Ҳанӯз қабл аз ғалабаи Ҳизби адолат ва рушд дар интихоботи парлумонии ахири соли 2014 баҳси тағйирот дар низоми давлатдории Туркиё ба вуҷуд омада буд ва гуфта мешуд, ки лидери ҳизби ҳоким бояд президент интихоб гардад. Ҳоло шоҳиди чунин як воқеъият ҳам қарор гирифтем, ки дар аввалин интихоботи умумимиллӣ баҳри дарёфти мақоми президентӣ аксари кулли мардуми Туркиё маҳз Раҷаб Таййиб Урдуғонро ба ин мақом сазовор донистанд.
Ҷаноби Урдуғон, 26 феврали соли 1954 дар маҳаллаи Қосимпошоҳи Истамбул ва дар оилае тавалуд ёфта, ки нозири обҳои канории Баҳри Сиёҳ будааст.
Тавре нашрияи «Миллият» менависад, Урдуғон дар яке аз мусоҳибаҳои худ иқрор карда, ки табори онҳо аз Адҷаристон (Гурҷистони имрӯза) буда, ба Ризо кӯч бастаанд ва ин ҷавони озодандеш соли 1965 мактаби ибтидоии «Пиёлапошоҳ» ва соли 1973 литсейи исломии имом-хатибон дар шаҳри Истамбулро хатм мекунад.
Соли 1976 дар 22-солагӣ дар ноҳияи зисти худ, Бойоғлӣ роҳбари бахши ҷавонони ҳизби наҷоти миллӣ мешавад ва каме баъдтар дар ҳамин сол шуъбаи ҷавонони ҳамин ҳизбро дар шаҳри Истамбул сарварӣ мекунад. Дар ҳамин давра, яъне дар соли 1978 тақдири хешро бо Омина Гулборон мепайвандад.
Ӯ то соли 1980 дар ташкилотҳои нақлиётии Истамбул фаъолият мекунад ва 12-уми сентябри ҳамин сол табаддулоти низомӣ ба вуқуъ мепайвандаду фаъолияти тамоми аҳзоби сиёсӣ манъ дошта мешавад. Баъд аз табаддулоти низомӣ Урдуғон дар яке аз секторҳои хусусӣ ба ҳайси менеджер фаъолияти хешро оғоз намуда, соли 1981 факултаи иктисод ва тиҷорати донишгоҳи Мармарро хатм мекунад.
Ба афкори сиёсии Урдуғон ходими намоёни исломӣ ва сиёсии Туркиё марҳум Наҷмиддини Арбакон таъсири ҷиддӣ мегузорад ва ӯ соли 1984 роҳбари шуъбаи ҳизби исломии «Рафоҳ» дар ноҳияи Бойоғлӣ интихоб мешавад, ки Наҷмиддин Арбакон раҳбари он буд ва як сол баъд ба роҳбарии шуъбаи истамбулӣ ва аъзои раёсати ҳизб шарафёб мегардад.
Урдуғон соли 1994, қабл аз ғалаба ба даст овардани Ҳизби «Рафоҳ» дар интихобот, мири шаҳри Истамбул интихоб мегардад ва баъди пирӯзии ин ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 1996, Наҷмиддини Арбакон сарвазири Туркиё интихоб мешавад, вале дар як табаддулоти низомии соли 1997 фаъолияти ин ҳизб манъ мегардад ва Урдуғонро ҳамчун мири шаҳри Истамбул барои 4 моҳ паси панҷараи маҳбас мебаранд.
Баъд аз озод шуданаш дар июли соли 2001 Урдуғон ҳизби нави Адолат ва рушдро таъсис медиҳад, ки дар интихоботи соли 2002 ғолибиятро ба даст меорад, вале бо баҳонаи доғи судӣ доштанаш ӯ сарвазир интихоб шуда наметавонад. Аммо баъд аз оғози амалиёт ба муқобили Ироқ элитаи низомии турк ва майлдошта ба ИМА барои тағйирот ворид кардан ба қонунҳо розӣ мешавад ва Урдуғон сарварии ҳукумати Туркиёро ба даст меорад, ки то авохири соли 2003 бо тавсияи ӯ Абдуллоҳ Гул онро раҳбарӣ мекард.
