Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон
Аксари кулли мардуми дунё пайдо шудани дини Исломро ба давраи аз ҷониби Худованд баргузида шудани ҳазрати Муҳаммад (с) ба паёмбарӣ нисбат медиҳанд. Агар чунин бошад, аз замони Одам(а) то ба ин давр мардум дар кадом дин буданд ва дини онҳо чӣ ном дошт. Оё масъалаи ҳарому ҳалол ва биҳишту дӯзах бо чӣ тарзе баён гардида буд? Худованд дар китоби охирини хеш, Қуръон танҳо як динро эътироф мекунад, ки ном Ислом аст. Агарчи аз китобҳои мисли Забуру Таврот ва Инҷил ном бигирад ҳам аз дини дигаре ном намебарад. «Ҳамоно дини мӯътабар назди Худо Ислом аст», (сураи «Оли Имрон»,19). «Ва ҳар кӣ талаб кунад ғайри ислом дини дигареро, пас ҳаргиз қабул карда нахоҳад шуд аз ӯ (ин динро, ки ғайри ислом аст) ва ӯ дар охират аз ҷумлаи зиёнкорон аст», (сураи «Оли Имрон», 85).
Ҳангоме ба оятҳои Қуръон назар мекунем, далелҳои зиёде пайдо мешаванд, ки вуҷуди Исломро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Мисол, аз замони паямбарии Исо(а), ки: «…гуфтанд, имон овардем ба Парвардгор ва гувоҳ бош, ай Исо бар ин ки мо мусалмонем», (сураи «Моида», 111).
Аз мисоли боло маълум мешавад, ки умматони ҳазрати Исо(а) (ҳаввориён) худро мусалмон мегуфтанд. Эътироф шудани Ислом дар замони дигар паямбаронро ҳам аз ҷониби умматони вақт мумкин аст. Гурӯҳе аз сеҳргарон баъд аз дидани мӯъҷизаи Мусо(а) дарҳол ба Ислом рӯй оварда, гуфтаанд: «…Парвадгоро, бирез (бар сари мо) сабру шикебоиро ва қабзи арвоҳи мо кун, дар ҳоле ки мусалмон бошем», (сураи «Аъроф», 126).
Ҳатто Фиръавн дар марҳалаи расидани маргаш хостааст, ки имон биёраду мусалмон шавад: «… вақте расид Фиръавнро машаққати ғарқ, гуфт: Бовар кардам, ки нест ҳеҷ маъбуде ҷуз Худое, ки ба Вай имон оварданд. Бани Исроил ва ман аз муъминонам (мусулмононам).
Гуфта шуд, акнун имон меорӣ?», (сураи «Юнус», 90).
Ё «…Ай Офарандаи осмонҳо ва замин, корсозу сарпарасти ман дар дунё ва охират Туӣ, мусалмон бимирон маро ва бирасон маро бо солиҳон», (сураи «Юсуф», 101).
Дар ҷои дигар: «Билқис гуфт: Худоё, ҳамоно ман зулм кардам ба ҷони худ (ба сабаби парастиши офтоб), Ислом овардам ҳамроҳи Сулаймон ба Худое, ки Парвардгори оламиён аст», (сураи «Намл», 44).
Худованд дар Қуръон оиди мусалмон будани Иброҳим(а) низ шаҳодат медиҳад: «Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насоро, лек буд дар дини ҳаниф мусалмон ва набуд аз мушрикон», (сураи, «Оли Имрон», 67).
Вақте ба Қуръон назар меандозем дар тамоми давраи фаъолияти паёмбарон калимаҳои Ислом, мӯъмин ва мусалмон истифода шудааст. Пас дар зери мафҳуми ин калимаҳо кадом Ислом дар назар аст?
Мардуми мо тибқи одат қабули ин мафҳумҳоро танҳо дар одамӣ мебинанд. Дар ҳоле ки тамоми махлуқот ба ҳар тарзе таслимшудаи Холиқи хешанд. Худованд пеш аз насли одам ҷин офариду гуфт: «Ва мақсад аз офариниши инсу ҷин, танҳо ибодати Мост», (сураи «Ва-зориёт», 56).
Ва ба онҳо низ шариату паямбарон фиристода фармуд: «Ай гурӯҳи ҷину инс! Оё наёмад ба шумо паямбарон аз ҷинси шумо, ки мехонданд бар шумо оятҳои Маро ва бим мекарданд шуморо аз мулоқоти ин рӯз (яъне қиёмат)…», (сураи «Анъом», 130).
Ҷинҳо низ мусалмону кофиранд, чунончи: «ҳамоно дар миёни мо (ҷинҳои) мусалмоншуда ва (ҷинҳои) гумроҳу гунаҳкор низ ҳастанд. Пас ҳар кӣ Ислом овард, мақсадашон ба роҳи рост буд», (сураи «Ҷин», 14).
Инчунин ҷинҳои кофир ба дӯзах партофта мешаванд, ки «…албатта, пур кунам дӯзахро аз ҷинҳои кофиру мардуми бедин ҳама якҷо», (сураи «Саҷда», 13).
Пас суоли матраҳ ин аст, ки ҳоли дигар махлуқҳо чӣ гуна будааст? Оё онҳо низ мисли инсу ҷин саркашӣ кардаанд? Ҳаргиз не! Онҳо таслим шудаву фармонбардор ва ҳамеша дар саҷда ва тасбеҳу тоъати Худоянд, лаҳзае фориғ нестанд: «Оё надидӣ (ай Муҳаммад), ки саҷда мекунанд Худоро онҳое, ки дар осмонҳо ва заминанд ва офтобу моҳу ситорагон ва кӯҳҳову дарахтон ва чаҳорпоён ва бисёре аз мардумон…», (сураи «Ҳаҷ», 18).
