рӯи замин ба залолат биравад ва исён кунад, бар домани иззати Ӯ гарде наменишинад. Маънои боҳикмат будан он аст, ки машияти Ӯ ба чизҳои беҳуда тааллуқ намегирад, балки ҳама ҳисобишуда ва бар асоси низоми устувор мебошад, ки бесабаб касеро на ҳидоят мекунад ва на гумроҳ месозад.
Дар робита ба мизони пайванди рисолати муҳаммадӣ ба матлаби зикршуда дар ин оят метавон гуфт, рисолати Паёмбари гиромӣ (с) даъвати умумиҷаҳонӣ ва умумибашарист. Чунончи дар ояти 158 сураи Аъроф омадааст: “Бигӯ: “Эй мардум, ман фиристодаи Худо ба сӯи ҳамаи шумо ҳастам… ” Худованд ӯро аз қавми араб баргузида, бо китоб ва шариате, ки аз комилияти хос бархурдор ва то рӯзи қиёмат барои ҳамаи давру замонҳо ҷавобгӯ аст, ба сӯи тамоми миллатҳои ҷаҳон фиристод. Қуръон бар ӯ ба забони арабӣ нозил шуд ва насли равшанзамери миллати араб ин китобро ба унвони муъҷиза ва ҳуҷҷате, ки ҳаракати ҳаётро сару сурат дода, пеш мебарад, аз он истиқбол намуданд. Он ҳазрат (с) сараввал наслеро аз қавми худ дар партави нури ваҳйи илоҳӣ тарбия намуд, ки дар замони ҳаёташ дар канораш истода, даъвати илоҳиро ба кулли нимҷазираи Араб иблоғ намуданд ва баъди даргузашташ масъулияти даъвати тамоми мардуми оламро ба дӯш гирифтанд ва рисолати муҳаммадиро ба аксари гӯшаву канори олам расонданд. Паёмбари гиромӣ (с) худ бо ирсоли номаҳои даъватӣ ба чанд кишвари дуру наздики ҷаҳон мавзӯи даъвати миллатҳои дигарро заминагузорӣ карда буданд.
Зубайдуллоҳи Розиқ