Раҷаб Таййиб Урдуғон дар форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос, ки соли 2009 баргузор гардид, ширкат намуда, амалкарди Исроилро дар Ғазза ба тозиёнаи танқид кашид, дар канори раҳбари вақти Исроил нишастанро гуноҳ донист ва ҳатто толорро ҳам тарк гуфт.
Дар моҳи июли ҳамин сол зимни ширкат дар нишасти сарони давлатҳои 8-гона дар Аквил ба шиддат Чинро барои саркӯб кардани гирдиҳамоии уйғурҳо дар шаҳри Урумчӣ маҳкум кард.
Ин марди мубориз ва адолатхоҳ ҳоло дар рақобат бо номзади ҳизби миллигарои Туркиё дар аввалин интихоботи умумимиллӣ бо дарёфти аксари овозҳои интимхобкунандагон президенти мунтахаби ин кишвар дониста мешавад.
Бубинед, Урдуғон тӯли беш аз се даврае, ки мақоми сарвазириро ба уҳда дошт, пайваста аз манофеъи Туркиё ва дар умум ҷаҳони ислом ҳимоят кардааст ва ӯро ҳама марди амал медонанд. Баъд аз чанд соати суҳбати ӯ, ки ҳамчун сарвазири Туркиё дар мавриди омодагии кишвараш ба табобати тамоми маҷруҳини Ғазза изҳор дошт, ҳавопаймоҳои туркӣ оғоз карданд ба интиқоли фаластиниҳои ниёзманди табобат ба Туркиё ва рӯзи душанбеи 11-уми август гурӯҳи аввалини маҷруҳонро ба ин кишвар расониданд. Аввалин нафароне, ки дар баробари ворид шудани маҷруҳин ба Туркиё ба истиқболашон баромаданд, вазирони сиҳати омма ва корҳои хориҷии ин кишвар будаанд. Маҷруҳонро дар ҳавопаймоҳое овардаанд, ки бо тамоми васила ва лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд, навиштааст дар саҳифаи худ нашрияи фаластинии«Шаҳоб».
Бале, Раҷаб Таййиб Урдуғон шаби гузаштаи 11 ба 12-уми август баъд аз тайиди ғолибияташ бо дарёфти 52%-и раъй дар интихоботи аввалини умумимиллӣ бо ширкати 40 миллион раъйдиҳанда, бо мардум суҳбат кард. Яъне дар аввалин интихоботи умумимиллӣ бар хилофи тамоми таблиғоти мухолифон, Раҷаб Таййиб Урдуғон, ки аз исломгароҳои ин кишвар намояндагӣ мекунад, дар даври аввали интихобот ба пирӯзӣ расид. Расонаҳои маъруфи ин кишвар хабари пирӯзии ӯро хеле ором ва бесару садо пайгирӣ карданд, чун аз ин раванд чандон хуш нестанд.
Аммо масъала ин аст, ки чаро дар чунин як интихоботи нав барои ҷомеъаи Туркиё маҳз Урдуғон пирӯз шуд? Магар мардуми ин кишвар бесаводу ақибмондаанд, ки дар чанд соли охир ба ҳизби исломгароҳо ва ахиран ба лидерони он раъй медиҳанд? Оё ҳамин Урдуғон набуд, ки ҷойгоҳи Исроилро дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ такон дод ва аз ҲАМОС-и ҷиҳодӣ пуштибонӣ кард?
Агар Ислом боиси ақибмондагии миллат дар афкори маҳдуди доираҳои алоҳидаи кишвари мо боқӣ монда бошад ҳам, мисли рӯз рӯшан аст, ки ҳиҷ ҳаракати сиёсии исломӣ қасд ба ақибмондагии миллати хешро надоранд. Агар чунин мебуд чигуна ҳизби исломгарои адолат ва тараққиёти Туркиё дар баробари густариши арзишҳои динии мардум иқтисоди ин кишварро низ ба авҷи худ мерасонид?
Дар воқеъ пирӯзии Урдуғон хати бутлонест бар рӯи назарияи он гурӯҳе, ки пайравони ҳаракатҳои исломиро аз қишри фақир ва бесаводи ҷомеъа медонанд. Аз тарафи дигар, даъвои бепояи он доираҳоеро низ исбот месозад, ки Исломро боиси ақибмондагӣ ва баргашт ба асрҳои миёна медонанд.
