Туркиё: Нақши уламо дар бедории уммати исломӣ

Дар шаҳри Истамбули кишвари Туркиё маҷмаъи умумии Иттиҳоди уламои мусалмон давом дорад. Иштирокдорони ин ҷаласа ба якчанд гурӯҳҳои корӣ тақсимбандӣ шуда, масоили муҳими олами исломро зери унвони “Нақши уламо дар бедории уммати исломӣ ва хатарҳои ҳувият” баррасӣ мекунанд.
Унвонҳои гурӯҳҳои корӣ чунинанд:
– Нақши уламо дар пайдоиши фикри муътадили нав,
– Нигоҳдории ҳувияти исломӣ ва пуштибонӣ аз он;
– Ҳамкории нек бо ВАО;
– Миёнҷигарии уламо дар ҳалли муноқишаҳо;
– Танзими фатво ва рушди даъвати исломӣ;
– Бо истифода аз қонунҳои байналмилал дар хидмати мусалмонон гузоштани таълимоти шаръӣ;
Ҷои тазаккур аст, ки ин гирдиҳамоии уламои исломӣ баъд аз аввалин интихоботи президентии умумимиллӣ дар Туркиё доир мегардад, ки дар он Раҷаб Таййиб Урдуғон, раҳбари ҳизби исломгарои адолат ва рушди ин кишвар ғалаба ба даст овард.

More From Author

You May Also Like