Агар онҳо низ хато кунанд аз ҷониби Парвардгори худ ҷазо дода мешаванд: «Ва ҳар кӣ бигӯяд аз малоик, ки ман худоям ба ҷуз Худои ягона, сазояш дӯзах аст, ҳамчунин сазо медиҳем золимонро», (сураи «Анбиё», 29).
Аз мисолҳои овардашуда бармеояд, ки тамоми махлуқот таслимшуда ва фармонбардори Холиқанд. Агар ин тавр ҳаст, чаро мо Исломро танҳо дар насли одамӣ мебинем?
Ба хотири каме ба мантиқи мафҳумҳое мисли дин, ислом ва шариъат сарфаҳм рафтан, хостем онҳоро шарҳ бидиҳем, аз ҷумла:
Дин – ҷузъе аз илми илоҳист ҳамчун оинномаву амрнома, ҳидоятбахши рафтору гуфтори ҳамида ва дар ниҳоят қонун ва раҳнамои зиндагӣ.
Ислом – таслим шудан, сулҳ кардан, қабул кардани шарту шароитҳои қувваи бузург, яъне таслими махлуқ бар Холиқи хеш.
Шариъат – он тағйиру иловаҳое, ки дар дин аз ҷониби Худованд дар замони ину он паёмбар ворид карда мешавад. Масалан, дар шариъати Мусо(а) ба зону зада, намоз мехонданд, шариъати Исо(а) намоз хонданро ба таври рост истодан талқин мекард. Аммо дар шариъати Муҳаммад(с) рукуъу суҷуд амр гардид ё аз қабл қибла тарафи Байтулмуқаддас буд. Худи Паёмбар (с) ба тарафи Байтулмуқаддас яку ним сол намоз хонд, вале баъд аз нозил шудани оят Макка қиблаи оламиён қарор гирифт.
Пас дини Худованд, ягона буда, Ислом ном дорад, ки ду ҷанбаи зиндагии инсонро комил кардааст, яке олами маънӣ, дигаре олами моддӣ.
Пайдо шудани Ислом дар олами маънӣ моҳияту хусусияти озалӣ дорад, зеро Ислом ҷузъе аз илми илоҳист.
Дар олами моддӣ Ислом аз замони пайдо шудани Одам(а) ошкор гардидааст. Чун Худованд хост, ки дар ин марҳала худро ошкор намояд, вале ба кӣ ва ба чӣ? Бояд махлуқе меофарид дорои фазлу заковат ва ҳусну ахлоқи ҳамида. Инро дар офариниши одам маъқул донисту гуфт: «Ва агар мехостем пайдо мекардем дар рӯи замин ба ҷои шумо фариштагонро халифа», (сураи «Зухруф», 60).
Аз байни махлуқот ихтиёр кард Одамро ва ӯро халифаи худ дар замин гуфт ва барояш асбоби зиндагиро нишон дод.
Худованд ҳангоме рӯҳи одамиро офарид, аз рӯҳаш аҳд гирифт, то дар рӯзи қиёмат худро бехабар надонад: «Ёд кун чун гирифт Парвардгор аз банӣ Одам, аз пушташон авлодҳояшонро ва гувоҳ гардонид ононро ба худашон ва гуфт Худованд: Оё нестам Парвардгори шумо? Гуфтанд (арвоҳҳо), Оре, ҳастӣ Ту Парвардгори мо (ва мураббии кулли шай ва розиқи кулли ҳай). Гувоҳ шудем ба ин шоҳид гирифтан барои эътироз аз он ки (мабодо) бигӯед рӯзи қиёмат, ки яқинан мо бехабар будем аз ин тавҳид», (сураи «Аъроф», 172)
Боз Худованд амр кард ба осмонҳову замин, ки: «…гуфт осмону заминро биёбед (мунқоди ҳукми ман шавед) ба хушӣ ё нохушӣ. Гуфтанд (яъне итоату амру фармони Ту намудем) ихтиёран», (сураи «Фуссилат», 11).
Албатта, дар аввали офариниш баъзе аз махлуқҳо дар шакли моддӣ буданд, аз ҷумла осмону замин, офтобу моҳ, ситорагон, олами наботот ва кӯҳҳову дарёҳо. Баъзеи дигари онҳо танҳо рӯҳашон офарида шуда буд. Зеро ҳастии онҳо барои охири ҳаёти дунё муқаррар шуда буд: ҷинҳо ва одамон.
Одамӣ охирин махлуқест, ки дар рӯи замин кору зиндагӣ мекунад. Агарчи охирин махлуқ дар рӯи замин бошад ҳам, ҳанӯз аз рӯзи аввали офариниш мусалмон аст ва ба ибораи дигар он рӯзро рӯзи мисоқ ё аҳд бастан бо Холиқ аст.
Пас маълум мегардад, ки на танҳо одамӣ, балки тамоми махлуқот дар аҳди исломанд ва аҳдбаста бо Холиқи якто. Ин аст он илму донише, ки Худованд барои банда ҳадя кардааст ва мо тибқи тавони худ онро барои он касоне, ки худро мусалмон медонанд, расонидем.
Мақсад насиҳат буд, ки инро Ислом ба мо таълим медиҳад ва бовар дорам, ки танҳо ин гуфтаҳо аз нуқта назари илм менигаред ва фикру ақида худро баён медоред.
Муҳаммадалӣ Ҳомидов,
сокини деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