Вақте дар бораи арзишҳои исломӣ чизе навишта ё гуфта мешавад, интиқоди аслии мухолифини ин дини поку тавонманд ин аст, ки намунаи амалии арзишмеҳвариро касе дар таърихи муосир нахондаву надидааст. Аммо онҳо боре фикр накардаанд, ки дар ин чанд даҳсолаи ахир ба кадоме аз ҳаракатҳои исломӣ фурсати ба исбот расонидани коршоямии худро надодаанд. Тамоми мардум дар ҷаҳони ислом ва берун аз он ҳам, новобаста аз кадом ақида буданашон, медонанд, ки агар як интихоботи озод дар кишварҳои мусалмонӣ доир шавад, исломгароҳо ҳатман пирӯзанд. Эҳтимол ба ҳамин хотир, даъвогарони демократияву ҳуқуқи инсон дар муқобили иродаи миллатҳои мусалмон табаддулотҳои низомиро низ амали демократӣ эълон медоранд. Ин бархурди дугонаи элитаҳои ҳоким вазъиятро дар ҷаҳон бесуботтар месозад, ки амалкарди онҳо барои чанд рӯзи дигар дароз кардани умри ҳукуматҳосту бас.
Аз ҷониби дигар, муваффақияти Ҳизби адолат ва тараққиёти Туркиё ба ҳаракатҳои исломӣ низ паёмҳои равшану муҳиме дорад. Ба ин маъно, ки агар сатҳи огоҳии миллатҳо боло рафта, дониши сиёсии онҳо рушд пайдо намояд, гуфтору амали дурустро аз нодуруст ташхис карда метавонанд. Чуноне дар Туркиё барномаҳои мушаххаси тарҳрезишудаеро бар зидди исломгароҳо пиёда карданд, вале мардуми огоҳ ба он тавтеаҳо дода нашуданд, пас ин яке аз рисолатҳои аслии ҳаракату ҳизбҳои исломист, ки тавонмандие дар боло бурдани огоҳии мардум дошта бошад.
Хулоса, интихоботи Туркиё бори дигар исбот намуд, ки агар интихоботҳо озод бошанд, исломгароҳо пирузанд ва ин далели раднашавандаест дар пирӯзии Ихвонулмуслимин дар Миср, Наҳзати исломӣ дар Тунис, Ҳизби исломгарои адолат ва рушд дар Марокаш ва пирӯзии ҳамешагии ҲАМОС дар Фаластин.
Ҳамчунин исломгароҳои Туркиё исбот карданд, ки бо пайдо шудани фурсати муносиб онҳо шоистагии худро ба тарзи аҳсан нишон дода метавонанд. Аммо мутаассифона, имрӯз абарқудратҳо ва диктатору ифротгароҳои динӣ ва дунявӣ дар канори ҳам қарор гирифтаанд, то исломгароҳоро, бо ҳар василае ҳам бошад, саркӯб намоянд ва нагузоранд, ки як низоми озодро бо меҳварияти арзишҳои динӣ ва инсонӣ дар кишварҳои худ таҳаққуқ бахшанд. Зеро исломгароҳои арзишмеҳвар тавони онро доранд, ки аз нигоҳи назарӣ ва амалӣ намунаи беҳтаре аз низоми иҷтимоъиро ба мардум муаррифӣ намоянд.
Иқдоми башарие, ки ҳоло Урғугон ва исломгароҳои Туркиё рӯи даст гирифтанд ба тамоми сокинони маҷруҳи Ғазза кӯмаки тиббӣ расонидан аст ва ин ҳамон ҳарфест, ки дар пайи гуфта шуданаш аз ҷониби сарвари Туркиё мавриди амал қарор гирифт.
Ҷои тазаккур аст, ки Ҳаракати муқовимати ҲАМОС ҳам маҳз ба хотири берун бурдани захмиёни мулкӣ барои табобат ба оташбас бо Исроил розӣ шудааст. Вале талаби онҳо дар мавриди ду шарти умда, яке бекор кардани муҳосира ва дигаре бунёди бандари баҳрӣ ва майдони ҳавоии тахрибшуда боқист.
Исломгароҳои фаластинӣ ҳатто даст ба куштани яҳудии мулкӣ намезананд ва агар бо заҳри гулулаи онҳо 67 нафар яҳуди кушта шуда бошанд ҳам, 64 нафари он сарбозони исроилиянд.
«Наҷот»